Ёддошт аз хотироти Зокир Ҳасан, писари устод

Имрӯз – 20-уми сентябр падарҷони мо – устод Ҳасани Муродиён зодрӯз медошт, агар аҷал амон медод (Илоҳо, ҷояш Ҷаннатулфирдавс бод!). Ба синни пайғамбарӣ: 63-солагӣ қадам мегузошт. Аз дирӯз фикр карда истодаам, ки дар ин хусус чӣ нависам. Душвор будааст навиштан вақте ки бори ғам фишорат медиҳад…
Падар дар ҳар зодрӯзаш кӯдаквор роҳи омадани мо – шаш фарзандашро мепойид. Ҳамаи моро дар гирди дастархон сарҷамъ дидан мехост. Шодияшро бо мо қисмат мекард. Ин як феъли ҳамешагии ӯ буд.
Зодрӯзаш барои мо – фарзандон тӯй буд. Пешакӣ фикр мекардем, ки чӣ тавр падарҷонро хурсанд кунем.
Зиёд хушгӯйию шӯхӣ мекард. Аз табрики ҳар як дӯст, шогирд ва дигар каси хайрхоҳ шодӣ мекард. Тамоми рӯз табассуму хандаи зебанда аз лабонаш дур намегашт.
Аммо дар мавриди таҷлили 63-солагияш нақшаҳо дошт. Чун як уммати дӯстдори Расул (с) мегуфт, ки ба ин синн расиданро набояд саҳлу сода гирифт. Ният дошт, ки дӯстонашро гирди як хон сарҷамъ кунад…
Ва ҳам навбати зиёрати Каъбатуллоҳ ӯро бояд дар ҳамин синн муяссар мегашт, тибқи посухи шаҳрдории Бохтар ба аризаи ӯ…
9-уми ноябри соли 2020 ҷоми шаҳодат чашиду ин ҳама ормонҳояшро ба қалбҳои мо – фарзандону пайвандонаш интиқол дод…
Возможно, это изображение (1 человек)