Чанде қабл аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо медали “Хизмати шоиста” супорида шуд.

Боиси ифтихор ва фараҳмандии аҳли кормандони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аст, ки ректори донишгоҳ Давлатзода Сайфиддин Хайриддин бо медали “Хизмати шоиста” аз тарафи Пешвои миллат мушарраф шуд.
Ҳайати кормандони Раёсати донишгоҳ Давлатзода Сайфиддин Хайриддинро барои сарфароз гардидан бо мукофоти давлатӣ табрику таҳният гуфта, ба фаъолияти минбаъдаи касбиашон муваффақият таманно доранд.
Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ
Нет описания фото.