Имрӯз ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни факултети физика дар саҳни бинои факултет ҷамъ омада чорабинии идонаро бахшида ба Рӯзи омӯзгор ва ҳафтаи Иди забон доир намуданд.

Ин чорабинӣ бо ибтикори Собирҷон Боймуродов, омӯзгори фанни забони тоҷикӣ таҳия гардида дар он донишҷӯён оид ба васфи омӯзгор ва қадру манзалати забони модарӣ шеър ва сурудҳо сароиданд.