Тоҷикон ҳазор сол пеш замоне, ки дар Аврупо ба маънии имрӯзааш давлатҳои мустақил кам буданд, давлати Сомониён ҳамчун давлати соҳибихтиёр фаъолият дошт.

Соли 1929, агар давлати тоҷикон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ зуҳур карда бошад, соли 1991 дар шаклу мазмуни нав Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон эҳё гардид ва воқеан ҳам дар таҳкиму тақвияти пояҳои давлатдории навин ва мустақилу соҳибихтиёри он саҳми мардуми заҳматкаши тоҷик таҳти сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беандоза баланд аст.
Мафҳуми истиқлолият вижагиҳо ва нишонаҳои дилхоҳ давлатро ифода мекунад. Дар илми сиёсатшиносии муосир истилоҳи Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун муродифи калимаи мустақилият мавриди истифода қарор дода мешавад. Истиқлолият неъмати хеле гаронбаҳо аст, ки Худованд онро ба миллате ба арзонӣ намедиҳад. Беҳтарин самараи истиқлолият ҳамин аст, ки миллат, забон, фарҳанги халқ натанҳо побарҷо мемонад, балки рушд мекунад. Ҳоло Тоҷикистон соҳиби иқтисоди миллӣ ва сарвати миллӣ мебошад.
Имрӯз иқтисодиёти Тоҷикистонро аграрию саноатӣ ҳисоб менамоянд. Вай дорои имконияти зиёди пешрафт, канданиҳои фоиданок, иқлими мусоид барои ривоҷу равнақи истеҳсолоти кишоварзӣ, соҳибтахассусони варзидаю сершумор, захираҳои беҳамтои энергетикӣ ва ғайра мебошад. Ҳукумат чораҳои сершумори раҳоӣ ёфтан аз буҳрони сиёсию иқтисодиро бо дастгирии созмонҳои байналмиллалӣ татбиқ менамояд. Ҳоло бошад масъалаҳои якумдараҷа ин бартарафсозии камбизоатии аҳолӣ, рушди босуръати иқтисодиёт, истифодаи ҳамаҷонибаи комёбиҳои техникиву технологӣ, рушди соҳаи энергетика, рушди босуръати саноат, рушди босуръати хоҷагии халқ дониста мешавад.
Бояд донист, ки иқтисоди миллии Тоҷикистон дар мазмуни пуррааш пас аз парокандашавии Иттиҳоди Шуравӣ фаъолияти комилу мустақилонаи худро оғоз намуд. Ин ҳодиса 9-уми сентябри соли 1991 ҷой дошт. Тоҷикистон ҳамчун давлати дунявӣ сиёсати «дарҳои кушод»-ро пеш гирифтааст. Ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва савдоро фароҳам оварда, ҷалби сармояи хориҷиро ривоҷ додааст.
Истиқлолият ин меваи ширини ҳаёт аст, ки ба миллати мо хушбахтӣ овардааст. Баробари ин соли 2021 Тоҷикистон раёсат дар созмонҳои бонуфузи минтақавӣ Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро ба ӯҳда дорад. Ин чорабиниҳои сатҳи баланди байналмиллалӣ бори дигар шаҳодат аз он медиҳад, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати комилҳуқуқи дунявӣ ва амну субот, иқтисоди рушдкардаи миллӣ дар арсаи ҷаҳон шинохта шудааст. Мардуми шарафманду сулҳдӯсти кишварамон бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як саф буда, барои боз ҳам рушд кардани кишвари азизамон ҷаҳду талош карда истодаанд.
БАРФАКОВ Қ.,
САФАРОВ С.,
устодони кафедраи назарияи иқтисод
Возможно, это изображение (текст)