Китоб ганҷест, ки дар он ҳама маъниҳои зиндагӣ нуҳуфтааст. Ойинаест, ки инсон ба василаи он тамоми камбудиҳои худро ислоҳ карда метавонад. Хазинаест, ки тамаддуну маърифати миллати мо ва ҳама миллати сайёра дар оғушаш аст.

Дар ҳақиқат, ин ҳама гуфтаҳо арзандаи китоб мебошанд. Миллати мо бо китоб ва китобхонӣ ва маърифатнокӣ дар ҷаҳони мутаммадин мақоми шоиста касб кардааст.
Агар инсон бисёр мутолиа кунаду китобро аз таҳти дил хонад бузургӣ дар пеши чашми ӯ кушода мешавад. Чуноне ки гул аз гулзор, сабзаву лола аз кӯҳсор, об аз ҷӯйбор, кабку товус аз марғзор ҷуста мешавад, гавҳари дониш аз китоб ба даст меояд.
Шахс аз китоби хондааш дарси одобу ахлоқ ва тарзи муошират карданро меомӯзад ва барои хубтару хуштар гузаронидани зиндагӣ камари ҳиммат мебандад ва накӯкору поквиҷдон ба воя мерасад. Ин гуна инсонҳо роҳи хушбахтии худро дар ҷомеа пайдо мекунанд.
Инсонҳоро зарур аст, ки барои мукаммал кардани донишашон ва роҳи зиндагиро ҳамвор сохтан ҷидду ҷаҳд намоянд. Одаме, ки танбал аст, дар зиндагӣ хор мегардад ва мавқеи худро дар ҷомеа гум мекунад.
Чуноне ба ҳамагон маълум аст, мувофиқи Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад. Озмуни мазкур бо мақсади «баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа аз ҷумла, хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва шаҳрвандони кишвар» доир мегардад.
Қайд бояд намуд, ки ин тасмими нек бори дигар аз он далолат медиҳад, ки китоб ҳамчун махзани илму маърифат дар ҷомеаи мо мақому манзалати хосро касб намудааст. Ҳамзамон доир гардидани чунин озмунҳо барои мутолиаи ҷавонон такони ҷиддӣ хоҳад буд. Махсусан баҳри донишҷӯён як омили васеъ гардидани ҷаҳонбиниву дониш мебошад. Воқеъан ҳам китоб омӯзгору устод, раҳнамое мебошад, ки дар муддати солҳои зиёд ба аҳли башар илму дониш ато намудааст.
Ҳар яки мо огоҳ ҳастем, ки ин махзани пурбори маърифат дар ҳама давру замон инсону ҷомеаро камол бахшида, дар намудҳои мухталифи фаъолият ҳамчун устоду дастурдиҳандаи беминнат зоҳир гардидааст. Дар ҷомеаи кунунии мо ягон соҳа ва ё ҷабҳае вуҷуд надорад, ки дар хусуси он китобе вуҷуд надошта бошад ва ин аз он дарак медиҳад, ки бояд ҷомеаи мо китобхон бошанду аз рафиқи бовафои худ дур нагарданд. Дар ин радиф донишҷӯёнро низ мебояд бештар ба мутолиа машғул шаванд ва худ мебинанд, ки ин анвори илму дониш ғайр аз роҳату ромиш зиёне ба онҳо нахоҳад дошт. Пас, ҳар яки моро мебояд пайи мутолиа бошему ба гузаштагони хеш пайрав.
Шам ҲОТАМОВ,
омӯзгори факултети физика
Возможно, это изображение (книга)