Имрӯз, 8 сентябри соли 2021 ба муносибати таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи фарҳангии ДДБ ба номи Носири Хусрав бо иштироки Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ, муовинони ректор, омӯзгорон ва донишҷӯён чорабинии идона доир гардид.

Дар оғози чорабинӣ Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ омӯзгорон ва дар симои онҳо тамоми мардуми шарифи кишварро бо ин ҷашни бузург-30-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳният гуфта, иброз дошт, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи халқи тоҷик нодиртарин падидаи сиёсиву сарнавиштсоз мебошад. 30 сол аст, ки Тоҷикистони маҳбуби мо соҳибистиқлол ва мардуми шарифи кишвар соҳиби давлати озоду соҳибихтиёр буда, дар фазои Ватани азизамон хуршеди Истиқлол партавафшонӣ мекунад.
Дар идомаи чорабинӣ Абдукибор Гадозода, доктори илмҳои таърих, Диловар Саидзода, мудири кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ ва Бахтиёр Назаров, омӯзгори кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли кишвар баромад ва суханронӣ намуданд.
Сипас аз ҷониби Раёсати донишгоҳ ва Кумитаи мутаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ ба як қатор кормандони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Ифтихорнома, Сипосномаҳо ва маблағҳои пулӣ тақдим гардид.
Дар фарҷоми ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки донишҷӯён барномаи фарҳангӣ барои болидарӯҳии омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид.
Маркази таҳлилӣ -иттилоотии ДДБ