Ба хотири эътибори бештар пайдо намудани Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ мо, ҷавононро мебояд, ки аз дастовардҳои муҳимтарини технологияи муосир ва арзишҳои умумибашарӣ ба хубӣ огоҳ ва бархурдор бошем.

Дар олам чанд муқаддасоти ягона ва такрорнашаванда мавҷуд аст, ки Модару Ватан низ ба он шомил мегарданд. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз ҳисси ватандории ҷавонони тоҷик ба дараҷае расидааст, ки хокашро аз тахти Сулаймон ва хорашро аз лолаву райҳон хуштар медонанд.
Дар солҳои истиқлолият барои эҳё намудан ва инкишоф додани забони давлатиамон, ки забони шевою шоирона ва ширину шаҳдбори тоҷикӣ мебошад, ҷойгоҳи арзанда ва мақоми шоиста муҳайё гардида, забонҳои русӣ ва англисӣ бошанд омили муҳимми ворид шудани ҳар як фард ба фазои тамаддуни муосир мансуб меёбанд. Забондонӣ имконияти бевосита сару кор доштани шаҳрвандонро бо техникаю технологияи нав васеъ гардонида, дастраси маводи иттилоотии техникаро, ки аксаран бо ин забонҳо таълиф мешаванд, осон месозад.
Истиқлолият рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, нишонаи пойдориву бақои он мебошад. Зеро дар дунёи пуртаззоди муосир миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад. Бешубҳа оромиву шукӯҳи ҳар як давлату миллат бар дӯши ҳар як шаҳрванди он вобаста аст. Мо, ҷавонон бояд хуб дарк намоем, ки оянда тақдири халқу давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол бар дӯши мо гузошта шудааст. Ин рисолати хайр, яъне ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани сарзамини аҷдодӣ ва Ватани азизи хеш масъулияти бузург дорад. Он ҳар яки моро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими Ваҳдати миллӣ, пойдориву устувории давлати соҳибихтиёри худ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ кӯшишу талош намоем.
Бигзор, Истиқлолияти давлати тоҷикон, ки атои Худовандӣ ва пайки ҷовидонист, то адаб устувору поянда бошад!
Юсуф ҲАСАНОВ,
донишҷӯи курси 1-уми факултети забон ва адабиёти рус
Возможно, это изображение (текст «созандаго созандагони они BATAH CREATORS ATORS of MOTHERLAND»)