Имрӯз бо ташаббуси кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ маҳфил навбатии худро доир намуд, ки дар он мудири кафедра Шодмон Бақоев, омӯзгорон ва аъзоёни кафедра дар маҳфили ”Иқтисодчиёни ҷавон” иштирок доштанд.

Мавзӯи матраҳшавандаи маҳфил “Ташкили баҳисобгирии ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ба рушди кортҳои пластики дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ном дошта миёни иштирокчиён баррасӣ гардид.
Дар охир барои аъзои фаъоли маҳфил китоби ихтисосии “Аудит” аз ҷониби мудири кафедра тақдим гардид.
Бекзодаи МАҲМАДРАҲИМ,
роҳбари маҳфил