Имрӯз дар толори Кохи фарҳангии ДДБ ба номи Носири Хусрав конференсияи илмӣ-амалии донишгоҳӣ дар мавзӯи “Мавлоно дар оинаи муҳаққиқон” доир гардид.

Нахуст сухани ифтитоҳиро Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ оғоз намуда оид ба гиромидошти Мавлоно суҳбат намуд.
Рустам Тағоймуродов, доктори илмҳои филологӣ дар мавзӯи “Ба фарқи Маснавӣ най тоҷ бошад”, Раҷабалӣ Худоёрзода, директори Маркази илмӣ-таҳқиқотии “Мавлоношиносӣ”-и донишгоҳ ва Озодахон Раҳматова, муаллими калони кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Коллеҷи омӯзгории ДДБ ба номи Носири Хурсав дар мавзӯи “Мавқеи панду андарз дар рубоёти Мавлоно Ҷамолиддини Балхӣ” баромад намуданд.
Дар охир аз ҷониби аъзоёни маҳфили “Мавлонохонӣ”-и Маркази илми таҳқиқотии “Мавлоношиносӣ” қироати шеърҳо аз эҷодиёти Мавлоно шунида шуд.
Маркази таҳлилӣ-иттилоотӣ