Сухани табрикотии ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав профессор Давлатзода Сайфиддин Хайриддин ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон

Шогирдону донишҷӯён ва устодону омӯзгорони муҳтарам!
Милатҳое, ки тамаддун офаридаанду тамаддуни онҳо ҷаҳонӣ шуда ва таъсири ҷаҳонӣ доштааст, аз адади ангуштон зиёд нестанд. Ин муҳаббат ба ҳар миллат дода намешавад. Ин миллат бояд зарфияти бисёр фаровоне дошта бошад, то шоистаи тамаддунофарӣ шавад.
Халқи тоҷик табиатан озодидӯст, тамаддунофар, ваҳдатпараст, таҳаммулпазир, сулҳпарвар, фарҳангдӯст, бунёдкору созанда ва башардӯст буд. Яке аз омилҳое, ки мардумро ба якдилӣ,муттаҳидӣ ва истиқлолият овард, ҳамин фазилатҳои табиии халқи мо буд, ки аз гузаштагон мерос мондааст.
Хушбахтона, мо бо марҳамати Худованд саъю кӯшиш, қурбониҳои зиёди фарзандони баору номус ва барӯманди халқ аз нав соҳиби Истиқлолият ва давлати аҷдодии хеш гардидем.
То чӣ андоза муҳим будани Истиқлолияти давлатӣ ва ҳимояи музаффариятҳои онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромадҳои худ таъкид намудааст ва моро пайваста ҳушдор медиҳад, ки истиқлолият ва ҳамдигарфаҳмии афроди ҷомеа муҳимтарин омили пешрафти давлату миллат мебошанд. Маҳз бо шарофати ин рӯйдоди муҳимми таърихӣ мо тавонистем, ки аркони давлатдориро мустаҳкам намуда, дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қавӣ намоем.
Барои пойдорӣ ва устувории Истиқлолияти давлатӣ дар кишварамон лозим меояд шахсиятҳоеро тарбия намоем, ки дорои тафаккури нав буда, худогоҳ, мустақил, масъулиятшинос, ватандӯст, эҷодкор ва бунёдкору созанда бошанд. Барои ин баланд бардоштани сатҳу сифати раванди таълиму тарбия ва дар рӯҳияи ифтихори миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ ба воя расонидани насли наврас хеле муҳим аст.
Сарвари давлатамон моҳияти соҳибистиқлолиро барои кишвари азиз хеле возеҳу равшан ифода намудаанд: «Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ба халқу мамлакати мо қувваи тавоное бахшида, барои пешрафти ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ фазои мусоиду озод фароҳам овард ва имрӯз мо дилпурона метавонем гӯем, ки Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин муддат ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардид».
Имрӯз Истиқлолият ба рамзи ҳамбастагию дӯстӣ, пояндагию бунёдкорӣ ва ҳамдилию рафоқат табдил ёфтааст. Он сароғози комёбиҳову ободкориҳои мо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва некӯаҳволии ҷомеаи навин мебошад. Махсусан худогоҳию худшиносии миллии мо, тоҷикон ба Истиқлолият иртиботи қавӣ дорад, чунки маҳз Истиқлолият наҷотбахш ва кафили фардои дурахшони мост.
Устодону омӯзгорони муҳтарам!
Дар даврони истиқлол дар диёри арҷманди мо соҳаи маориф мақоми меҳварӣ пайдо намуд ва эътибору таваҷҷуҳ ба он рӯзафзун гашт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хирадмандонаи хеш ба соҳаи маориф афзалият бахшида, пайваста таъкид медоранд, ки «Маориф неруи тавонову пешбари кишвар аст ва имрӯзу фардои мамлакатамон ба он алоқаи ногусастанию қавӣ дорад».
Ҳамин буд, ки соҳаи маориф дар байни ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат соҳаи афзалиятнок эълон гардид. Ин чунин маънӣ дорад, ки давлат охирин имкониятҳои хешро ба инкишофу ривоҷи ҳамаҷонибаи таълиму тарбияи шаҳрвандони бомаърифату огоҳ, ватанпарасту инсонпарвар мебахшад. Фарзанди фарзонаи миллати мо, абармарди тавоно, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама, рӯ ба маърифати мардум, худогоҳии шаҳрвандон оварда, мактабро қасри нуру зиё, муаллимонро чароғи маърифат хонданд.
Имрӯз,ки дар остонаи таҷлили арзишмандтарин ҷашн 30-солагии Рӯзи Истиқлол қарор дорем, аз он шукргузорем, ки Ваҳдат истиқлолияти моро ҳифз ва якпорчагии Ватанамонро таъмин намуд, халқи парешонгаштаи тоҷикро ба ҳам овард, шуури миллии моро ташаккул дод, иттиҳоду якдигарфаҳмиамонро қавӣ намуд, осоишу некӯаҳволии халқро таъмин кард, нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ баланд бардошт.
Умедворем, ки Шумо чун як фидокори роҳи Истиқлолият дар таъмини пешрафту созандагӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёт, дар кафолати зиндагии осоиштаву пурнишоту бунёди ҷомеаи шаҳрвандии демократӣ ва ҳифзи сарватҳои волои миллат саҳми арзанда мегузоред.
Аз фурсати муносиб истифода намуда, ҳамаи Шуморо бо фарорасии ҷашни мубораки 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҳти дил табрик гуфта, таманнои онро дорем, ки Тоҷикистони азизу биҳиштосои мо ҳамеша ободу гулафшон ва дар оғӯши Сулҳу Ваҳдат бимонаду Истиқлолияти давлатӣ пойдор бошад.
Бигзор, имсолу ҳама солҳои дигар таълиму тадрис, ки василаи беҳтарини худшиносӣ, ваҳдатдӯстию рафоқат, муҳаббат ба Ватан ва дигар арзишҳои умумиинсонӣ ба шумор меравад, дар фаьолияти гуногунпаҳлуи шумо ба муваффақиятҳову комёбиҳо тавъам бошад.
Ҷашни Истиқлолият муборак, ҳамватанони азиз!
Возможно, это изображение (1 человек, сидит и в помещении)
19
Комментарии: 8