Омӯзор дар муассисаи таълимӣ дорои масъулияти бузург аст. Ӯ дар тарбияи ахлоқии хонандагон ва баланд гардидани сатҳи донишазхудкунии онҳо вобаста ба талаби замон нақши босазо мегузорад.

Омӯзгор бояд на танҳо педагог, балки ҳамчун равоншинос вазъи рӯҳию равонии ҳар як хонандаро омӯхта, сабабу омилҳои ба ину он ҳолат дучор гардидани шогирдонро ошкор ва мушаххас намояд. Ин амал махсусан дар синфҳои ибтидоӣ муҳим буда, аз омӯзгор тақозо мекунад, ки ҳар лаҳзаю соат аз рафтору кирдор ва муносибати ҳамдигарии шогирдон иттилоъ
дошта бошад.
Дар ин масъала робитаи роҳбари синф бо муаллимон ва падару модари хонандагон бояд зичу қавӣ бошад. Маълум аст, ки ҳар як хонанда дорои хислату рафтори кирдори хоси худ буда, то чӣ андоза бо амалҳои мусбат ё манфӣ даст задани ӯ аз муҳити хонаводагӣ вобастагии зич дорад. Дуруст аст, ки аз қавли мардумӣ, «Панҷ панҷа баробар намешавад» ва дар байни хонандагони синф хоҳу нохоҳ писару духтараконе вомехӯранд, ки бо хислатҳои камгапию дамдӯздӣ, инҷиқию дуруштӣ аз ҳамсинфон худро дар канора гирифта, ба дарсҳо бе тайёрӣ омадан ва ғайра фарқ мекунанд.
Инчунин бачагони мағруру ҳавобаланд, ки худро бузург шумурда, ҳеҷ хонандаро писанд намекунанд ба назар мерасанд. Вазифаи аввалиндараҷаи омӯзгор он аст, ки дар маҷлисҳои синфӣ бо таҳлилу баррасии ҳикоятҳои пандомӯз аз эҷодиёти адибони классики форсу тоҷик ва адабиёти муосир пеши роҳи хислату афъоли ношоистаи номақбули хонандагони алоҳидаро бигирад. Омӯзгори синфҳои поёнӣ ҳамчунин бояд бо шогирдони дорои кирдорҳои нохушоянд сӯҳбатҳои алоҳида анҷом дода, онҳоро ба роҳи дуруст ҳидоят намояд. Ба ҷуз ин ҳама омӯзгор бояд ба волидони онҳо вохӯрда, дар хусуси рафторҳои нописанди фарзандонашон иттиллоъ дода, саъю талош намояд, ки бо қувваи дастаҷамъона аз ин рафтору кирдорҳои хонандагон ҷилавгирӣ созад.
Албатта, ин кори саҳлу оддӣ набуда, аз омӯзгор заҳмату дилсӯзӣ ва талоши ҳамвораро талаб мекунад. Дар умум бояд, ки омӯзгор аз тамоми сабку шеваҳои тарбиявӣ истифода карда, нагузорад, ки дар синфе, ки ӯ роҳбар аст, муҳити носозгор ба вуҷуд ояд.
Р. ДАВЛАТОВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоӣ
дар литсейи назди ДДБ ба
номи Носири Хусрав
Возможно, это изображение (2 человека, люди стоят, люди сидят и в помещении)
16
Комментарии: 3
Нравится

 

Комментировать