30 сол дар назди таърихи башарият муддати дарозе нест, вале дар ин муддат бисёр корҳои азиму дидание анҷом дода шудааст, ки дар таърихи тамаддун бо хатти заррин дарҷ шуда, фаъолияти пурсамару корҳои анҷомдодаи шахсони пешоҳанг ва абармардони миллату тамаддунро абадӣ сабт намудааст.

Миллати тоҷик, ворисни Ориёиҳо баъди ҳазор соли бедавлатӣ, яъне баъди шикасти Империяи бузурги тоҷикон, Сомониён тавонист соҳибдавлат гардида, Истиқлолияти комил ба даст оварад. Агар ба саҳифаҳои таърих нигарем дар ин ҳазорсола миллати тоҷик арзи ҳастӣ дошт, аммо давлат надошт. Танҳо бо заҳмату кўшишҳои олимону матафаккиронаш номи миллати тоҷикро нигаҳ дошт ва дар миқёси ҷаҳонӣ онро муаррифӣ менамуд.
30 – соли охир, агар гўем барои миллати тоҷик давраи тиллоӣ гашт, муболиға ва хатое нахоҳад шуд. Ҳарчанд солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои миллати тоҷик нокомию нохушиҳо овард ва бо талошу заҳмати зиёд, хирадмандии волою сиёсатмадории фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон тавонист аз раҳгумӣ, гурўснагӣ, аз кашмакашҳои сиёсӣ ва ҷанги бародаркушӣ ба зудӣ раҳо шавад. Агар гўем, ки ин буд сиёсатмадории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хато нахоҳад буд.
Инро миллионҳо нафар шаҳодат медиҳанд ва тасдиқ мекунанд. Заҳмату меҳнати Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи истиқрори сулҳ, гул-гул шукуфоии Тоҷикистони азиз, афзун намудани иқтидори иқтисодию сиёсии он бисёр бузург аст.
Бо раҳнамоию ҳидоятҳои Сарвари давлатамон халқи Тоҷикистон тўли 30 соли замони Истиқлолият тавонист, ки ба дигаргуниҳои бузург, сохтмони азиму неругоҳҳои барқӣ, кушодани нақбҳо, роҳу пулҳои аҳамияти маҳаллӣ ва байналмилалидошта, шаҳрсозию шаҳрдорӣ ноил гардад.
Бо ифтихор гуфта метавонем, ки пешрафту комёбиҳо дар ҳар гўшаю канори Ватани азизамон хеле хуб ба назар мерасад. Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки соҳибватан будан хушбахтӣ ва ифтихори бузург аст. Ҳамзамон ба қадри ин неъмати бебаҳо Ватан ва Истиқлоляти он расидан масъулияти бузург мебошад.
Бахтиёр АБДУЛЛОЕВ,
омўзгори факултети сиёсат ва идораи давлат
Возможно, это изображение (на открытом воздухе и памятник)