Агар ба гузаштаи таърихи халқ назар андозем, воқеаҳои фоҷеабори аввали солҳои 90-уми ҷумҳурӣ ҳамчун саҳифаҳои фаромӯшнашаванда ва талх пеши назар меоянд. Хушбахтона, бо шарофати ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ сарнавишти миллати тоҷик дигаргун гардид.

Маҳз Ваҳдати миллӣ ба кишвари мо созандагию бунёдкориро фароҳам сохт. Ваҳдат иборае гашт, ки вирди забони мардуми дар ҳасратбуда, қарор гирифт. Бо шукргузорӣ имрӯз сулҳу ваҳдат дар кишварамон пойдор асту он ба монанди ширинтарин калом дар забону сухан васф мегардад. Ба ин маънӣ калимаи «Ваҳдат» дар китоби «Мунтахаб-ул-луғот» ба маънои «ягона шудан, танҳо шудан ва яке шудан» омадааст. Агар мо мафҳуми «Ваҳдат»-ро ба халқ, миллат ва умуман инсон нисбат диҳем, пас, ягонагӣ, муттаҳидӣ, сарҷамъии халқу миллат ва инсонҳоро дар бар м егирад.
Ваҳдати миллӣ барои мардуми мо ба осонӣ даст наомадааст. Бо марҳамати Худованд, саъю кӯшиш, қурбониҳои зиёди фарзандони баору номус ва барӯманди халқ, ҷонбозиҳои бемислу монанди фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз мардуми тоҷик аз нав соҳиби давлати аҷдодии хеш гардиданд.
Барои расидан ба сулҳи сартосарӣ Президенти мамлакат амалҳоеро анҷом дод, ки онҳоро бо як калима «ҷасорат» метавон номид. Ҷасорати сарварӣ ва хиради азалӣ ба Эмомалӣ Раҳмон даст дод, ки ҳатто «оташро дар найистон хомӯш кунад».
Айни замон вазифаи ҳар яки мо омӯзгорон, волидон ва шаҳрвандон аст, ки насли наврасу ҷавонро дар тарбияи дурусти зиндагӣ ба камол расонему дар роҳи шинохти асолати миллӣ ва қадр намудани ваҳдати сартосарӣ равона гардонем. Мо бо азму талоши хеш имрӯзу ояндаи кишварро дар пайравӣ аз Пешвои миллат дида, кӯшиши онро дорем, ки вазифаи фарзандии ин Ватану ин миллатро ба ҷо орем.
Ашӯралӣ ХАЙРЗОДА,
сардори раёсати таҳсилот
Возможно, это изображение (текст «BaxAaTи AMaATA mилли»)