Ҷавонон неруи созанда ва воситаи асосии таъминкунандаи рушди соҳаҳои мамлакат ба шумор мераванд. Аз ҷумла, рушду инкишофи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ҷавонон вобастагӣ дорад. Мутаассифона, давоми ду даҳсолаи охир ҷавонони мамлакат аз рисолати аслии худ, ки илмомӯзию донишандузӣ мебошад дур шуда, бо ҳар роҳу восита ба сафи гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ҷалб мегарданд.

Аз тарафи ҷавонон ҷонибдорӣ намудан ва пайравӣ кардан аз андешаҳои ифротӣ одатан дар зери таъсири омилҳои гуногун ба амал меояд. Дар миёни онҳо тарғибу ташвиқи андешаҳои ифротӣ ва ба доми худ афтонидани ҷавонон омили аз ҳама муҳим ва таъсиррасон мебошад.
Айни замон гурӯҳҳои экстремистию террористӣ барои тарғибу ташвиқи ақидаи ифротӣ ҳама гуна роҳу воситаҳоро истифода менамоянд. Онҳо чи дар дохили мамлакат ба воситаи пайравони худ ва чи дар хориҷи кишвар ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернетӣ амалҳои экстремистии худро анҷом медиҳанд ва бо ин роҳ ба зеҳну тафаккури ҷавонон таъсири манфӣ мерасонанд.
Инчунин экстремистон кӯшиш менамоянд, ки бо ҳар роҳу восита ба дохили мамлакат аз хориҷа адабиёти экстремистӣ, аудио ва видеороликҳои дорои характери экстремистӣ доштаро ворид намоянд. Дар миёни онҳо ҷавонони муҳоҷир, ки дар кишварҳои пасошӯравӣ ва махсусан Федератсияи Россия қарор доранд, қишри аз ҳама осебпазир ба шумор мераванд. Ба ибораи дигар, имрӯз сару кор гирифтан бо муҳоҷирон барои экстремистон яке самтҳои муҳимтарини тарғибу ташвиқ қарор гирифтааст.
Тибқи маълумотҳо аксари ҷавонони дар муҳоҷират қарордошта дониши касбию ҳуқуқӣ ва таҷрибаи кофии рӯзгорро надошта, донишҳои динию дунявиашон сатҳӣ мебошанд. Намояндагони гурӯҳҳои экстремистию террористӣ дар навбати аввал бо чунин ҷавонон сару кор гирифта, бо роҳи ҷалби пинҳонӣ ва тадриҷан тағйир додани тафаккуру эътиқоди онҳо, зери ниқоби афзалиятҳои динӣ зоҳир мегарданд. Баъзе ҷавонон бо тафаккур ва ҷаҳонбинии дунявӣ ба Россия рафта, аз он тараф бо тафаккур ва ҷаҳонбинии ифротӣ ва хурофотӣ ба Ватан бармегарданд.
Инчунин кам нестанд ҳолатҳое, ки ҷавонони тоҷик аз рӯйи нофаҳмӣ ва ноогоҳӣ ба умеди таҳсил намудан дар донишгоҳҳои исломӣ, дар лагерҳои террористию экстремистӣ меафтанд ва баъди хатми донишгоҳ аксари онҳо ба фаъолиятҳои террористӣ машғул мегарданд. Масалан, тӯли чанд соли охир шаҳрвандони Тоҷикистон барои анҷом додани фаъолияти экстремистию террористӣ дар давлатҳои хориҷӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.
Дар дохили мамлакат низ ҳамасола бо ҷурми даст доштан дар фаъолияти экстремистию террористӣ даҳҳо нафар ҷавонони кишвар ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд. Яке аз хусусиятҳои ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар он ифода меёбад, ки онҳо аз хориҷи мамлакат ба таври кушод ва дар дохили мамлакат ба таври пинҳонӣ фаъолият менамоянд.
Чунин роҳу усули фаъолият ба онҳо имкон медиҳад, ки дар шароити тағйирёбии вазъияти сиёсию иҷтимоӣ худро бо он зуд мутобиқ созанд. Одатан ифротгароёни динӣ ба паҳн намудани адабиёти динӣ, видеороликҳои ифротӣ ва мағзшӯии ҷавонон машғул мегарданд. Бояд гуфт, ки дар шароити рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва дар раванди ташаккулёбии ҷомеаи иттилоотӣ аз ҳама бештар ҷавонон ҳамчун қишри осебпазири ҷомеа шинохта мешаванд.
Баъди пайдоиши шабакаи интернет ва махсусан сохта ба истифода додани шабакаи иҷтимоӣ дар ин торнома фаъолияти ташкилотҳои экстремистию террористӣ тамоман шакли худро иваз намуда, ба марҳилаи сифатан нав баромадааст, ки дар аксар маврид даркнашаванда мебошанд.
Хуршед АШУРЗОДА,
омӯзгори факултети сиёсат ва идораи давлатӣ
Возможно, это изображение (текст «小小 Mo зидди терроризм»)