Тани ҳар яки мо ба варзиш ниёз дорад. Варзиш одамро зебову тансиҳат нигоҳ медорад. Ҳангоми ба варзиш машғул шудан, мо дар ҷисми худ сабукиро эҳсос менамоем.

Одамони танбал ва пурхўр аз варзиш дуранд ва оқибати ин бешубҳа ҳеҷ аст. Тани солим барои инсон беҳтарин давлат мебошад. Моро лозим аст, ки барои тансиҳатии хеш талош варзем. Маҳз варзиш дар ин ҷода раҳнамои мост.Танбаливу коҳилӣ ва аз варзиш дур будан моро аз ин роҳи дуруст боз медорад. Дар давлатамон варзишгарон бениҳоят зиёданд. Онҳо давлати моро ба василаи варзиш ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, парчамбардори миллат мегарданд. Номи варзишгарони тоҷик вирди забони хурду калон мебошад.
Чуноне, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суханрониҳояш қайд менамояд, ки «Ҷавонон ояндаи миллатанд». Пас мо ҷавонони зодаи Истиқлол бояд камар бар он бандем, ки ба ин суханҳо сазовор бошему дар ободии кишвари хеш саҳмгузор бошем.
Беҳрўз ҲУСЕЙНОВ,
донишҷўи курси чоруми факултети филологияи тоҷик
Возможно, это изображение (один или несколько человек, люди стоят и в помещении)