Ба ҳамагон маълум аст, ки яке аз минбарҳои муҳими тарғиботӣ дар баробари воситаҳои ахбори омма, садову симо, рӯзномаву маҷаллаҳо, марказҳои иттилоотӣ – муассисаҳои фарҳангӣ, хусусан китобхонаҳо шинохта шудаанд. Китоб машъали фурӯзонест, ки ҷодаҳои зиндагии моро мунаввар ва ҳамагонро ба роҳи рост ҳидоят намуда, баҳри рушди ояндаи мақсаднок замина мегузорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сутуни илмҳои дунёро китоб номида, дар бораи баланд бардоштани мавқеи китобхонаҳо борҳо изҳори назар кардааст. Пеш аз ҳама мо агар ба тасмимҳои Ҳукумати кишвар назар афканем, пас дармеёбем, ки дар баробари қабули стратегияи наву дигар нақша – чорабиниҳо дар ин раванд, ҳамзамон сол аз сол ҷалби ҷавонон ба китобу китобхонӣ зиёд шуда истодааст. Махсусан озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки бо амри Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шудааст ва он ҳамасола завқи ҳазорҳо ҷавонро дар ин самт бедор менамояд, далели гуфтаҳои болост.
Ба тадбирҳои андешидашудаи Ҳукумати мамлакат нигоҳ накарда, боз ҷавононе ёфт мешаванд, ки ба доми гурӯҳҳои ифротӣ меафтанд. Ба андешаи коршиносон яке аз роҳҳои муҳиме, ки ҷавононро ба доми гурӯҳҳои ифротӣ афтодан намегузорад, ин доштани дониши диниву дунявии мукаммал ва рушди тафаккури интиқодӣ аст. Вале китобу китобхонӣ то кадом андоза метавонад ҷавононро аз ин роҳ боздорад ва нагузорад, то онҳо ба доми ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо афтанд кадом аст? Декани факултети забон ва адабиёти тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав Меҳрубон Назаров дар ин бора чунин мегӯяд:
– Агар китобхонӣ хусусияти оммавӣ касб намояд ва миқдори омӯзиш боиси ба вуҷуд омадани тағйироти сифатӣ, яъне тағйирот дар огоҳии инсонҳо гардад, он метавонад пеши роҳи ҳама гуна ифротгароиро гирад. Зимни мутолиа бояд бо миқдор худро фирефта насохт, агар адабиёт ҳадафмандона интихоб нагардад, омӯзиши бисёр наметавонад, натиҷаи самарабахше дошта бошад. Ҳамчунин бояд дар назар дошт, ки ягона омили таъсиргузор ба зеҳнҳо ин амали китобхонӣ маҳсуб намеёбад. Масалан, агар шиддатнокии китобхонӣ дар зеҳни инсонҳо нисбат ба шиддатнокии таъсири технологияи пешрафта ва бахусус таъсири Интернет ва шабакаҳои гуногун қавитар бошад, дар ин ҳолат он метавонад, бо ҳар амали зиёновар зиддият варзад, аммо агар шиддатнокии китобхонӣ заиф бошад ва ин иқдом дар новобастагӣ аз чорабиниҳо инкишоф наёбад, он ба як амали намоишкорона табдил меёбад.
Пайдост, ки барои мутолиаи китоб ба ҷавонон имкониятҳои зиёде фароҳам омадааст, ки метавонанд дар ҷойи дилхоҳ онро мутолиа кунанд ва раванди техникаву технология чунон пеш рафтааст, ки метавонанд онро аз интернет ба зудӣ боргирӣ ва мутолиа намоянд. Вале ин ҷо ба чизи дигар низ бояд таваҷҷуҳ намуд, ки чӣ гуна китобҳоро мутолиа намоем? Бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки дар мавриди хондани китоб пеш аз ҳама бояд донист, ки кадом китобро мутолиа менамоем ва муаллифаш кӣ асту бо ин китобаш ба ҷомеа чӣ паём додан мехоҳад.
Номзади илмҳои сиёсатшиносӣ Саидзода Диловар мегӯяд, пеш аз ҳама бояд муайян намуд, ки кадом китобро мехонем, чунки ҳастанд китобҳое, ки баръакс ҷавононро ба доми ифротиҳо гирифтор мекунанд.
Ба гуфтаи ӯ, аз як тараф агар ҷавонон китобҳои шоирон ва нависандагони классики форсу тоҷикро мутолиа намоянд, ифротгаро намешаванд. Вале аз тарафи дигар, бояд гуфт, ки ин навиштаҳо барои ҷавонон нофаҳмо ва ё мушкилфаҳм низ ҳаст. Барои онҳо шарҳ лозим аст. Масалан, баъзе мисраъҳои классикони моро ҳатто калонсолон дарк карда наметавонанд. Барои ин як шарҳи калони илмӣ – оммавӣ лозим аст.
– Ҳамаи чиз аз мактаб оғоз меёбад. Тарбия, таълим бояд дар мактаб дуруст ба роҳ монда шавад, то дар оянда ҷавонон роҳи дурусти худро интихоб кунанд. Бештари чизҳо аз интихоб вобастагӣ дорад, ки кадом китобро мехонед, дар кадом муҳит ба воя мерасед, ё дар кадом мактаб зери дасти кадом муаллимон тарбияву таълим мегиред. Ин дар оянда барои инсони комил шудан таъсиргузор аст, – мегӯяд Д. Саидзода.
Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки ҷавононро лозим аст пеш аз ҳама, дар андӯхтани илму дониш қувваи худро сарф намоянд ва хусусан дар истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, то ин ки аз мағзшӯии ҳар гуна афрод худро эмин нигаҳ доранд. Дар ин баробар мутолиаи зиёди китобҳои адибони барҷаста онҳоро ба ояндаи неку дурахшон раҳнамун месозад.
Шаҳноза АСОЕВА,
«Фурӯғ»
Возможно, это изображение (книга)