Нахуст мо бояд донем, ки калимаи «Истиқлол» чӣ маъно дорад ва чаро мардум бо шунидани ин калима худро хушбахту хуррам ҳис мекунанд? Вожаи «истиқлол» дар фарҳангҳо ба маънои мустақил, мухтор, соҳибихтиёр ва бе дахолат, бо фикру ақидаҳои худ анҷом додани нақшаҳои хеш аст. Дорои истиқлол будан ин маъноро дорад, ки давлат ё халқ, новобаста аз қарор ё фикри дигар давлату халқиятҳо, хостаҳои худро мустақилан амалӣ мегардонад.

Аммо барои тоҷикон бошад, истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлативу миллӣ мебошад. Зеро миллати азиятдидаву ранҷкашидаи тоҷик ба осонӣ соҳиби истиқлол нагаштааст. Баъд аз суқути давлати Сомониён ҳудуди даҳ аср тоҷикон дар орзуи эъмори давлати миллӣ буданд ва аҷдоди мо дар ин роҳ чӣ ҷонбозиҳое накардаанд. Аммо ба ҳукми таърих бунёди давлати тоҷикон (албатта, нисбӣ) танҳо дар асри бистум амалӣ гардид.
Соли 1924 Тоҷикистон ҳамчун Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистӣ дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон таъсис ёфт. Аммо мо ҳақ ба ҷумҳурии алоҳида доштем. Зеро дар Осиёи Миёна мардуми тоҷик дар қиёс ба дигар халқу миллатҳо таъриху тамаддуни пурғановат доштанд. Устод Садриддин Айнӣ маҳз ба хотири исботи гузаштаи пурифтихори мо китоби «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро навишта, собит сохт, ки тоҷикон мардумони қадим буда, фарҳангу адабиёти куҳан доранд. Дар ин китоб устод Садриддин Айнӣ дар бораи рӯзгор ва намунаҳои осори шоирони тоҷик, аз устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ то шоирони замони худро навишт. Аммо пантуркистон онро оташ заданд. Ба ақидаи онҳо ҳамаи мардуми Мовароуннаҳр ӯзбек ва турк буданд, тоҷикон бошад, танҳо дар ҳудуди Бухорои Шарқӣ (минтақаҳои марказӣ ва ҷанубии Тоҷикистони имрӯза) зиндагӣ мекарданд ва шумораашон низ кам буд. Ин ақидаи пантуркистон комилан ғалат ва инкори таърих буд. Зеро мардуми тоҷик асрҳо соҳибони аслии Мовароуннаҳру Хуросон буданд.
Бо талошҳои фарзандони ҷоннисору фарзонаи миллат Садриддин Айнӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нусратуллоҳ Махсуму дигарон то ҳадде адолати таърихӣ барқарор ва соли 1929 Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта, аввалин Конститутсияи мо қабул шуд.
То соли 1991 мо дар ҳайати Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ будем. 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон расман давлати соҳибистиқлол эълом шуд. Мардуми тоҷик якдигарро ба ин рӯз табрик мекарданд. Аммо душманони аҷнабӣ тоқати дидани ин рӯйдоди таърихиро надоштанд ва бо истифода аз макру ҳилаҳои гуногун тоҷикро бо тоҷик ҷанг андохтанд. Мардуми фирефташуда байни худ ҷангро шуруъ карданд. Дар ин ҷанги хонумонсӯз бародар ба бародартеғ мекашид. Фитнаандозии хоинони Ватан ва мардуми одиро ба ҷанг кашидани онҳо натанҳо сабаби заиф шудани давлат, балки боиси бе хонаву дар гаштани мардум шуд.
16 ноябри соли 1992 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид ва бо кӯшишу талошҳои ватандӯстона тавонист давлати парешонгаштаро аз сари нав ҷамъ намояд. “То охирин фирорӣ ба Ватан барнагардад, худро осуда ҳис намекунам” ва «Ман ба шумо сулҳ меорам» – барин суханҳои Сарвари тозаинтихоб он солҳо воқеан малҳам ба захми дили тоҷикони парешон буд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ваъдаи худ вафо карда, мардуми гурезашударо ба Ватан баргардонид ва сулҳу оромиро дар кишвар таъмин намуд.
Хушбахтона, шаби сиёҳи мардуми тоҷик поён ёфт ва рӯзи сафеди пур аз шодиву хурсандӣ фаро расид. 27 июни соли 1997 мо ба Ваҳдати комил даст ёфтем.
Акнун бо ҳидоят ва раҳнамоиҳои Роҳбари дилсӯз ва меҳрубон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо сол ба сол ва бо дили пуру азму иродаи қавӣ ба пеш ҳаракат карда истодаем. Дар ҳоли ҳозир Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комлиҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва даҳҳо сомзону ташкилоти байналмилаливу минтақавӣ буда, дар арсаи ҷаҳон мавқеи шоиста дорад.
Мо меваҳои боғи истиқлол аз ин дастоварду пешравиҳо шукр мекунему бо сарзамини худ мефахрем. Ва медонем, ки бояд ҳар яки мо Ватани худро беш аз дилу ҷон дӯст дорему истиқлоли давлатӣ ва сулҳу ваҳдати миллиро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Маҳмуд Шарифзода,
хонандаи синфи 11-и литсейи ДДБ ба номи Носири Хусрав
Возможно, это изображение (1 человек, стоит и дорога)