Пирӯзии ҳар халқу миллат маҳз аз ваҳдат, оромию осудагии кишвари он вобастагӣ дорад. Халқи тоҷик аз ҷумлаи халқҳое мебошад, ки аз қадим барои сулҳу ваҳдат талошҳои зиёд намуда, дар натиҷаи амалҳои дурандешона онро соҳиб гардид.

Пас, ҳамин ваҳдат аст, ки моро барои расидан ба мақсаду орзуҳои дар пешгузоштаамон сабабгор гардид. Ваҳдат аст, ки инсониятро бо ҳам мепайвандад, то дар ҳалли мушкилиҳои ҳаёт якҷоя камари ҳиммат бибанданд. Вале ба даст овардани ваҳдат кори саҳл нест. Барои ин ақли солим, донишу истеъдод ва ҷидду ҷаҳди ҷасурона лозим аст, ки дурри мақсуд, яъне дӯстиву рафоқат ягонагиву ҳамфикрӣ ба даст ояд. Ба даст овардани сулҳу салоҳ баъди воқеаҳои нангини Тоҷикистони азизамон яке аз дастовардҳои бузургтарини миллати тоҷик дар қарни ХХ ба шумор меравад.
Миллати шарафманди тоҷик баъди нобасомониҳои ҷанги таҳмилӣ дар зарфи начандон зиёд тавонист худро ҳамчун миллати фарҳангӣ ва бунёдкор нишон диҳад. Азбаски дар анъанаҳои фарҳангии миллати тоҷик формулаҳои панду ахлоқии тавсияшаванда барои пешгирии муноқишаҳо ва хархаша баҳри сулҳу салоҳ маълуму машҳур буданд, муҳаққиқон дар ин замина фикрҳои ҷолибро пешниҳод намудаанд.
Гузашта аз ин, анъанаҳои гузаштаи марбут ба ҷустуҷӯи роҳҳои ваҳдату якдилӣ дар шуури тоҷикон то андозае тағйир дода шудаанд ва бо ҳамин ба ҳалли мусолиҳаомези вазъияти низоӣ мусоидат намуданд.
Гуфтан ҷоиз аст, ки дар раванди ба даст овардани Ваҳдати миллӣ нақши худи миллати тоҷик ва Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург аст. Дарк кардани хавфу хатар ва таҳдидҳои гуногуни муосир ба манфиатҳои ҳаётан муҳимми миллӣ, албатта, ба ҳар як миллату халқиятҳо муяссар намегардад. Зеро барои фаҳмишу дарки арзишҳои миллӣ корҳои ҷиддии илмию фарҳангӣ лозим меояд. Миллати мо, дар ин бобат аз имтиҳони сахти иҷтимоӣ гузаштааст, ки таърих онро гувоҳӣ дода метавонад.
Ба ҳам овардани миллат дар дохили кишвар ва барқарор намудани ҳаёти осоишта, ба ватан баргардонидани гурезаҳо ва таъмини амнияти кишвар масъалаҳои муҳиме буданд, ки пеши рӯ омада буд. Ҳалли ин ду масъалаи асосӣ, пеш аз ҳама, ба зиммаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти кишвар афтода буд ва онҳо бо саъю талоши зиёде аз уҳдаи ин баромада тавонистанд.
Таърихи начандон дури замони Истиқлолият исбот менамояд, ки баъзан сиёсатмадорон ва қумандонҳои саҳроӣ аз ҳарду ҷониб бар зидди созиши дуҷониба баромад мекарданд. Баҳсҳо дар ин масъала, дар Парламенти онвақтаи Тоҷикистон низ ҷой доштанд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, Ҳукумати кишвар иродаи қавӣ нишон дода, ихтиёран ба роҳи гузашткориҳо бо мухолифин қадам ниҳод ва дар натиҷаи ин дар ҷомеа ваҳдату созиш ба амал омад. Яъне миллати тоҷик дар маҷмӯъ ба пуррагӣ дарк намуд, ки шарти зарурии худнигаҳдории миллат дар сиёсати давлатии мо бояд мавқеъ дошта бошад.
Дар баробари ин, аксарияти кишварҳои миёнарав, шахсони маъруфу донишманд ва умуман мардуме, ки ҷонибдори сулҳу салоҳ мебошад, тамоми кушишу ғайрати хешро ба хотири ҳалли масъала ба муколама вобаста медонанд. Ҳаст кишварҳое, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ба Ваҳдати миллӣ омада наметавонанд. Масалан, дар кишвари ҳамҷавори азиятдидаи Афғонистон масъалаи Ваҳдати миллӣ ҳанӯз соли 1978 ба миён омада буд, аммо то имрӯз мардум, мутаассифона, ба ваҳдат расида наметавонанд. Ё ин ки аз ин пештар Консепсияи ваҳдати миллӣ дар Ветнам низ амалӣ нагашта буд. Ба ҳамин монанд то имрӯз дар дӯнё зиёда аз 50 низоъҳои фаъоли этникие мавҷуданд, ки гурӯҳҳои бо ҳам мухолиф ба ваҳдат омада наметавонанд.
Пойдории Ваҳдати миллӣ, ба ақидаи мо, бештар ба он вобаста аст, ки то кадом андоза онро барои бунёдкорию созандагӣ истифода бурда тавонем ва чӣ гуна ҳувияти миллиро эҷоду тақвият диҳем. Бояд гуфт, ки расидан ба сулҳу ваҳдат ба туфайли татбиқи меъёрҳои зиёди сиёсӣ – ҳуқуқӣ низ имконпазир гардидааст. Дар ҳаёти сиёсии мамлакат ҷиҳатҳои мусбати чунин чорабиниҳо, аз қабили гузаронидани раъйпурсӣ, интихобот ва дигар чорабиниҳои иҷтимоию сиёсӣ ҷанбаҳои мухталифи Ваҳдати миллиро пурзур намуда, заминаҳои дигари рушду инкишофро ба миён овард.
ИСОЗОДА Тоҷиддин Исо,
декани факултети таърих ва ҳуқуқ
Возможно, это изображение (текст)