Забони тоҷикӣ дар таърихи ҳазорсолаҳо мақому манзалаташро ҳифз кард, имрӯз бо нобиғаҳои сухан ба оламиён муаррифӣ гардидааст. Маҳз осори бузуругону шоирони беназир Рӯдакию Фирдавсӣ, Ибни Синою, Хайём, Аттору Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдию Ҳофиз, Носири Хусраву Ҳилолӣ, Ҷомию Аҳмади Дониш ва дигарон ашъори баландпарвозу асарҳои безаволашонро бо ин забони воломақом ба мерос мондаанд, ки то кунун шуҳрати оламшумули ниёгонамонро ҳифз менамояд.

Мақому манзалати байналмилалӣ ёфтани эҷодиёти ин шахсиятҳои бузург далолат бар он мекунад, ки эшон пушту паноҳи ин забони гиромию шевоянд. Далели ин андешаҳоро шоири муосири тоҷик Рашиди Қодириён дар абёти зерин хеле шоирона ёдоварӣ мешавад:
Ин забон аз нури имони ман аст,
Ин забони Оли Сомони ман аст.
Лоласону гарму ширину баланд,
Оташи поки ниёгони ман аст.
Ин забони миллати ман, халқи ман,
Ин забони Тоҷикистони ман аст.
Боиси ёдоварӣ аст, ки бо кӯшишу талошҳои донишмандону суханварони шаҳир Муҳаммад Осимӣ, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Акбари Турсун, Лоиқ Шералӣ, Шарофиддини Рустам ва чанде дигарон 22-юми июли соли 1989 Қонун дар бораи забони тоҷикӣ ба тавсиб расида буд ва дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми давлатӣ пайдо кард.
Истиқлолият барои рушди забони тоҷикӣ марҳилаҳои навро фароҳам овард. Бузургдошти даврони соҳибистиқлолӣ дар он аст, ки забони мо ба ҳайси забони миллӣ, коргузорӣ, сиёсию давлатӣ мубаддал мегардад. Бояд зикр кард, ки Ҳукумати кишвар баҳри арҷгузорию қадрдонии забон хизматҳои арзандаеро анҷом додааст. Ҳамин тавр, соли 2008 – Соли бузургдошти забони тоҷикӣ таҷлил карда шуд, ки он дар инкишофу волоияти каломи шаҳдбори тоҷикӣ таҳаввули бузургеро ба миён овард. Имрӯз забони тоҷикӣ, забони мукаммал ва қонуну санаднигорӣ гардидааст. Бо кӯшиши олимону забоншиносон дар солҳои соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ ба сифати забони илмӣ пазируфта шуда, муҳаққиқону олимон таҳқиқотҳои мукаммали илмӣ ва асарҳои бунёдиро ба ин забон таълиф менамоянд.
Воқеан, истиқлоли комили забон, тозагӣ, рушду нумуъ ва ғановату фасоҳати он дар таҳкиму худшиносиву худогоҳии миллӣ нақши муассир дорад ва ин рукни миллат боз ҳам дар густаришу ҷовидонии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои арзишманди бесобиқаро мегузорад.
Мутаассифона, ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ барои рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ монеаҳо эҷод кард. Алалхусус, дар соҳаҳои иҷтимоӣ, илму фарҳанг ва инкишофи Қонуни забони давлатӣ ҳамчун масоили сарнавиштсози миллат мушкилоти зиёд ба бор овард
Миллат ба роҳнамое эҳтиёҷ дошт, ки чун Исмоили Сомонӣ битавонад сулҳу амният ва забону фарҳанги миллатро комилан аз нав эҳё намояд. Хушбахтона, бо лутфи Худованд фарзанди ҷонфидои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меъмори сулҳу ваҳдат ва роҳнамову сарвари оқилу дурандеш ормонҳои миллии миллати фарҳангсолори тоҷикро қабои сабз пӯшонид.
Бо пешравиҳоии назаррас дар роҳи бунёди давлати миллӣ дар таърихи 5-уми октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар таҳрири нав аз ҷониби Пешвои миллат ба имзо расид, ки инак 12 сол инҷониб рӯзи бузургдошти забони тоҷикӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Илова бар ин яке аз хизматҳои шоёни Пешвои муаззами миллат ин аст, ки баҳри боз ҳам беҳтару хубтар донистани таърихи забони поки модарӣ бо унвони “Забони миллат – ҳастии миллат” нигоштаҳояшро ба мо соҳибзабонон эҳдо бинамудааст.
Дар ҳақиқат, мутолиаи ин шоҳасар ҳар фарди равшанзамир ва худогоҳро тафохӯри ватандӯстию арҷгузорӣ ба забону фарҳанги ниёгонамон мебахшад. Хусусан, суханҳои пандомези роҳбари давлат дар ин росто басо ватандӯстона қайд гардидаанд: “Забон инчунин падидаи фарҳангии миллӣ буда, ба воситаи он ҳар як шахс ҳувияти хешро мешиносад. Ҷаҳонбиниашро васеъ менамояд ва ҳофизаи маънавиашро қавӣ мегардонад. Илова бар ин, забон яке аз унсурҳои таконбахши таъриху фарҳанг ба шумор рафта, дар он анъана ва сунатҳои халқ ифода меёбад. Маҳз тавассути забон инсон арзишҳои маънавии халқи худро ҳифз менамояд ва ба ин арзишҳо арҷи бештар мегузорад”.
Мусаллам аст, ки дар тӯли асрҳо фарҳангу тамадуни волои мо ба забони тоҷикӣ сабт шуда, ҳамчун шоҳсутуни асосӣ ҳастии миллатро дар набардҳои мураккабу сангини таърихӣ нигаҳ доштааст. Каломи нотакрори модарӣ аз гузаштагон то замони мо поку беолоиш боқӣ мондааст. Мо ворисони забон муваззаф ҳастем,ки ин армуғони олии миллиро ҳамчун ёдгори бегазанди ниёгон то абад посдорию ҳифз намоем:
Забони модариям- ҳастии ман,
Ту ба шир омадӣ дар ҷони покам.
Бипайвасти маро бо рафтагонам,
Туӣ,ман зиндаам,бе ту ҳалокам.
Хушбахтона, забони ноби тоҷикӣ дар масири таърих то кунун баёнгари фарҳангу тамаддуни пурғановати миллати маҳсуб гардида, дар арсаи ҷаҳонӣ мақому манзалат ва ҷойгоҳи сиёсию фарҳангии худро дарёфт менамояд ва аз минбарҳои бонуфузу муътабари дунё садо медиҳад,ки барои соҳибзабонон шарафу ифтихори бузург аст.
Собирҷон Боймуродов,
омӯзгори факултети филологияи тоҷик
Возможно, это изображение (книга)