Бо ибтикори кафедари молияи ДДБ ба номи Носири Хусрав маҳфили “Хазинадор” дар мавзӯи “Нақш ва мақоми буҷети давлатӣ дар ташакулёбии рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир гардид, ки дар он Наргис Нурализода, мудири кафедра, Давлатмо Расулова, ҷонишини декан оид ба илм, Назира Абдуллоева, раиси маҳфил, омӯзгорони кафедар ва аъзоёни маҳфил иштирок намуданд.

Сухани ифтитоҳиро Наргис Нурализода, мудири кафедраи молия ҳусни оғоз бахшид.
Сипас, донишҷӯён Ҷуманазар Файзализода, донишҷӯёи курси чоруми ихтисоси молия ва қард дар мавзӯи “Таърихи пайдоиши буҷет”, Мавзуна Бобоева, донишҷӯи курси сеюми молия ва қарз дар мавзӯи “Мафҳуми буҷети давлатӣ вазифа ва сохторҳои он” ва Садриддин Мусоев, донишҷӯи курси чоруми ихтисоси молия ва қарз дар мавзӯи “Буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021” баромад намуданд.