Имрӯз бо ибтикори факултети сиёсат ва идораи давлатӣ дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мизи мудаввар бахшида ба 30 -солагии Истиқлолияти давлатӣ баргузор гардид, ки дар он Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ, Ҳукмиддин Сафарбекзода, декани факултет, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок ва суханронӣ карданд.

Нахуст, Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ барои баргузор намудани ҷамъомад ба ташкилкунандагон минатдории худро расонид. Дар ин баробар ба иштирокунандагони ҷамъомадро бахшида ба ҷашни 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният намуд.
Ректори донишгоҳ зимни баромади худ қайд кард, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон имрӯзҳо дар арафаи истиқболи иди пуршукуҳи умумимиллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Бо шукргузорӣ аз ин неъмати бебаҳои таъриху тақдир, бо боварӣ метавон гуфт, ки муддати 30 сол аст, ки миллати тоҷик шахди истиқлолиятро чашида, дар фазои сулҳу субот ва соҳибистиқлолии кишвари азизамон кору фаъолият ва зиндагӣ карда истодаанд.
“Истиқлолият нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи адолату ҳувият, мазҳари ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон аст”, -афзуд Давлатзода С.Х.
Дар идомаи кори мизи мудаввар Ҳукмиддин Сафарбекзода, декани факултети сиёсат ва идораи давлатӣ, дар мавзӯи “Сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ” баромад намуд.
Дар ин баробар Диловар Саидзода, мудири кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ дар мавзӯи “Истиқлолияти сиёсӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ”, Бахтиёр Назаров, омӯзгори кафедра дар мавзӯи “истиқлолият ва дастовардҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Самандар Раҷабализода, омӯзгори кафедра дар мавзӯи “Истиқлолият бузургтарин дастоварди миллат” баромад намуданд.
Сипас, омӯзгорону донишҷӯёни факултет фикру ақидаҳои худро оид ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд.
Дар охир Ҳукмиддин Сафарбекзода, декани факултети сиёсат ва идораи давлатӣ бо таманиёти нек ва ҳисси баланди ватандӯстӣ тамоми мардуми Тоҷикистонро ба 30-соли соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба онҳо тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуда, ба Тоҷикистони азиз ободӣ ва шукуфоии аз ин ҳам зиёдтарро таманно кард.
Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ