Дар маҷлисгоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав зеро роҳбарии Холмурод Раҷабзод, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ҷаласаи навбатии созмонҳои ҷамъиятии донишгоҳро доир намуд.

Холмурод Раҷабзод, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ дар ҷаласа оид ба тасдиқи нақшаи кории созмонҳои ҷамъиятӣ, риояи низомномаи сару либоси ягонаи донишҷӯён, истифода набурдани телефонҳои мобилӣ дар раванди дарс ва баланд бардоштани таълиму тарбияи донишҷӯёнро мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар охир иштирокчиён фикру андешаҳои худро вобаста ба тасдиқи нақшаи фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ пешниҳод ва муҳокима намуданд.
23