Паёми табрикии ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав профессор Давлатзода С. Х. ба ифтихори Рўзи омўзгор

Устодони гиромиқадр, ҳамкасбони азиз!
Мову шумо омўзгорон афроди хушбахти Ватан ҳастем, ки имрўз таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дариамал татбиқ намудани яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Тоҷикистон – баланд бардоштани сатҳу сифати дониш ва малакаи толибилмон ҷидду ҷаҳд дорем. Воқеан, омўзгор он шахсияти бузург ва нотакрорест, ки бо нури ақл олами фикрии шогирдонро равшан намуда, дунёи пурасрори илмро барояшон муаррифӣ мекунад. Аз ин рў ошёни меҳри устодон дар баландиҳо, дар қалди чандин насли толибилмҳост, барояшон сабақу фазл омўхта, ба камолашон расонидаанд. Мардум ба муаллими воқеӣ ҳамчун шахси закиву хирадманд, донишманду бофарҳанг бо эҳтироми хоса муносибату муомила менамоянд ва ба ў бовар карда, барои тарбия азизтарин шахс-фарзандашонро ба ихтиёраш месупорнад.
Омўзгор ва соҳаи маориф маҳз дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар диёри арҷманди мо мақоми меҳварӣ пайдо намуд ва эътибору таваҷҷўҳ ба он рўзафзун гашт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Певои миилат дар сиёсати хирадмандонаи хеш ба соҳаи маориф афзалият бахшида, таъкид намуданд, ки «Маориф неруи тавонову пешбари кишвар аст ва имрўзу фардои мамлакатамон ба он алоқаи ногусастанию қавӣ дорад».
Дар робита ба ин, соҳаи маориф дар байни ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакатсоҳаи афзалиятнок эълон гарид. Ин чунин маъно дорад, ки давлат охирин имкониятҳои хешро ба инкишофи ҳамаҷонибаи таълиму тарбияи шаҳрвандони бомаърифату огоҳ, ватанпарасту инсонпарвар мебахшад. Фарзанди фарзонаи миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама, рў ба маърифати мардум, худогоҳии шаҳрвандон оварда, мактабро қасри нуру зиё ва муаллимонро чароғи маърифат хонданд. Ба қавли Пешвои миллат маҳз муаллим аст, ки доимо меомўзад ва он чӣ андўхтааст, ба дигарон таълим медиҳад.
Дар заминаи дастуру ҳидоят ва дастгириву ғамхориҳои доимии ПЕшвои миллат дар саросари кишвар бунёду ба атври замонавӣ муҷаҳҳазонидани таълимгоҳҳои нав дар даврони истиқлолият авҷ гирифта, танҳо соли гузашта 157 муассисаҳои таҳсилоти умумии нав барои 63 000 хонанда бунёд гардида, ба истифода дода шуданд. Умуман, дар ин давра дар мамлакат беш аз аз 3020 иншооти соҳаи маориф барои як миллиону сесад ҳазор ҷойи нишаста сохта ба истифода дода шуданд, ки далели ғамхориҳои доимии Пешвои миллат ба соҳаи маориф маҳсуб меёбанд.
Ҷавобан ба ғамхориҳое, ки Сарвари давлат дар ҳаққи омўзгорон ва соҳаи маориф арзонӣ доштаанд, бояд кўшиш ба харҷ диҳем, ки дар раванди таълиму тарбия дар замири ҷавонон ваҳдату ягонагӣ, дониши баланду ахлоқи намунавӣ, муҳаббат ба Ватан, дўст доштани сарзамини муқаддасамон ба таври ҳамешагӣ маъво гирад, то ки барои пойдории давлати соҳибихтиёрамон ва зиндагии хушбахтонаву рўзгори осудаи наслҳои имрўзу фардо заминаи мусоид фароҳам оварем. Имрўзҳо вақти он расидааст, ки ба кори пурмасъулияти муаллимӣ онҳое ҷалб карда шаванд, ки пеш аз ҳама, дар ниҳоди хеш ҷавҳари маърифати худогоҳиву худшиносӣ, инсонгароиву башардўстӣ, ифтихори милливу ватандўстӣ дошта бошанд ва аз уҳдаи ин пешаи бузургу нотакрор баромада тавонанд.
Устодони арҷман, ҳамкасбони азиз!
Ба касе пўшида нест, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳамчун яке аз марказҳои асосии тайёр намудани кадрҳои омўзгорӣва рушди фарҳангу адаби кишвар дар тўли фаъолияти беш аз чилсолаи худ дар қатори дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат дар тарбияи омўзгорон ва мутахассисони бахшҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат нақши сазовор гузоштааст. Устодони донишгоҳ дар самти корҳои илмӣ ба таври бесобиқа натиҷаҳои намоёнро ба даст оварда, танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 16 нафар рисолаҳои илмии хешро сарбаландона дифоъ намуданд ва ин ҳадди охирин нест. Зеро таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои рўзафзуни Пешвои миллат ба соҳаи маориф моро водор месозад, ки тамоми неруи ақлониву зеҳнии худро дар партави иҷрои супоришу ҳидоятҳои Сарвари давлат барои беҳбудӣ бахшидан ба сифати таълиму тарбия, истифодаи роҳу усулҳои фаъол дар рафти таълим, корбасти технология ва техникаи замонавӣ дар раванди таҳсилот, тайёр намудани мутахассисони баландихтисосу дорои ахлоқи ҳамидаи ба талаботи ҷаҳони муосир ҷавобгў равона созем.
Умедворам,ки Шумо-муҳтарам ҳайати профессорон, омўзгорон, кормандон, донишҷўён ва ҳозирини гиромӣ дар таъмини пешрафту созандагӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёт, дар кафолати зиндагии осоиштаву пурнишоту бунёди ҷомеаи шаҳрвандии демократӣ ва ҳифзи сарватҳои волои миллат , пешрафту шукуфоии донишгоҳи азизамон саҳми арзанда мегузоред.
Дар охир, аз фурсати муносиб истифода намуда, ба тамоми устодон ва донишҷуён, ки муаллимони ояндаанд, дар ин пайроҳаи мукшил ва пурифтихори омўзгорӣ саодати рўзгор ва иқболу шукуфоӣ орзу намуда, таманнои онро дорам, ки рўзи омўзгор барои Шумо устодони гиромиқадр ва кулли омўзгорону алоқамандони соҳаи маориф навгониҳои тоза ба тоза эҳдо намояд.
Рўзи омўзгор муборак!
Возможно, это изображение (1 человек и костюм)