Дониш барои инсон мояи манбаи фазлу камол буда, ӯро бузургдил мегардонад. Шахси донишманд дар ягон давру замон ба душвориҳо рӯ ба рӯ намешавад, зеро дониши бузургаш ӯро бо роҳи росту самарабахш раҳнамун месозад.

Инсон тавассути ақлу заковати бузургу хиради бо роҳи дониш ба дастовардааш метавонад соҳибмаълумот ва соҳибиззат гардад. Донишмандон пайваста азизу гиромӣ ва хотирнишин буда, дар ёдҳо, базмҳо ва дар ҳама мавридҳо дар дилу дидаи мардуманд.
Бо омӯхтани алфози нав барои кас ҷаҳони дигаре равшан мегардад. Як маънии бузург ҳаёти инсониятро тағйир медиҳад, бо роҳи рост ҳидоят мекунад. Инсони асил пайваста дар омӯхтани илму андӯхтани донишу фазл мекӯшад. Фурсатро ғанимат шумурда, бо гузашти вақт дониши худро сайқал медиҳад. Аз пайи ҷамъ овардани молу мулк ва сарвати зиёд намешавад, зеро дар зиндагӣ бояд ҳамеша илму дониш ва хирад дар пояи аввал истад. Дар он мебояд кӯшид, ки ҳар рӯзи ҳаётро пайи зиёд кардани донишу ақлу заковати бузург сарф кард, на пайи ҷамъоварии молу мулк. Афзудани дониш касро пурдону бомаърифат, кордону нуктафаҳм мегардонад. Мегӯянд, ки хираду дониш ба инсони бомаърифат ҳамчун ғизо неру мебахшад. Зиёд намудани дониши ҳар як инсон ба ҳадди омӯзиши ӯ вобастагӣ дорад.
Донишомӯзӣ ва толибилмӣ рисолати бузурги инсонианд. Касе, ки ин рисолатро ба ҷо намеорад, дар шумори одамиён буда наметавонад ва бевосита дар таънаву маломати атрофиён мемонад. Вале шахси донишмандро ҳама эътироф ва эҳтиром мекунанд.
Агар ба марги аблаҳон танҳо фарзандонашон бигирянд, ба марги алломаҳо ҷаҳон мегиряд, зеро бо заковату дониши бузургашон дили ҷаҳониёнро ба даст овардаанд. Барои омӯхтани донишу маърифати зиёд бисёртар бояд китоб хонд, зеро манбаи ҳамаи омӯзишу донишҳо аз китоб сарчашма мегирад.
Бале, дониш чароғи ақл аст, ки дидагон аз он равшаниву нур ва дилҳо хушиву сурур мегиранд. Шахси донишманд зинатгарои ҳар анҷуман аст. Агар аз хурдӣ то ба дами марг барои омӯхтани илму андӯхтани дониш камар бандем, саҳве нахоҳад шуд, зеро асоситарин ва беҳтарин амал дар зиндагии инсони асил илм омӯхтан аст.
Р. ҚУРБОНОВА,
саромӯзгори кафедраи рӯзноманигорӣ
Возможно, это изображение (3 человека, люди стоят и в помещении)