Ҳар як адиб забон ва услуби хосаи нигорандагии худро дорад ва ҳунари офарандагии адиб махсусан ба воситаи забону услуби хосаи ў маълуму муайян мегардад.

Яке аз шоирони боистеъдоди адабиёти даврони шўравии тоҷик Ғафур Мулло (1922 – 1992) низ ҳамқадами замон буд ва ҳама бурду бохти давр ва шикасту рехти он дар шеъраш акс ёфта, бо махсусиятҳои услуби баёни шоир тавсифу тасвир шудаанд. Ғафур Мулло шоирест, ки забону услуби нигорандагии худро дорад. Ҳамин мавзўъ ва мундариҷаи интихобнамудаи Ғафур Мулло, услуби хосаи шоирона ва забони содаю оммафаҳми ў сабаб гардидааст, ки мавқею нуфузи шоир дар миёни аҳли қалам ва хоса хонандагону шунавандагони шеъраш то ҷое боло рафта, шеъри ў ҳаводори худро пайдо намояд.
Роҷеъ ба забон, услуб ва мазмуну мундариҷаи ашъори Ғафур Мулло олимону адибони шинохтаи кишвар, ба монанди Ашўр Сафар, Қутбӣ Киром, Қурбоналӣ Раҷаб, Ҳасани Муродиён, Раҷабалӣ Худоёрзода, Исроил Иброҳимов, Усмон Билолӣ ва дигарон арзишдоварӣ намуда, ба шеъри ў баҳои мусбат додаанд.
Ҳангоме ки ба ашъори шоир ошноӣ пайдо мекунӣ, хуб пай мебарӣ, ки Ғафур Мулло дар ҳақиқат шоири боистеъдод аст.
Яке аз вазифаю ҳунари асосии адиб дар он зоҳир мегардад, ки ў забони халқи худро, гавҳару дурдонаҳои носуфтаи онро сайқал додаву пухта гардонида, пешкаши дигарон намояд: «Нависанда бояд устоди каломи бадеӣ бошад. Захираи луғавии халқи худро чунон моҳирона истифода барад, ки хонанда аз мутолиаи асарҳои ў дунё – дунё завқ гирад. Забонро халқ меофарад ва нависанда бояд ба халқ ҳамаи ин тароват ва ҳусни ин забонро нишон диҳад», – гуфтааст устод Мирзо Турсунзода.
Қобили ёдоварист, ки Ғафур Мулло аз зумраи ҳамон донандагони хуби каломи бадеӣ ба ҳисоб рафта, аз захираи луғавии забони миллати хеш дар шеъраш бо маҳорати хосаи нигорандагӣ истифода намудааст.
Масъалаи дигаре, ки дар пеши ҳар адиб гузошта мешавад, ин аст, ки бояд асари ў бо забони содаву равон, дар омезиш бо забони зиндаи халқӣ ва забони шевову равони адабӣ иншо шавад. Ҳақ бар ҷониби устод Айнист, ки дар ин хусус чунин гуфтааст: «Забони авоми тоҷик забонест, ки вайро оммаи тоҷик фаҳмад, дар ҷумлабандӣ, дар ташбеҳҳо, дар киноя ва истиораҳо, дар зарбулмасалҳо ва дар дигар бобатҳо хусусият ва рўҳи забони тоҷикӣ риоя карда шуда бошад».
Ҳамаи гуфтаҳои болоро мо айнан дар шеъри Ғафур Мулло мушоҳида менамоем, аз ҳар мисраи шеъри шоир мо ҳам ғизои маънавӣ ва ғизои завқӣ – зебоипарастӣ мегирем. Калимаю таркибот дар шеъри шоир рехтаву пурмазмун, дилчаспу хотирмон буда, ба кас ҳаловати маънавӣ мебахшад: «Нависанда, – мегўяд устоди донишманд Носирҷон Маъсумӣ, – тавассути забон ва услуби пешгирифтааш ба халқаш гуфтугў мекунад».
Хусусияти асосии услуби ашъори Ғафур Муллоро ашъори инсондўстонаю сулҳҷўёнаи ў фаро мегирад. Мавсуф ҳамчун шоири ҳассосу инсонгаро одамонро ба дўстию якдигарфаҳмӣ, башардўстӣ, ваҳдату муттаҳидӣ даъват мекунад:
Мо ҳомии сулҳем ба он анбозем,
Ҳамболи кабўтарони дар парвозем.
Мо пушту паноҳи мардуми дунёем,
Мо қотили ҷангу соҳиби эъҷозем.
Мавзўи одаму одамгарӣ, сулҳу дўстӣ, некию накўкорӣ ва дигар хасоили неки инсонӣ тамоми осори шоирони форсу тоҷикро фаро гирифтааст. Ғафур Мулло низ ин мавзўоти рўзмарраи одамиро меҳвари асосии ашъори худ қарор додааст.
Ғафур Мулло дар ашъори худ аз калимаҳои серистеъмоли адабию маҳаллӣ, мақолу зарбулмасалҳои шевои мардумӣ истифода намудааст, ки ҳамаи ин комёбиҳо аз шоир дониши баланди забониро тақозо мекунад. Гуфтан мумкин аст, ки Ғафур Мулло ҳамчун омўзгори пуркор ва рўзноманигори ҳақиқатгуфтор аз хату забони миллати хеш ва гўйишҳои пурқимати мардумӣ огоҳии комил дошта ва дар шеъраш аз онҳо самаранок истифода намудааст.
Яке аз машҳуртарин нависандагони рус Константин Федин дар хусуси донистани забону услуб, аз ҷумла донистани забон, ки асоси услубро ташкил медиҳад, чунин гуфтааст: «Асоси услуб, ҷони онро забон ташкил медиҳад. Забон шоҳи тахтаи шоҳмоти услуб мебошад. Шоҳ набошад, ҳеҷ гуна бозӣ нест. Забон набошад, ҳеҷ гуна нависанда нест».
Яке аз муваффақияту дастовардҳои дигари эҷодии Ғафур Мулло дар он аст, ки ў тавонистааст дар осори бадеии худ аз гўйишҳои мардумӣ ва махсусан мақолу зарбулмасалҳои халқӣ моҳиронаю шоирона истифода бурда, ба ин васила шеъри худро хонданбобу равон ва мувофиқ ба табъи хонанда гардонад.
Масалан, шоир дар дубайтии зерини худ калимаи «шалпар» – ро, ки маънои мондашавию хаста шуданро дорад ва яке аз серистеъмолтарин калимаҳои шевагии мардуми ҷануб ба ҳисоб меравад, моҳирона истифода намудааст:
Манам доро аз ин дилдории дил,
Надорам ғам зи ғамбардории дил.
Миёни роҳ гар шалпар шудам ман,
Шудам сарбор чун сарбории дил.
Ё дар шеъри дигари шоир калимаи серистеъмоли мардумии «кулук», ки маънои нотавону бемадор ва хаму чанг задани қоматро дорад ва ин калима ҳам хоси гўйиши мардуми ҷануб, бахусус мардуми Кўлоб, ба ҳисоб меравад, дар шеър чунин истифода шудааст:
Эй чарх, кунун риштаи дукам кардӣ,
Дар ҷомаи пурсеҳр ту кукам кардӣ.
Дар пастию дар баландии роҳи ҳаёт,
Афтондию хезондӣ, кулукам кардӣ.
Шеър бо забону услуби шоирона навишта шуда, мундариҷаи онро шикояту шикваи рўзгор, азобу ранҷи замона фаро гирифтааст.
Дар шеъри дигари шоир калимаи «пук», ки яке аз калимаҳои сирф тоҷикии шевагии мардуми ҷануби кишварамон ба ҳисоб меравад, бамавриду муносиб истифода шудааст:
Шайтон, ки бинои фитнаро сохт, аҷаб,
Туҳматчӣ – ако ба кина пардохт, аҷаб,
Туҳматчӣ «муҳандис» асту «меъмор» – шайтон,
Ин лонаи пук агар сар афрохт, аҷаб.
Шеър бо мазмуну муҳтавои худ ноадолатию ноҳақиҳои даврро инъикос намудааст. Дар шеър калимаю таркибҳои мардумии шайтон, туҳматчӣ ва муҳандису меъмор дар либоси киноя омадаанд. Аз ҷумла, дар шеър калимаи «пук», ки маъноҳои мухталиф: донаи пук – донаи бемағзу сабук, ба таври дигар донаки пуч; тарбузи пук – тарбузи палакмурдаи белаззат; одами пук – одами серҷоғу ёвагўро ифода мекунад, вале дар шеъри боло ибораи «лонаи пук» маънои маҷозӣ дошта, инчунин маънои хонаи ноустувору бемоя, ки дар он ягон ҳақиқату аслият дида намешавад, омадааст.
Дар шеъри ҳаҷвии «Эй, хўше!» шоир аз калимаҳои серистеъмоли мардумии ҷиз – ҷиз (ҷз – ҷз), шашлик (кабоб ё сихкабоб) бамавриду муносиб истифода намудаааст:
Ҷиз – ҷизи сихи кабоб аз гўшае
Дод овози хўше бар гўши ман.
Боз шуд карнай барин беихтиёр
Иштиҳои баставу хомўши ман.
Ман аз он шашлик харидам чор лик,
Лаззат аз ҳар ликка бурдан хостам.
Чанд каш – каш карда бо рагҳои гўшт,
Андар ин кашмокашакҳо костам.
Аз ин гуна мисолҳо бармеояд, ки дар ашъори Ғафур Мулло калимаю таркибҳои зиёди халқии гуфтугўӣ истифода шудаанд.
Яке аз ҳамин гуна мисолҳои дигар калимаҳои кўталу нишеб (шебу фароз) мебошанд, ки дар шеъри «Деҳа» истифода шудаанд:
Деҳам ба канори Панҷи саршор,
Роҳаш ҳама кўталу нишеб аст.
Дар куртаи сабзи кўҳсорон
Чун нақши баҳор дилфиреб аст.
Дар рубоии зерини шоир калимаи серистеъмоли халқии мижжа – миҷгон корбаст шудааст, ки то ҷое шеърро равону хушоҳанг гардонидааст:
Дар хонаи даҳр шодиву ғам зоданд,
Ин шодиву ғам барои одам зоданд,
Оби ғаму шодиро ба ҳам пайваста,
Бар сабзаи ҳар мижжаи мо нам доданд.
Шоир дар шеъри зерини худ аз калимаи лесидан ё лиштан, ки яке аз калимаҳои серистеъмоли мардуми ҷануб ба ҳисоб меравад, истифода намудааст:
Аз фурўғи ошкорои сухан,
Зиндагӣ озод аз банди завол.
Захмҳои дил табобат мекунад
Хешро лесида монанди ғизол.
Дар шеъри «Чанори танҳо» шоир аз калимаи халқии шевагӣ сарқоқ ё сари қоқ, ки маънои яккаву танҳоро дорад, дар шеър чунин овардааст:
Сарсабзии худ чанори сарқоқ,
Имрўз зи дасти хеш додаст.
Дар чорраҳа ситода ў рост,
Гўё ки асои дасти бод аст.
Дар шеъри «Тоқачинор» бошад, шоир аз ибораи маъмули халқии сари қоқ истифода намудааст:
Бо шохи шикастаю сари қоқ,
Истода хамўш аз чӣ ҳайрон?
Гоҳе ба сукуту гаҳ ба тамкин,
Гоҳе бувад ў зи чӣ ҳаросон?.
Ҳарчанд ки шеърҳои мазкур як мазмунро ифода намоянд ҳам, вале шоир дар шеъри аввал калимаи сарқоқ ва дар шеъри сонӣ бошад, ибораи сари қоқро истифода намудааст.
Аз таҳқиқи осори Ғафур Мулло маълум гардид, ки шоир дар ашъори арзишманди худ аз калимаю таркиботи фаровони халқии гуфтугўйӣ баҳри равону дилчасп гардидани шеъраш истифода намудааст.
Ҷиҳати дигаре, ки ба забону услуби Ғафур Мулло ҳусн зам кардааст, ин истифодаи зарбулмасалу мақолҳои халқӣ ва воҳидҳои фразеологӣ дар эҷодиёти ў мебошад.
Масалан, дар шеъри зерини Ғафур Мулло таъбири «Девори намкаш» киноя аз одамони нозуктабъе, ки ҳама гапу чизи нофаҳмидаро ба худ мегиранду зуд аз дигарон меранҷанд, чунин истифода шудааст:
Ту дар ворастагиҳо кам расидӣ,
Ту дарёи дили шабнам надидӣ.
Агарчи беғараз панде шунидӣ,
Чу девори шикаста нам кашидӣ.
Ё таъбири «Сояи касеро аз девор тарошидан», яъне касеро ниҳоят бад дидан дар шеъри зерини шоир бамаврид корбаст шудааст:
Ду ҳамдевор як девор доранд
Ва ҳамдеворҳо ҳамсоя бошанд.
Валекин сояҳои ҳамдигарро
Аз ин девор доим метарошанд.
Зарбулмасалҳо низ дар эҷодиёти Ғафур Мулло, махсусан дар ашъори ҳаҷвии шоир мавқеи назаррас доранд. Шоир тавонистааст барои тасвири хислатҳои пасту разилаи қаҳрамонони манфии шеъри худ баҳри боз ҳам образноку дилчасп гардидани шеъраш аз мақолу зарбулмасалҳои халқӣ бамавриду муносиб истифода барад.
Аз ҷумла, дар шеъри зерин, ки «Давои қурут – оби ҷўш» унвон дорад, шоир зарбулмасали маъмули «Давои қурут – оби ҷўш» – ро тазминан истифода кардааст:
Дар сояи девор бидидам, ки базўр
Истода ба ҳоли зор гўсолаи бўр.
Якбора надонем, ки аз ў рафт мадор,
Афтиду сараш кўфт чунон сахт ба девор.
Бинмуда бараҳна шоф он шофбурут,
Гуфт: «Обаки ҷўш бувад давое ба қурут».
Дар шеъри «Муш гўш дорад» – и шоир низ зарбулмасали маъмули «Девор муш дорад, муши он гўш дорад» моҳиронаю шоирона дар қолаби тазмин истифода шудааст:
Аз халқи бузургам ин мақол аст,
Дар зиндагӣ панди безавол аст.
«Девори шикаста муш дорад,
Мушест дар он ду гўш дорад».
Девори шикастаро назар кун,
Аз муши дупои он ҳазар кун.
Инчунин, дар ашъори Ғафур Мулло як қатор мақолҳои серистеъмоли мардумӣ низ истифода шудаанд, ки мазмуну муҳтавои шеъри шоирро обуранги бадеӣ бахшида, ба назми шоир ҳусну таровати дигаре зам намудаанд.
Масалан, дар шеъри зерини шоир зарбулмасали «Дарахти босамар сари хам дорад» бамаврид истифода шудааст:
Донам, ки дарахти боровар,
Сархам шаваду вале диҳад бор.
Аввал бибарад ба хубӣ он суд
Аз сардию гармиҳои бисёр.
Дар шеъри дигари шоир мақоли серистеъмоли халқии «Қатра – қатра ҷамъ шавад, дарё шавад» бо як услуби хосаи шоирона ба қалам омадааст:
Гашта бо ҳам қатраҳо ёре шуда,
Лаҳза – лаҳза ҷўйи саршоре шуда,
Боз чандин ҷўйҳо бо ҳам равон,
Рафта – рафта боз анҳоре шуда.
Ё дар байти пандомези зерини шоир, ки хонандаро ба омўхтани илму ҳунар талқин мекунад, мақоли «Ба як мард чил ҳунар кам» моҳирона истифода шудааст:
Гар туро гардад муяссар чил ҳунар,
Рав, ҳунар омўз бо саъйи дигар.
Ҳамин тавр, таъбиру ибораҳои рехта ва зарбулмасалу мақолҳои мардумӣ дар ашъори Ғафур Мулло истифода шуда, мазмуну маънии шеъри шоирро то андозае боло бардошта, забону услуби шоирро боз ҳам равону дилчасп гардонидаанд.
Маҳорати эҷодии Ғафур Мулло бо забондониаш услуби хосаи нигорандагии ўро муайян намудааст. Аз мутолиаи шеъри шоир пеши назари хонанда гоҳ ҳазлу шўхӣ, гоҳ арзу таваллои ошиқу маъшуқ ва гоҳо тасвири манзараҳои сеҳрофарини пурнақшу нигори диёр, махсусан табиати ҳамешабаҳори он меояд.
Хулоса, осори Ғафур Мулло гуногунмавзўъ, доманфарох ва серҷабҳа буда, ў дар офаридани ашъори гуногунжанру гуногунмавзўъ маҳорати хуби нигорандагӣ дорад. Дар ифодаю баёни анвои гуногуни шеър забону услуби хоссаи муаллиф эҳсос мешавад, яъне Ғафур Мулло шоирест, ки бо сабку услуби хоси худ метавонад дар дили хонанда ва дўстдорони доираи васеи каломи бадеъ ҷой гирад, ба зеҳну идрок ва эҳсоси онҳо таъсиргузор бошад.
Маҳмурод Раҳмонов,
омӯзгори кафедраи забони тоҷик
Возможно, это изображение (текст «T D www.kitobam.com»)