Имрӯз бо иштироки Ҷурабой Собиров, муовини ректор оид ба илм ва инновастия ва Муслиҳиддин Наҷмиддинов, намояндаишуъбаи кадрҳои ДДБ ба номи Носири Хусрав фармони ба вазифаи раиси ҷавонони донишгоҳ таъин шудани Эмомалӣ Набизодаро дар назди созмонҳои ҷамъиятӣ қироат намуд.

Шарҳи ҳол:
Эмомалӣ НАБИЗОДА 28 августи соли 1994 дар деҳаи Мулкони ноҳияи Балҷувон ба дунё омадааст. Хатмкардаи МТМУ №24 ноҳияи Вахш мебошад.
Солҳои 2012 – 2017 ихтисоси психологияи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо дипломи аъло хатм намудааст.
Фаъолияти корӣ:
-Аз моҳи апрели соли 2015 дар вазифаи ходими илмии Осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи “Авасто”;
-Аз 1 сентябри соли 2017 то инҷониб ба ҳайси ассистенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети сиёсат ва идораи давлатии ДДБ ба номи Носири Хусрав фаъолият кардааст.
– Аз 8-уми сентябри соли 2021 бо тариқи гузариш ба вазифаи раиси ҷавонони донишгоҳ таъин шуд.
Дастовардҳо:
Эмомалӣ Набизода дар солҳои таҳсилаш дар донишгоҳ донишҷӯи фаъолу ташаббускор буда, бо мақсади иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва саҳми назаррас гузоштан дар чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ дар амалигардонии татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, бо як қатор диплому ифтихорномаҳо сазовор дониста шудааст.
– Ғолиби ҷойи 2 – юм дар озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯи сол – 2015” дар байни муассисаҳои олии кишвар;
– Ғолиби ҷойи 1 – юми озмуни мақолаи беҳтарини вилояти миёни донишҷӯёни донишгоҳҳо дар соли 2014;
– Ғолиби ҷойи 3 – юми озмӯни донишгоҳи аз фанни Асосҳои давлат ва ҳуқуқ дар соли 2014 мебошад.
– Сипосномаи раиси вилояти вилояти Хатлон барои саҳм гузоштан дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон бахшида ба “Рӯзи ҷавонон”;
– Ифтихорномаи фахрии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019;
Инчунин иштирокчии чандин конфронсҳои сатҳи баланди байналмилалию ҷумҳуриявӣ, буда муаллифи чандин мақолаҳои илмию оммавӣ дар рӯзномаю маҷалаҳои сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ мебошад.
Аз ин рӯ, барои фаъолияти минбаъдааш барору комёбиҳо тамано дорем.