Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии худро бедареғ ба фарзандон медиҳад ва хешро хушбахт меҳисобад.

(Эмомалӣ Раҳмон)

Муаллим, то даме, ки зиндааст, мехонад: Ҳамин ки аз хондан бозмонд, симои муаллимиаш низ барҳам мехӯрад.

(К. Д. Ушинский)

Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор

Шавад тира аз бехирадон рӯзгор.

(Ҷомӣ)

Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар.

(Халқ)

Ҳар кӣ номӯхт аз гузаши рӯзгор,

Низ номӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.

(Рӯдакӣ)

Муаллими ҳақиқӣ ҳамонест, ки дониши ӯ дониши хонандагонаш гардад.

(Д. И. Менделеев)

Агар муаллим барои эҳёи тафаккури насли нав хизмат намекард, зиндагӣ як лаҳзам ҳам пеш намерафт.

(А. С. Макаренко)

Муаллим бояд кори худро бидонад ва ба масъулияти сангини худ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ дошта бошад. Омӯзгор метавонад шахсони шоиста тарбия намояд, ӯ қодир аст, ки ҳатто одами бадкирдорро некӯ гардонад. Ҳеҷ ибодате беҳтар аз Муаллимӣ нест.

(Ҳусейн Мазоирӣ)
Возможно, это изображение (2 человека, ребенок, люди стоят и в помещении)