Имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи ифротгароӣ ва тундагароӣ ё ба қавли маъруф терроризм ва экстремиз рӯ ба рӯ шудааст ва кӯшишу талош ба он дорад, ки пеши роҳи ин ҳаводиси номатлубро бигирад. Аммо то кадом дараҷа дар ин роҳ муваффақ аст, ин ба ҳамагон маълум аст. Ҳатто дар кишварҳои пешрафтатарини дунё, ки аз назари низомию ҳарбӣ қудратманд буда, тамоми имконотро дар ихтиёр доранд, то пеши роҳи ин ҳаводиси нангинро бигиранд, аз уҳдаи ин кор набаромада истодаанд.

Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки иллату сабабаш дар чист? Чаро ҷомеаи ҷаҳонӣ дар пешорӯи терроризм ва экстремиз ноилоҷ мондааст? Шояд ин ҷараёнҳое бошанд, ки ба дасти худи ин кишварҳои абарқудрат роҳандозӣ шудаанд ва онҳо он қадар ҳам намехоҳанд, ки ин ҷараёнҳо аз байн бардошта шаванд ва то андозае ин роҳу воситае мебошад, ки онҳо ҷаҳонро бо ин роҳ контрол кунанд ва намегузоранд, ки миллатҳо ва давалтҳо ба истиқлолияти комили худ бирасанд ва ин роҳи истифода кардани сарватҳои миллии он кишварҳо бошад? Дар ҳар сурат ин ва ба ин монанд саволҳо ҳанӯз бе ҷавобанд ва ба назари ман мо дар ин даҳсолаҳои наздик ба ин саволҳо посух пайдо карда наметавонем.
Имрӯзҳо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ равияҳое арзи вуҷуд кардаанд, ки мушаххас нест, он ҷараёнҳо моро то ба куҷо мебаранд. Поёни хеле аз ҷараёнҳои аслии ҷомеаи навин норавшан аст. Кишварҳои абарқудрати дунё муҷаддадан бо кишварҳои дар ҳоли рушд ва ба ном демократӣ шарик гашта, ба тақсимоти ҷадиди дунё дар замини нуфузи хеш ба ин ё он кишварҳо машғуланд.
Ба поён расидани захираҳои нафту газ дар дунё кишварҳоро маҷбур мекунад, ки роҳҳои нави таъмини аҳолии хешро бо маводи нерузо ҷустуҷӯ кунанд ё ба сарватҳои кишварҳое, ки онҳо ба андозаи кофӣ истихроҷ нашудаанд, дастдарозӣ кунанд. Ин омилҳо имкон дорад, ба муноқишаҳои ҷадид дар кураи Замин мунҷар шаванд ва боиси он гардад, ки хеле аз кишварҳои азим пароканда ва ба кишварҳои хурду кучак табдил ёбанд. Ҳамон тавре ки кишвари Югославия шуд. Дар маҷмӯъ, дунё дар оѓози ҷараёнҳои нав қарор дорад ва ин ҳаводиси номатлуб терроризм ва экстремиз бисёре аз ҷараёнҳоро дар дунё тезонида истодааст ва имкон дорад, дар байни кишварҳои дунё чолишҳои ҷадиде арзи ҳастӣ намояд.
Моро дар чунин нобасомонии кишварҳои дунё лозим аст, ки роҳи худро пайдо карда, гомҳои худро шумурда гузорем, то ба бозиҳои абарқудратҳо кашида нашуда, ба майдони нуфузи манфиатҳои онҳо мубаддал нагардем. Кишвраи мо, ки мутобиқ ба гуфтаҳои Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «дар ҷаҳон яке аз кишварҳои дорои аҳолии зиёди ҷавон буда, синни миёнаи аҳолии он 22,5 солро ташкил медиҳад» имкон дорад, ки ҷавонони мо аз камтаҷрибагӣ ба гурӯҳҳои гуногуни тундгаро ва тундрав кашида шаванд, ки дар маҷмӯъ, барои ҳамаи мо ва кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол хатарнок мебошад.
Мо набояд ҷавононро танҳо нагузорем, бояд ҳамеша дар канори онҳо бошем, аз мушкилоти онҳо бохабар шуда, ба онҳо кумак расонем, то онҳо роҳи худро дар ҳаёт пайдо кунанд. Он вақт ин ҷараёнҳои номатлуб ба кишвари мо нуфуз пайдо карда наметавонанд ва мо дар амну осоиштагӣ зиндагӣ хоҳем кард.
Қодирӣ Илҳом, мушовири
ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав
Возможно, это изображение в мультипликационном стиле