Сухани табрикотии ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав профессор Давлатзода Сайфиддин Хайриддин ба ифтихори оғози соли нави таҳсили 2021-2022

Шогирдону донишҷўён ва устодону омўзгорони муҳтарам!
Соли 2021 барои тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистони азизамон соли махсус маҳсуб меёбад, зеро айни замон сокинони саодатманди кишвари хуршедиамон барои истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти самарбор доранд. Хушбахтона, аҳли маориф дар ин самт пешсаф ва парчамафрози комёбиҳоянд. Мо ифтихорманд аз онем, ки ҳамасола оғози соли нави таҳсил ба давраи омодагиҳо ба муҳимтарин ҷашни миллат-Рўзи Истиқлолияти давалатӣ рост меояд ва ин шукўҳи нахустрўзҳои таҳсилро дучанд менамояд.
Дарвоқеъ, Истиқлолияти Ватан мояи ифтихору саодати ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Он ҳамчун сароғози эҳёи садоқату самимият дар замири ҳар як ҷавон, эҳтиром ба фарҳанг ва хоки поки аҷдодиро, ки амонат дар дасти онҳост, ба мерос мегузорад. Дар ин замина, ҷавонон бояд хуб дарк намоянд, ки Истиқлолият ҳамчун рукни устувори озодӣ, ҷавҳари асосии зиндагӣ дар тамоми давру замон буду ҳаст ва он ба ҳайси ҷузъи таркибии ҳастӣ ва ҳувияти миллӣ бояд боқӣ монад.
Дар диёри арҷманди мо соҳаи маориф мақоми меҳварӣ дорад ва эътибору таваҷҷуҳ ба он рўзафзун аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хирадмандонаи худ ба соҳаи маориф афзалият бахшида, пайваста таъкид мекунанд, ки «Маориф неруи тавонову пешбари кишвар аст ва имрўзу фардои мамлакатамон ба он алоқаи ногусастанию қавӣ дорад».
Дар заминаи дастуру ҳидоят ва дастгириву ғамхориҳои доимии Пешвои миллат дар кишвари мо соҳаи маориф пеш меравад ва рисолати шарафбори худро дар сатҳи баланд иҷро менамояд. Дар саросари кишвар бунёду ба таври замонавӣ муҷаҳҳазонидани таълимгоҳҳои нав авҷ гирифтааст ва чунонки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ иттилоъ доданд, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар мамлакат беш аз 1050 муассисаи таълимӣ бунёд мегардад.
Ҳамин буд, ки соҳаи маориф дар байни ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат соҳаи афзалиятнок эълон гардид. Ин чунин маънӣ дорад, ки давлат охирин имкониятҳои хешро ба инкишофу ривоҷи ҳамаҷонибаи таълиму тарбияи шаҳрвандони бомаърифату огоҳ, ватанпарасту инсонпарвар мебахшад. Фарзанди фарзонаи миллати мо, абармарди тавоно, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама, рў ба маърифати мардум, худогоҳии шаҳрвандон оварда, мактабро қасри нуру зиё, муаллимонро чароғи маърифат хонданд.
Имрўз ба истифода додани биноҳои таълимӣ, китобхонаҳои электронӣ, синфхонаҳои муҷҷаҳаз бо тамоми ашёҳои ҷавобгў ба стандартҳои ҷаҳонӣ, хобгоҳ барои истиқомати донишҷўён, идрорпулӣ, нашри китобҳои дарсӣ ва дигарҳо аз таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ба ин соҳа дарак медиҳанд.
Ҳамасола дар оғози соли нави таҳсил дар кишвари азизамон – Тоҷикистон «Рўзи дониш» таҷлил ва «Дарси сулҳ» баргузор мешавад, ки ин басо рамзиву нишотбахш аст, зеро ҳар як инсон маҳз бо шарофати донишу донишомўзӣ ба маънавияти комил мерасад ва дар ҷомеа ҷойгоҳи шоистаи худро пайдо мекунад. Аз ин ҷост, ки гузаштагони миллатамон пайваста ситоиши дониш кардаву онро сипари инсон раҳнамо ба сўи қуллаҳои мурод номидаанд.
Дар робита ба ин, Сарвари давлат моро вазифадор сохтанд, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат бикашем, ба сатҳу сифати таълим бештар диққат бидиҳем. Зимни ин раҳнамоии дуруст, ҳамчунин, иброз доштанд, ки «Мо бояд нишондиҳандаҳои таъмини сифатро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо стандартҳои ҷаҳонӣ наздик созем, ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро бо субъектҳои бозори меҳнат густариш бахшем, дараҷаи рушди низоми инноватсияи миллӣ ва нишон диҳандаҳои азхудкунии технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро беҳтар гардонем». Мусаллам аст, ки сифати омодасозии мутахассисон ба ин омилҳо вобастагӣ дорад.
Бо вуҷуди он, ки то ба имрўз аз ҷониби Ҳукумати кишвар масъалаҳои муҳиму аввалиндараҷаи зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳаллу фасл гардидаанд, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва дар низоми таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ ва фаъоли таълим, инчунин баланд бардоштани сатҳи касбии омўзгорон таваҷҷўҳи боз ҳам бештари масъулонро тақозо мекунад.
Аз таъкидҳои пайвастаи Роҳбари давлат маълум мегардад, ки омўзгор дар раванди таълиму тарбия баробари падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз менамоянд, нақши созгор дорад ва ҳамчун роҳбалади маънавӣ барои ба камол расонидани насли ояндасози ҷомеа шахси масъул мебошад.
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соли равон барои беҳтар намудани раванди таълим ва ба тартиб овардани синфхонаҳои таълимӣ, ободонии майдончаҳои донишгоҳ, кохи азими фарҳангӣ, сохтмони китобхонаи наву замонавӣ ва ғайра корҳои зиёде ба сомон расонида шуд. Раёсати донишгоҳ шароитеро барои устодон ва шогирдон муҳайё намуда истодааст, ки онҳо тавонанд бо дастовардҳои илмию фановарии донишмандони ватанию хориҷӣ дастрасӣ дошта бошанд.
Имрўз барои омўзгорон дигар монеае нест, ки аз имкониятҳои худ истифода набаранд. Инро устодони мо хуб дарк карда, ҳамеша кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳамқадами ҷомеа бошанд ва дар рушди фарҳанги миллӣ нақши сазовор дошта бошанд.
Мо, омўзгорон бояд иқдомҳои некбинонаи давлату Ҳукуматро мантиқан дарк намуда, баҳри амалӣ гаштани онҳо саъю талош варзем, шогирдонеро ба камол расонем, ки созандагони ояндаи ҷомеа бошанду дар гулгулшукуфонии кишвар ва ҳимояи марзу буми он доимо тайёр бошанд.
Устодону омўзгорони муҳтарам!
Авзои ҷаҳони муосир имрўз ба ҳамаи шумо маълум аст. Рақобатҳои шадиди геосиёсиву иқтисодӣ, мухолифатҳои мазҳабӣ ва кўшишҳои кишварҳои абарқудрат барои таҳти назорат гирифтани минтақаҳои алоҳида аз ҳар як фарди ватандўсту худогоҳ тақозо менамояд, ки ҷиҳати мустаҳкаму поянда нигоҳ доштани нишонаҳои асосии давлатдории миллӣ, яъне истиқлолу озодӣ, ваҳдату ягонагии миллат, якпорчагии давлат ва арзишҳои таърихиву фарҳангии халқи худ ҳамеша саъю талош варзад ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода бошад.
Мо, хусусан, бояд ба масъалаи таълиму тарбияи шогирдон эътибори ҷиддӣ диҳем ва онҳоро тавре ба камол расонем, ки боиси ифтихори падару модарони хеш гарданд, эҳтироми калонсолонро ба ҷо оранд, соҳибихтисос шаванд ва ба Ватани аҷдодии хеш содиқона хизмат намоянд.
Агар мо имрўз, яъне дар марҳалаи коҳиш ёфтани арзишҳои ахлоқӣ ба масъалаҳои таълиму тарбия таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир накунем, фардо дер мешавад ва чунин муносибат нисбат ба сарнавишти насли наврас дар оянда боиси мушкилоти ҳам оилавӣ ва ҳам ҷомеа мегардад.
Бинобар ин, омўзгоронро зарур аст, ки шогирдонро дар руҳияи шукргузорӣ аз давлатдории миллӣ, фазои орому осудаи кишвар ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ тарбия намоянд. Ба шогирдон, яъне ҷавонону наврасон фаҳмонанд, ки пойбанди фарҳангу ғояҳои бегона нагарданд, ба созмону гурўҳҳои ифротиву тундгаро пайваста, ҳаёти хешро зери хатар нагузоранд, оилаву наздиконашонро шармсор насозанд ва ба номи неки давлату миллат иснод наоранд.
Вазифаи мо аст, ки бо дониши хуб, рафтору одоби намунавӣ, суханронии шевову равони тоҷикӣ дар баланд бардоштани обрўю эътибори давлату миллати хеш саҳм гирем. Ҳар як фарди дилсўзи ҷомеа, аз ҷумла омўзгорон бояд дар иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббус нишон дода, баҳри татбиқи амалии онҳо кору фаъолияти самарабахш нишон диҳанд.
Итминони комил дорем, ки ҳайати профессорону устодон ва кормандони донишгоҳамон таҳти роҳнамоӣ ва ғамхориҳои Пешвои миллат минбаъд барои боз ҳам ободу зебо гардидани Тоҷикистони азиз, таълиму тарбияи насли ҷавон, баланд бардоштани савияи дониши онҳо ва дар амал татбиқ гардидани ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми кишвар саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
Фарорасии соли нави таҳсил ва Рўзи донишро ба ҳамаи Шумо омўзгорону донишҷўён ва кулли алоқамандони соҳаи маориф самимона табрик намуда, таманнои онро дорем, ки Тоҷикистони азизу биҳиштосои мо ҳамеша ободу гулафшон ва дар оғўши Сулҳу Ваҳдат бимонаду Истиқлолияти давлатӣ пойдор бошад ва таваҷҷуҳи сокинонаш ба маърифату дониш ҳарчӣ бештар гардад.
Соли нави таҳсил муборак!
Возможно, это изображение (1 человек и сидит)