Забони тоҷикӣ забони бою қадимӣ буда, таърихи беш аз ҳазорсолаҳоро доро мебошад. Ин забон дар арсаи байналмилалӣ соҳиби обрӯю эътибори хос буда, бо ин забони зебою ширин асарҳои оламшумули зиёде офарида шудаанд. Аз ҷумла, «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ, «Гулистон»-и Шайх Саъдӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ ва даҳҳо китоби нодирро мисол овардан мумкин аст.

Мо наслҳои имрӯза забони тоҷикиро аз соҳибзабонони худ мерос дониста, омӯзиш ва нигоҳ доштани онҳоро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи хеш медонем. Масъалаи ҳифзи забони давлатӣ хеле нозуку ҳассос буда, ба раванди инкишофи ҷомеа алоқамандии сахт дорад.
Истифодаи забон дар тамоми қишрҳои ҷомеаи мо мавқеи махсус дорад. Агар забон дар ҷомеа мақоми худро наёбад, он ба забони хонаводагӣ табдил меёбад, аммо ин маънои аз байн рафтани забонро надорад. Аз ҷониби дигар, дар ҷомеаи мо сиёсати давлат дар самти забон оқилона ба роҳ монда шудааст. Аз ҳама муҳим, таваҷҷуҳ ва алоқамандии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба забон мебошад. Аз ин рӯ, бо дили пур метавон гуфт, ки забони давлатӣ ва дигар забонҳо дар ҷомеаи мо пуштибону ғамхори худро доранд.
Масъалае, ки ба рушди ҷомеа иртибот дорад, ин тарзи дурусти истифодаи воҳидҳои асосии забон мебошад. Таблиғгарони асосии забон дар ҷомеа ВАО мебошанд. ВАО чун оинаи забон аст, ки акси онро омма мебинад ва чи гунае ки пешниҳод гардад, ҳамон тавр онро қабул мекунанд. Ҳатто назар ба ҳазорон китобҳои илмию бадеие, ки муҳаққиқону адибон таълиф менамоянд, барои омма забони ВАО дастрастар аст.
Ҷиҳати дигари ҳифзи асолати забон ин муҳити хонаводагӣ мебошад. Ин масъала дар сафи пеш қарор дошта, ба раванди таназзули он ҳамеша монеа эҷод карда метавонад. Дар ҳолати беэътиноӣ ва беаҳамиятии сутунҳои асосии хонавода – падару модар забон коста мегардад, асолати худро гум мекунад ва ҳатто аз истифода мебарояд. Бо кадом забоне, ки дар хонавода бо кӯдакон гап зананд, мақоми ҳамон забон дар хонавода устувор гашта, забони аслии кӯдак маҳсуб меёбад. Агар он забони ғайр бошад, дар кӯдаке, ки насли ояндаи миллат аст, бедор намудани ҳувияти миллӣ хеле душвор мегардад.
Нигаҳдору муҳофизи асосии забон насли хурдсол мебошад, то замоне, ки насли хурдсоли мо бо забони тоҷикӣ сухан гӯяд, забон зиндаю ҷовид мемонад. Пӯшида нест, ки имрӯзҳо баъзе ҷавонони гумроҳгаштаю камсаводи мо ба қадри забон, миллат, ватани осудаву ободи худ намерасанд. Бо истифода аз ҳар гуна калимаву вожаҳои бегона ба забон ва фарҳанги миллӣ иснод меоранд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ҷиҳати поку беолоиш нигоҳ доштани забони модарии худ бетараф набошем ва ҳамеша пайи ислоҳи он камар бандем.
«Фурӯғ»
Возможно, это изображение (книга)