Таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар асоси Низомномаҳое, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ҶТ аз 28 январи соли 2017, № 1/16 ва фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, №246 аз 30 январи соли 2017 тасдиқ шудаст, гузаронида мешавад. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соли панҷум аст, ки таҷрибаи педагогӣ дар асоси низомномаҳои тасдиқшуда баргузор мегардад. Бинобар ин, бо мақсади амалишавии қарори мазкур хатмкунандагони ихтисосҳои омӯзгории донишгоҳ барои гузаштани таҷрибаи педагогӣ дар 16 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Бохтар аз руйи 26 ихтисос, ҷамъ 1097 нафар сафарбар карда шуданд.

Муҳлати баргузории таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ дар як ҳафтаи академӣ то 10 соат дар ҳаҷми 6 кредит муқаррар карда шудааст, яъне дар як ҳафтаи таълимӣ 2 рӯз аз ҷадвали дарсии нимсолаи ҷорӣ озод намудан ва аз рӯи бастҳо дар муассисаҳои таълимӣ гузаронида мешавад. Барои иҷрои он аз ҷониби роҳбари зергурӯҳ дар асоси ҷадвали дарсии ва корҳои беруназсинфии мактаб ҷадвал тартиб дода шуда, иҷроиши он назорат карда мешавад.
Дар ҷамъбастӣ ҳафта фаъолияти таҷрибаомӯз аз ҷониби мушовирони фанни тахассусӣ, педагогика ва психология ва муаллими муассисаи таълимӣ арзёбӣ карда мешавад, ки ин дар давоми нимсола 16 ҳафтаро дар бар мегирад. Холҳои дар давоми 16 ҳафта гирифташуда аз ҷониби роҳбари зергурӯҳ ҷамъбаст карда шуда, ба 16 тақсим карда мешавад ва холи миёнаи умумии таҷрибаомӯз дар рафти таҷрибаи падагогӣ муайян карда мешавад. Холи ниҳоии таҷрибаомӯзро комиссияе, ки аз ҷониби деканати факултет дар назди кафедраи пешбар таъсис додааст, баъди муаррифии (презентатсия) таҷрибаомӯз, мегузорад.
Тибқи банди 19-и Низомномаи таҷрибаомӯзӣ донишҷӯёни курси 4-уми ихтисосҳои алоҳида ва курси 5-и ихтисосҳои ҳамгиро дар баробари мустақилона ташкил ва гузаронидани на камтар аз 12 машғулияти дарсӣ ва 3 машғулияти беруназсинфӣ аз рӯи ихтисос, инчунин супориши эҷодиро дар самти педагогӣ-психологӣ иҷро мекунанд, ки он аз рӯи панҷ бахши асосӣ(шахсияти хонанда, шахсияти омӯзгор,муоширати педагогӣ, маҳорати педагогӣ) натиҷагирӣ карда мешавад. Барои хуб ва самаранок гузаштани таҷрибаи омӯзгорӣ аз ҷониби садорати донишгоҳ раёсати таҳсилот, шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва деканатҳои факултетҳо корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд.
Фаъолияти таҷрибаи омӯзгорӣ аз рӯи ҷадвали гузаронидани таҷрибаи омӯзгорӣ аз ҷониби деканатҳои факултетҳои донишгоҳ тартиб дода шуда ва бо роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мувофиқ карда шудааст. Бояд қайд кард, ки барои гузаронидани таҷрибаи омӯзгории донишҷӯён бо 23 муассисаҳои таълимии рақамҳои 2,3,4,5,6, 7,8,9,10,11, 12, 13,14,15, литсейҳои рақами 1, «Ориёно «, ЛТТ ба номи Н. Назирмадов, литсейи донишгоҳ ва гимназияи «Аминҷон»-и ш. Бохтар, МТМУ-и №1-и н.Кушониён, МТМУ-и №1-и ш.Сарбанд, коллеҷи омӯзгорӣ ва МТМУ№5 -и ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд то соли 2022 шартномаҳои тарафайн баста шудааст.
Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи садорати донишгоҳ конфронсҳои дастурдиҳӣ дар факултетҳои филология, таърих ва ҳуқуқ, физика, забон ва адабиёти рус мувофиқи талаб гузаронида шуд. Масъулиятшиносӣ ва кордонии декани факултети забон ва адабиёти рус Рустамзода М.-ро бояд қайд кард.
Дар факултети техникӣ ва технологӣ аз бемасъулиятӣ ва ноуҳдабароии деканати факултет то ҳол конфронс гузаронида нашудаст ва донишҷӯён ба таҷрибаомӯзӣ сафарбар нагардидаанд. Ҷамъбастӣ таҷрибаомӯзӣ дар нимсолаи аввал низ ғайриқаноатбахш буда, ҳуҷҷатгузорӣ ва фаъолияти донишҷӯён низ ба талаботҳои Низомномаи таҷрибаомӯзӣ ҷавобгӯ нест.
Тибқи банди 33-и Низомнома бошад, донишҷӯе,ки дар рӯзҳои як ҳафтаи даври академӣ дар таҷрибаомӯзии педагогӣ иштирок намекунад, бояд саривақт ба садорати факултет муроҷиат карда, то рӯзҳои ҳафтаи минбаъдаи таҷрибаомӯзӣ ҳуҷҷатҳои лозимиро пешниҳод намояд.
Дар ҳолати пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ донишҷӯ аз гузаштани таҷрибаомӯзии педагогӣ барканор ва бо сабаби доштани қарзи академӣ аз рӯи ин шакли корҳои таълимӣ аз сафи донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбӣ хориҷ карда мешавад. Таҷрибаи омӯзгорӣ ба омӯзгорони варзида, собиқадору лаёқатманд дода шавад, зеро ки дар бисёр ҳолатҳо бинобар нарасидани омӯзгорон таҷрибаомӯзиро ба омӯзгорони ҷавон дода мешавад. Ё инки дар муассисаҳои таълимӣ низ омӯзгорони, донандагони касби худ кам нестанд, онҳоро ба таҷрибаомӯзӣ ҷалб кардан аз фойда холи нест.
Бо мақсади дар сатҳи боз ҳам беҳтар баргузор намудани таҷрибаомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ ба эътибор гирифтани чунин пешниҳод ва тавсияҳо зарур аст:
-масъулини факултетҳо ба ҳуҷҷатгузорӣ ва давомоти донишҷӯён дар рафти таҷрибаомӯзӣ бояд эътибори ҷиддӣ дода, саривақт ҷамъбасти онро гузаронанд ва аз натиҷааш ба раёсати таҳсилот маълумотномаи хаттӣ манзур намоянд;
-алоқаро бо мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ зич намуда, кӯшиш намоянд, ки дарсҳои амалӣ ва озмоиширо дар он ҷо баргузор кунанд;
-деканони факултетҳо донишҷӯёнеро, ки бесабаб дар таҷрибаомӯзӣ иштирок надоранд, ба садорати донишгоҳ оид ба чораҷӯйи пешниҳод намоянд;
-мудирони кафедраҳои муттасадиро лозим аст, ки назоратро аз болои мушовирони фаннӣ, педагогика ва психология пурзур намоянд;
-дар ҷаласаҳои деканатҳо ва кафедраҳои факултетҳо масъалагузориро оид ба рафти таҷрибаомӯзӣ ва ҷамъбасти он бештар намоянд;
-бо мақсади амалӣ намудани корҳои методӣ оид ба таҷрибаомӯзӣ, намунаҳои ҳуҷҷатгузории таҷрибаомӯзӣ, инчунин барои расонидани ёрии методӣ таъсис додани кабинети таҷрибаомӯзӣ дар донишгоҳ ба мақсад мувофиқ аст.
С. ХОЛМАТОВ,
роҳбари таҷрибаомӯзии ихтисосҳои омӯзгории донишгоҳ
Возможно, это изображение (4 человека, люди сидят, люди стоят, напиток и в помещении)