Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро миёни кишварҳои дунё соҳибистиқлолу соҳибихтиёр медонад. Истиқлолият, озодиву ободӣ ибораҳое ҳастанд, ки ҳамеша бо лаҳни шево садо дода, бевосита ҳар як инсони комилро ба ояндаи нек водор месозад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо амалҳои ҷавонмардонаи хеш Тоҷикистони дар ҳоли парешонгаштаро сарҷамъ намуда, онро ба давлати абарқудрат табдил намуд. Ин падидаи бузурги башарӣ дар ташаккули маънавии ҷомеа хизмат намуда, дар тарбияи насли наврас, шинохти рисолати таърихӣ, густариши эҳсоси ватандорӣ ва худшиносиву худогоҳии миллӣ таъсири амиқ гузошт. Имрӯз зери роҳбарии Сарвари давлат кишвари мо ба яке аз мамлакатҳои абарқудрат табдил ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, имкон пайдо намуд, ки самтҳои стратегияи инкишофи ҳокимияти олӣ ва идоракуниро муайян намояд.
Дар рушди давлатдории навини тоҷикон давлати дунявӣ чизи нав дониста мешуд, ки аслан то асрҳои гузашта дар ҷаҳони ислом чунин сохти давлат воқеият надошт. Ҳукумати мамлакат баҳри таъмини соҳаҳои мухталифи ҷомеа тамоми шароити мусоидро фароҳам сохта истода, робитаҳои кориро бо кишварҳои дӯсту ҳамсоя наздик намуда истодааст. Ташаккули ҷомеаи демократӣ бе ин ҳама падидаҳо ғайриимкон мебошад.
Имрӯз аҳли ҷомеаи Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ эҳсос менамоянд, ки Истиқлолият азизтарину волотарин неъмат, рамзи шарафу номуси миллат, осоиши хонаи ободу ҷомеаи ором ва сарбаландии ватани ҷавонамон мебошад.
Айни замон, мардуми шарафманди тоҷик бо ҳидояти Сарвари роҳнамои худ азм доранд, ки 30-солагии истиқлолияти давлатиро дар фазои сулҳу осоиши комил, зери ливои ваҳдати миллӣ бо дастовардҳои бузургу ободкориҳои созанда таҷлил намоянд. Дар тамоми муассисаҳои олии кишвар, хусусан, ДДБ ба номи Носири Хусрав баҳри бошукӯҳ таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ омодагии хуб дида истодаанд.
Боиси ёдоварист, ки давоми чанд соли охир дар муассиса биноҳои замонавии муҷаҳҳаз бо таҷҳизотҳои техникии муосир бунёд ва барои илмомӯзии донишҷӯён шароити мусоид фароҳам гардидааст, ки дастовези арзанда ба ҷашни муборак аст.
Озодаи РАУФ,
«Фурӯғ»
Возможно, это изображение (1 человек и текст)