Тарбия кардани ҳисси ифтихори миллӣ дар замири донишҷӯён яке аз масъалаҳои асосӣ дар фаъоляти устодон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа ба шумор меравад. Ин омил метавонад дар ташаккули шахсияти дониҷӯён, донишандузӣ ва тарбияи онҳо ҳамчун инсони комил мусоидат намуда, равзанаи хубе дар ҷаҳоншиносии онҳо гардад.

Ин маънӣ дар дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Паёми ҳарсолаашон ба Маҷлиси Олӣ ва мулоқоту вохӯриҳояшон бо донишҷӯён баён мегардад. Пешвои миллат пайваста хотиррасон менамоянд,ки тарбияи наврасону ҷавонон вазифаи муҳими падару модар ва махсусан омӯзгорон буда, бояд ҳамеша дар маркази диққат қарор дошта бошад. Махсусан донишҷӯёне, ки дар зиндагӣ камтаҷрибаанд, насли осебпазир маҳсуб меёбанд ва онҳоро метавонанд гурӯҳҳои ифротгаро ва манфиатҷӯ мағзшӯӣ карда, ба тарафи худ кашанд. Мафкураи бегонаро ба тафакури онҳо ҷой намуда, нисбат ба манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ эътимолу эътиқоди ҷавононро коста, эҳсоси бегонагӣ ва аз асли худ дур буданро дар тинаташон парвариш диҳанд.
Аз ин рӯ, дар раванди тарбияи донишҷӯён мо – омӯзгорону устодон бояд саҳлангорӣ накунем, ба онҳо моҳият ва маънии аслии арзишҳои миллиро фаҳмонида,дар ҳамин асос корҳои тарбиявиву донишандӯзиро ба роҳ монем. Нахустин арзиши миллӣ сароғози арзишҳои миллӣ калимаи Ватан аст. Фарҳангу забон,шаҳрвандии Тоҷикистон манфиатҳои давлатӣ ва ғояи миллиро низ метавонан ба ин гурӯҳ шомил намуд.Зеро дигар арзишҳои миллӣ асосан анъанаҳо, тарзи андешаронӣ, ахлоқ, муошират муносибат ва ғайра маҳсуб меёбанд.
Донишҷӯёнро бояд бо мафҳуми Ватан, ватандорӣ, ифтихори миллӣ, моҳияти давлатдорӣ, аҳмияти арзиши соҳибистиқлолӣ, устувор кардани пояҳои давлат ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як шахс назди Ватан ошно кард, то онҳо донанд, ки Тоҷикистони азизи мо бо ивази кадом ҷонбозиҳо соҳибистиқлол шудааст ва дар тӯли таърих миллати тоҷик ба кадом ҷойгоҳ соҳиб гаштааст. Дастовардҳои моддиву маънавии тоҷикон дар ҳазорсолаи охир кадомҳоянд? То расидан ба истиқлолияти давлатӣ ва бунёди давлати дунявӣ демократӣ, ҳуқуқбунёд кадом шаклҳои давлатдориро мо тоҷикон аз сар гузаронидаем? Анъанаи парчамдории миллати мо аз кай пайдо шудааст? Забони тоҷикӣ-форсӣ чӣ гуна забон аст? Нақши дини мубини ислом дар рӯзгори тоҷикон чӣ гуна арзёби мешавад?
Дар посухи саволҳои дар боло зикршуда, мо бояд аз хазинаи бузурги таърих истифода намуда,руҷуъ кунем ба давлати Бохтари қадим ва оид ба ин давлат ба донишҷӯён маълумоти заруриро дастрас намоем. Ва бо далелҳо андешаамонро мушаххас намуда,дар бораи ба қатори давлатҳои меҳварии дунё дохил гардидани давлати нахустини тоҷикон иттилооти заруриро бо донишҷӯён бирасонем. Сипас, оид ба сулолаҳои Ҳахоманишиниҳо, Кӯшониён, Сосониён, Сомониён ба мавқеи онҳо дар ҷаҳон маълумот диҳем, ки ниёгони мо дар қатори мисриён, чиниён, ҳиндуҳо, юнониҳо, румиҳо дар сиёсати ҷаҳонӣ мақоми сазовореро соҳиб будаанд,таҷрибаи онҳоро донистан аз манфиат холӣ нест.
Дар давоми таърих миллати мо офариниши иқтисоди ҷаҳон ва ривоҷи тиҷорат аз оғози таърих чӣ нақше дошт? Роҳи абрешим дар Тоҷикистон аз кадом ҳудудҳо убур мекард. Давлати Кӯшониёни бузург дар масофаи хеле тӯлонӣ нозири ин роҳ буда, бо кишварҳои Аврупо, Осиё ва Африқо тиҷорат мекард. Байни шаҳрҳо ва деҳкадаҳои кишвар барои тоҷирони мухталиф шароити буду бош муҳайё карда, дар тангаҳояшон акси худоёни юнонӣ, буддоӣ, эронӣ ва ғайраро ҷой дода,ба ин васила ба фарҳангу дин, оини халқҳои қаламрави давлаташон эҳтиром қоил буданд ва баробарии халқҳоро таъмин менамудаанд.
Ин тарзи муносибат, яъне дар ҷомеъа ба расму оину дини халқҳои гунногун арҷ гузоштан ҳанӯз аз даврони Куриши Кабир оғоз ёфта буд ва дар замони муосир,имрӯз ҳам дар ҷомеаи Тоҷикистони навин риоя мешавад ва оид ба густариши гуфтугӯи тамаддунҳо роҳбарияти олии кишвар таклифу пешниҳоди арзишманд баён мекунад, ки нишона аз таҷрибаи таърих истифода карда мебошад.
Дар ҳазорсолаҳои охир шуруъ аз замони давлати Сомониён суннату анъанаҳои фарҳангӣ ва давлатдории тоҷикон сифатан нав гардида, давлати Сомониён чун намунаи пешрафтаи давлатдорӣ шинохта шуда, арзишҳои миллӣ мо баъди чанде сукут кардан, эҳё гардидаанд. Илм, хирад, забони тоҷики, ахлоқ, сохтумон, кишоварзӣ ривоҷ ёфтанд. Дар тӯли ҳазор соли баъди давлатдории сулолаҳои туркиву муғулӣ арзи ҳастӣ дошт ва забони тоҷикӣ дар қитъаи Осиё, шимоли Африко ва Аврупои Шарқӣ дар баробари забони арабӣ забони муоширати байни давлатҳо маҳсуб меёфт.
Бо овардани мисолҳои мушаххас ин андешаро тақвият бахшидан,андешаи донишҷӯёнро сайқал дода,чашми онҳоро мекушояд ва таваҷҷуҳашонро ба арзишҳои миллӣ бештар мекунад.Онҳо дарк мекунанд,ки ворисони нобиғаҳои бузурге чун Рӯдакӣ, Сино, Берунӣ ва Мавлоно мебошанд. Дар асоси ин далелҳо ва асосҳои муътамади таърих, арзишҳои миллӣ шакл гирифтаанд.Тавре ки дар Паёми Пешвои миллат баён гардидааст: ”Дар даврони истиқлолияти давлатӣ ойину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие,ки дар давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекардаанд,аз қабилӣ Наврӯз Сада,Шашмақом, Фалак, атласу, адрас, чакан ва монанди инҳо эҳё гардиданд,қисме аз онҳо, аз ҷумла Шашмақом ва Наврӯз ба Феҳристи мероси ғайримоддии Юнеско ва шаҳри қадимаи Саразм. Парки миллии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси модди ташкилоти зикршуда ворид гардидаанд”.
Бо қарори Юнеско боз яке аз намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумии мо чакан ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарӣ шомил гардид. Дар замони муосир Истиқлолияти давлатииҶумҳурии Тоҷикистон олитарин арзиши миллии мо тоҷикон аст, ки дар ин давра мо тавонистем бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як кишвари амну осуда бисозем. Арзишҳои миллиамонро ҳифз ва ривоҷ диҳем.
Наргис НУРАЛИЗОДА,
мудири кафедраи молияи ДДБ ба номи Носири Хусрав
Возможно, это изображение (1 человек и стоит)