Ба соҳаи маориф ва аҳли он таваҷҷуҳ зоҳир кардани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси ифтихор ва шукргузорист. Иштирок ва суханронии ҳамасолаи ӯ дар Рӯзи дониш боиси рӯҳбаландии бештари аҳли маорифи кишвар гардидааст. Ин аст, ки омӯзгор рӯз то рӯз дар ҷомеаи мо мақоми болову волоро соҳиб мешавад.

Агар мо ба саҳифаҳои таърих назар афканем, эҳтироми азалии мардумро ба омӯзгор, ба олимону донишмандон, шоиру нависандагони бузурги худ баръало эҳсос карда метавонем. Ин чунин маъно дорад, ки мардуми фарҳангдӯсти мо табиатан ба ҳар фарде, ки ба дониш ва илму адаб сару кор дорад, арҷ мегузорад, эҳтиромашро нисбат ба ҳамаи қишрҳои ҷомеа бештар ба ҷо меорад ва дар симои ӯ маслиҳатгару раҳнамои худро мебинад.
Дар шароити имрӯза баланд бардоштани сифати дониш, самараи дарс ва умуман ташаккули одами нав (мутахассиси ҳақиқӣ) ба души омӯзгорон гузошта шудааст. Омӯзгор баҳри иҷрои ин мақсади наҷиб дар сари ҳар як дарс фикру андешаи зиёде ронда, роҳу усулҳои самарабахши онро ҷустуҷӯ менамояд, мекушад, ки дарсҳояш самаранок гузаранду натиҷаи дилхоҳ диҳанд. Барҳақ Лев Толстой фармуда: «Омӯзгорӣ ҳунарест, оливу наҷиб. Вале на он кас омӯзгор аст, ки тарбия ва маълумоти муаллимӣ мегирад, балки он кас аст, ки ботинан эътиқод дорад, ки муаллим аст, бояд бошад ва дигар хел буда наметавонад. Ин эътиқод аҳёнан вомехӯрад ва фақат бо қурбониҳое исбот мешавад, ки кас бо ҳунари худ мекунад».
Омӯзгор танҳо бо донишу маърифати баланд ва фарҳанги худ метавонад намунаи ибрати шогирдону волидони онҳо, аҳли ҷомеа гардад. Аз ин рӯ, омӯзгоронро лозим аст, ки дар доираи китобу барномаҳои таълимӣ маҳдуд набошанд, ҳамқадами замон пеш раванд.
Донишу маърифати баландро доро бошанд, пайваста китоб хонанд, маҷаллаю рӯзномаҳоро мутолиа намоянд. Набояд фаромӯш кард, ки ташкили дарси хуб аз пур дидану бештар мутолиа кардани адабиёти илмию методӣ ва педагогӣ ба даст меояд. Барҳақ Низомии Ганҷавии бузургвор гуфтааст:
То илм наёмӯзӣ, некӣ натавон кард,
Бе сим наояд дираму бе зар динор.
Омӯзгор шогирдонро тарбия карда, худ низ тарбия меёбад, шогирдонро таълим дода, худ низ таълим мегирад. Аммо тавре ки гуфтем, ба ин кор фақат омӯзгоре қодир аст, ки соҳибмаданият бошад.
Нишонаи асосии маданияти омӯзгор ин аст, ки вай то чӣ андоза мустақилона ба адабиёти бадеӣ ва илмию методӣ ошноӣ варзидаю дониш афрӯхтааст.
Дар арафаи соли нави таҳсили 2021-2022 ба ҳамаи омӯзгорон маърифати воло ва саломативу саодатмандӣ таманно дорем.
Хуҷабӣ КАРИМОВА,
номзади илмҳои
педагогӣ
Возможно, это изображение (10 человек, ребенок, люди сидят, люди стоят и в помещении)