Возможно, это изображение (1 человек)

АЗ ЁДҲО…
Рӯҳи устоди равшанзамин Ҳасани Муродиён шод бод, ки хотироташон дар ёди дӯстону шогирдон зиёд нақш баста. Навиштаи Раҳимзода Қурбоналӣ аз ҷумлаи чунин хотирот аст, ки дар рӯзи мавлудашон манзури шумо мегардад.
НЕКСИРИШТ
Ман ҳақ дорам дар борааш чанд сатре нависам. Дар муҳити Донишгоҳи давлатии Бохтар солҳои 90-ум бо ҳам кор кардем, нону намакашро низ хӯрдем. Ошноии ман бо ӯ аввал тавассути навиштаҳояшҳояш сурат гирифт. Баъд соли 1988 дар Озмуни вилоятии фанни забон ва адабиёти тоҷик дар нҳияи Вахш, ки озмун ҳамон ҷо гузашт аз наздик бо ӯ шинос шудам. Ҳамон сол мақолаам бо номи «Боғи дод ё Худодод» дар маҷаллаи «Илм ва ҳаёт» нашр гардида буд. Мо як дигарро тавассути навиштаҳоямон дарёфтем.
Ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба кор омадам, манро дар саҳни донишгоҳ пешвоз гирифт. Баъди чанд моҳи аввали кор бо ӯ дар таҳияи китоби «Боргоҳи маърифат дар Вахшонзамин» машғул гардидем. Фидої буд, фидоии илм, пуштибони забони модарї. Инсони шариф ва нексириште буд. Аз дараҷаи омӯзгори мактаби миёнаи ба дараҷаи доктори илмҳои филологӣ, профессор расид.
Заҳматҳояшро низ дар зиндагиаш қадр карданд бо Корманди шоистаи Тоҷикистон, медали «Барои меҳнати шоён», ҷоизаи умумииттифоқии ба номи Н.К. Крупская, «Муаллими методист», «Олими сол – 2006»-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н. Хусрав, ҷоизаҳои ба номи Ҷалолиддини Балхӣ, ба номи Соҳиб Табаров ва чандин ҷоизаю унвонҳои дигар.
Устод Ҳасани Муродиён муаллифи беш аз 35 рисолаҳои илмию методӣ, китобҳои дарсӣ ва омӯзномаҳо, аз ҷумла рисолаҳои «Забони хуни мо бояд шавад бедор», «Маҳфили адабӣ – кишваршиносӣ», «Таҳаввули нутқи хонандагон зимни маводи кишваршиносӣ», «Кишваршиносии адабии фориғ аз дарс», «Кишваршиносии адабии тоҷик ва таълими ҳамгироӣ», «Боргоҳи маърифат дар Вахшонзамин», «Фурӯғи ирфони Вахшонзамин», «Шаҳпари инсон», «Фархундапай», «Ифтихори ватандорӣ», «Тоҷикистон Шиноснома», «Мазмун ва мундариҷаи маснавии Мирзо Абдулқодири Бедил «Фараснома», «30 соли дирӯз ва имрӯзи ДДҚ», «Тасвири ҳамбастагии инсон ва олами ҳайвонот (дар мисоли асп) дар адабиёти форсу тоҷик», «Чиҳил соли азми синоӣ» , «Конь в пространстве персидско–таджикской литературы», «Худомӯзи Қуръони маҷид», «Расмулхати бобоӣ», «Аз тамрин то тамкини сухан», «Фолклори бачагонаи тоҷик», «Шуълаест, к-аз дуд фориғ», «Шоистаи таҳсин», «Кишваршиносии адабии тоҷик», «ДДҚ ба номи Носири Хусрав – зодаи Истиқлолият» , «Ғафур Мулло. Соҳили дарёи дил», «Саҳбо. Соғари Саҳбо», «Кишваршиносӣ ва сайёҳӣ», «Ғафур Мулло. Булбул, бисаро» «Шаст мақола» ва зиёда аз 200 мақолаҳои илмию методӣ мебошад.
Ифтихор мекунем, ки Маҷлиси вакилони Бохтар яке аз кӯчаҳои маҳаллаи «Истиқлол» – и шаҳрро ба номаш номгузорӣ кардааст.
Хонаи охиратат обод бод дӯсти азизам…