Эй муаллим

Эй муаллим, чашмаи меҳру вафо,
Эй муаллим, шаҳчароғи раҳнамо.
Панди ту бошад ғизои маънавӣ,
Меҳри ту андар дили мо гашта ҷо.
*****
Карди моро раҳнамун бар роҳи рост,
Каҷравӣ, – гуфти ба мо, – кори хатост.
Аз ту илми маърифат омӯхтем,
Ҳарфи ту барномаи рафтори мост.
Чун Падар ғамхор ҳастӣ баҳри ман.
Дар дили мо карди ҷо меҳри Ватан.
Доимо фархундаву болида бош,
Эй муаллим роҳбари волосухан.
*****
Нури маърифат ба рӯям боз кард омӯзгор,
Мурғи иқболам баландпарвоз кард омӯзгор.
Бесавод будам, савод омӯхту чашмам боз кард,
Аз “Алифбо” ҳарфи нав оғоз кард омӯзгор.
Дарси “Ҳусни хат”, “Забон”-у, “Хониш”-у “Одоб” дод,
Баҳри дониш ҷустанам дартоз кард омӯзгор.
То кушод бар рӯйи мо ҳар саҳфаи илму ҳунар,
Бар китоби зиндагӣ ҳамроз кард омӯзгор.
Ӯ ба мо ошно бикард таъриху фарҳанги бузург,
Худ ба эъҷозасту сарафроз кард омӯзгор.
Метавонам ман кунун аз роҳи устодам равам,
Баҳри бишнидан зи панд дамсоз кард омӯзгор.
Вақти он омад, ки чун устод мо доно шавем,
“Илм ҷӯй”, “Такрор кун”, овоз кард омӯзгор!
Озармеҳр
*******
Баланд аст аз фалак шони муаллим,
Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим.
Набошад неъмате дар ҳар ду олам
Ҳалол аз пораи нони муаллим.
Бидон инро, ки виҷдони ҳама халқ
Бувад аз рӯйи виҷдони муаллим.
Агар фардои меҳанро биҷӯйӣ,
Биёб аз файзи эҳсони муаллим.
Агар армони меҳанро бихоҳӣ,
Бидон аввал ту армони муаллим.
Каму беши замонро рост кардан
Тавон танҳо ба мизони муаллим.
Куҷо ояндаи рӯшан тавон дид,
Набошад нури чашмони муаллим.
Ягон ҳосил ба хоки мазраи таб
Магар рӯйида бе дони муаллим?
Бидон парвозгоҳи миллати мо
Бувад дар рӯйи дастони муаллим.
Камол Насрулло
******
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам,
Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам,
Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам,
Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
З-ин рӯ бузург ҳастӣ мисли падар, муаллим,
Дар олами маонӣ ҳам роҳбар, муаллим.
Ҳарфе дуруст хондам, аз шавқ медамидӣ,
Ноқис, ки менавиштам, бар хеш метапидӣ,
То сарбаланд бошам, бисёр сар хамидӣ,
Бори гарони меҳнат бар дӯши худ кашидӣ.
З-ин рӯ бузург ҳастӣ мисли падар, муаллим,
Дар олами маонӣ ҳам роҳбар, муаллим.
Омӯхта бароям одоби гуфтугӯро,
Во карда пеши чашмам дунёи орзуро,
Суде барои мардум бахшанда бин Амуро,
Дар роҳи бахтёбӣ маънои ҷустуҷӯро.
З-ин рӯ бузург ҳастӣ мисли падар, муаллим,
Дар олами маонӣ ҳам роҳбар, муаллим.
Дар гиру дори ҳастӣ, гуфтӣ, ки боҳунар шав,
Бар авҷ сар кашидӣ, аз қаър бохабар шав,
Аз дониши замонат пайваста баҳравар шав,
Дар ҳифзи халқу кишвар фарзанди номвар шав.
З-ин рӯ бузург ҳастӣ мисли падар, муаллим,
Дар олами маонӣ ҳам роҳбар, муаллим.
Тақдири насли миллат бар зиммаи ту бор аст,
З-ин бештар ба дунё дигар чӣ эътибор аст?
Омӯзгор он гаҳ мамнуну бахтёр аст,
Шогирди бовафояш бар халқ ифтихор аст.
З-ин рӯ бузург ҳастӣ мисли падар, муаллим,
Дар олами маонӣ ҳам роҳбар, муаллим.
Боқӣ Раҳимзода
***********
Шабонгаҳ назди шамъи хира дар каф
Китобу дафтару барнома дорад.
Бисанҷад дафтари шогирдҳояш,
Баҳо пас дархури дониш гузорад.
Агар дар маҷлис ояд, чун дигарҳо
Каломашро намесозад тиҷорат.
Ба рафтори хушу ахлоқи некӯ
Ба дасти дил диҳад оби таҳорат.
Чу мӯйи ӯ дилаш испед бошад,
Надорад заррае кибру ҳасодат.
Ба мактаб, ки бувад даргоҳи олӣ,
Ба гуфтори накӯ созад ибодат.
Ҷудо созад зару мисро ба дониш,
Алифбои фаросатро диҳад ёд.
Касе, ки кор гирад пандҳояш,
Намояд зиндагии хеш обод.
Фидоии ҳама давру замон аст,
Ба қалби одамон машъал фурӯзад.
Мисоли чеваре дар санги торих
Зи ақлу илму дониш нақш дӯзад.
Носири Хусрав
Возможно, это изображение (4 человека, ребенок и люди сидят)