Дар асосӣ нақша- чорабиниҳои шуъбаи тарбияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар маҷлисгоҳи хобгоҳи донишгоҳ бо мақсади риояи низомномаи хобгоҳ, интизоми намунавӣ, риояи тозагӣ ва вохӯрӣ бо истиқоматкунандагони хобгоҳ баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур Эмомалӣ Набизода, раиси созмони ҷавонон, Баҳром Давлатов, мутахассиси шуби тарбия , Парвиз Ятимов, намояндаи раёсати сифати таҳсилот ва истиқоматкунандагони хобгоҳ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Баъд аз вохӯрӣ масъулон аз ҳуҷраҳои донишҷӯён ва шароитҳои зисти онҳо боздид намуданд.