Пешниҳоди Пешвои муаззами миллат ҷиҳати эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, хусусан ҳунарҳое, ки солҳо боз аз байн рафтаву аз хотираҳо зудуда гардида буд, басо созгор аст. Дар ин радиф ҷидду ҷаҳди занону бонувони тоҷик баҳри ташаккули ҳунарҳои ниёгонамон қобили таъкид аст.

Агар ин иқдом аз як тараф боиси рушду равнақ ёфтани ҳунарҳои мардумӣ бошад, аз ҷониби дигар барои беҳтаршавии сатҳи зиндагии мардум равона гардидааст. Қобили қайд аст, ки дар оини тоҷикон фарҳангу фарҳангдорӣ мавқеи аввалиндараҷа дорад. Дар замони муосир мо бо нафарони зиёде рў ба рў мегардем, ки ғайр аз оне, ки дар таълиму тарбияи наврасону ҷавонон масъуланд, ба омўзиши ҳунар низ вобаста гардидаанд.
Солҳои охир дар ҳар хонавода ҳатман пайдо мешавад нафаре, ки яке аз ҳунарҳои мардумиро аз худ намудаасту онро дар зиндагӣ воситаи пешбурди рўзгори хеш менамояд. Ин маданияти бой аз таърихи қадима доштани ҳунарҳои гузаштагонамон дарак медиҳад. Ҳунарҳои ресандагӣ, бофандагӣ, сабадбофӣ, бандбофӣ, чакандўзӣ, қаламкашӣ яке аз намудҳои маъмули ниёгонамон ба шумор рафта, то ба имрўз бо шаклу услубҳои хос омада расидаанд. Вақте дар гўшае аз канори кишвар яке ороишоти қадимии ҳунариро мебинем, аз он меболем, ки ҳақиқатан боз як ҳунари қадима эҳё гашта истодааст. Шахси ҳунарманд ба хубӣ дарк менамояд, ки роҳе ба сўи ободии ҷомеа кушодаасту бо заҳмат зинда.
Меҳнату заҳмат дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёт василаи оромию осоиштагӣ ва сарбаландии инсонҳост. Меҳнати ҳалол зиндагиро пурбаракот мегардонаду дар ҷамъият обрўмандат месозад. То ҳол мо дар сафҳаи таърих мебинем нафаронеро, ки тавассути ҳунару ҳунармандӣ ва меҳнати шоиста соҳибэҳтироманд.
Ба воситаи заҳмату талош занону духтарон тарғиби ҳунару либос ва анаъанаи гузашта менамоянд. Занони гулдўзи халқӣ, ки табиатро хеле нозукона эҳсос мекунанд, дар гулдўзӣ олами рангини атрофи худро ба таври хоса инъикос карда, хосият ва таассуроташонро дар он баён месозанд. Мо, ҷавонон бояд ба боварию эътимоди сарвари мамлакат сазовор гашта, пайваста фарҳангӣ либоспўшии миллиро риоя намоем.
Шаҳло ЗУЛФОВА,
донишҷўи курси сеюми факултети филологияи тоҷик
Возможно, это изображение (1 человек и текст)