Забон яке аз рукнҳои асоситарини давлатдорӣ ва нишонаи бақову пойдории миллат маҳсуб ёфта, ганҷинаи гаронбаҳоест, ки аз ниёгони бофарҳангу соҳибтамаддунамон ба мо мерос мондааст. Ба ин хотир, мо тасмим гирифтем, ки дар ин таълифот чанд андешаи худро роҷеъ ба мақоми давлатӣ пайдо кардани забони тоҷикӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва татбиқи он дар раванди дарсҳои маърўзавӣ ва КМРУ–и забони адабии ҳозираи тоҷик иброз намоем.

Дуруст аст, ки ҳар як кишваре, ки соҳиби истиклолияти давлатӣ аст ва забони давлатӣ дорад, ин забон забони расмию коргузории ў буда, дар қонуни асосии давлатӣ – Конситутсия дарҷ карда мешавад. Яъне забони давлатӣ дар баробари Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва пойтахти давлат дар Конститутсия зикр карда шуда, ба ин восита ў ба рамзу муққадасоти давлатӣ шомил мегардад.
5-уми октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо таҳриру иловаҳо қабул гардид. Дар банди 2-юми моддаи сеюми қонун қайд шудааст: «Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст забони давлатиро донад». Дар қонун зери мафҳуми «ҳар як шаҳрванд» натанҳо тоҷикон, балки тамоми миллатҳое, ки маскуни Тоҷикистон мебашанд, фаҳмида мешавад, аммо дар баробари ин ҳуқуқи миллатҳои дигар поймол намешавад, зеро дар моддаи 4-ум банди 1-ум омадааст: «Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, ба истифодаи озоди забони модариашон ҳуқуқ доранд» .Гуфтан мумкин аст, ки қабули қонуни мазкур боз як қадами ҷиддӣ дар роҳи худшиносиву худогоҳии миллӣ, эҳё ва рушди таъриху фарҳанги кишварамон ба ҳисоб рафта, он нақш ва ҷойгоҳи забони давлатӣ-тоҷикиро дар миёни дигар забонҳои дунё устувортар месозад.
Забон ва миллат бо ҳамдигар тавъаманд ва маҳз забон аст, ки миллату давлатро мешиносанд ва эҳтиром менамоянд. Агар ба ибораи дигар гўем, забон боис мегардад, ки миллату давлат ташаккул ёбад. Аз ин ҷост, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири ҳифз, нигаҳдорӣ ва пойдории забони тоҷикӣ як қатор чораву тадбирҳои муфиду саривақтӣ андешид ва андешида истодааст, ки ба гумони ғолиб он дар рушду такмили забони давлатӣ бетаъсир нахоҳад монд. Дар ин радиф метавон Соли забони тоҷикӣ эълон гардидани соли 2008, қабул ва мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», таъсис ва ба фаъолият шурўъ намудани Кумитаи забон ва истилоҳҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва монанди инҳоро номбар кард.
Ба назари мо яке аз омилҳои муфиду муҳим, ки ба татбиқ, ҳифзу нигоҳдорӣ ва пойдории имрўзу ояндаи забони давлатӣ (тоҷикӣ) мусоидат менамояд, пеш аз ҳама таҳия, тарҷума, нашр ва рўйи чоп овардани ҳам китобҳои дарсӣ ва ҳам китобҳои илмиву адабӣ ва таърихиву фарҳангии шоирону нависандагони тоҷик мебошад, ки ин иқдомро то қадри имкон давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ва иҷро намуда истодааст.
Ногуфта намонад, ки яке аз сабабҳое, ки имрўзҳо наврасону ҷавононро аз мутолиаи китоб, рўзномаву маҷаллаҳо дур мекунад, нафаҳмидани маънои луғавии баъзе калимаҳост. Аз ин рў, олимон, адибон ва махсусан рўзноманигоронро лозим меояд, ки дар интихобу истифодаи калима эҳтиёткор бошанд. Кўшиш кунанд, ки калимаҳои тоҷикиро истифода бурда, забони нигоштаҳои худро ба фаҳми мардум мутобиқ намоянд.
Дар ин ҷо зарур меҳисобем, ки доир ба нахустин «Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 22 июли соли 1989 қабул гашта буд ва сабабҳову зарурати қабули қонуни нав дар ин соҳа каме ибрози андеша намоем. Тавре мебинем, аз қабули қонуни пешин то қабули қонуни нав зиёда аз 20-сол сипарӣ гаштааст. Аз ин ҷо маълум мегардад, ки қонуни пешин ҳангоми мавриди амал қарор даштанаш, то ҷое рисолату вазифаи хешро иҷро кард, вале бо сабаби гузаштани мўҳлат ниёз ба ворид намудани тағйиру иловаҳоро пайдо намуд. Илова бар ин, қонуни мазкур пеш аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ қабул гашта, табиист, ки он на ҳама паҳлўҳо ва ҷанбаҳои масъалаҳои забони давлатӣ (тоҷикиро) дуруст, пурра ва ба таври воқеӣ дар бар гирифта, инъикос намуда буд. Фикр мекунем, бо назардошти ҷой доштани чунин сабабу ҳолатҳои номбаргардида давлату ҷомеаи моро зарурат пеш омад, ки ба таҳия ва қабули қонуни ҷадид рў оварад.
Мавриди зикр аст, ки Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баъди мулоҳиза ва муҳокимарониҳои дуру дароз ва баҳсу талошҳои боисрору ошкорои намояндагони илму адаби ҷумҳурӣ таҳия ва пешниҳод гашт, ки он охиран аз тарафи Президенти ҶТ таҳти рақами 553 имзо ва аз 5-уми октябри соли 2009 интишори расмӣ ёфта, аз 7 бобу 28 модда иборат аст.
Чи гунае, ки ба мо маълум аст, дар муқаддимаи қонуни мазкур омадааст, ки ин қонун вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро дар ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд. Моддаи сеюми қонуни мазкур забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро забони тоҷикӣ номида, донистани онро вазифаи ҳар як шаҳрванди ҶТ эълон намудааст. Илова бар ин, дар қисми 6-уми моддаи мазкур муқаррар гаштааст, ки ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабӣ ҳатмӣ мебошад. Чун донистани забони давлатӣ вазифаи ҳар як шаҳрванд муқаррар гаштааст, ҳар яки моро заруру лозим аст, ки ба ин нуқта ва дигар паҳлуҳои меъёрии қонун аҳамияти ҷиддӣ диҳем, зеро моддаи 26-уми қонуни мазкур муқаррар кардааст, ки шахсони мансабдор, инчунин воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки талаботи қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Яке аз нуқтаҳои муҳиму асосии қонуни мазкур дар он аст, ки он барои халқу миллатҳое, ки дар ҳудуди Тоҷикистон истиқомат доранд, ба истиснои ҳолатҳои муқаррар намудаи қонун, ҳуқуқи озодона истифода бурдани забони модариашонро додааст, ки ин нуқта дар қисми сеюми моддаи 2-и Конститутсия низ омадааст.
Бо назардошти он ки қонуни мазкур 5-уми октябри солит 2009 қабул гаштааст ва маҳз ҳамин рўз забони тоҷикӣ аз нав ва дубора мақоми давлатӣ гирифт, парлумони кишвар ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» ва кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид намуда, муқаррар кард, ки мувофиқи он «22-юми июл – Рўзи забони тоҷикӣ» ба калимаҳои «5-уми октябр – Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шавад. Яъне минбаъд шурўъ аз ин сол дар санаи 5-уми октябр Рўзи забон дар саросари ҷумҳурӣ бо тантана ҷашн гирифта мешавад.
Месазад таъкид намоем, ки барои риояи дурусти қоидаҳо ва талаботи қонуни мазкур, пеш аз ҳама саъю кўшиш ва ҳисси масъулияту эҳтироми ҳар яки мо дар назди забони давлатӣ лозим аст.
Пўшида нест, ки дар татбиқу риояи қонуну қоидаҳои забони давлатӣ, пеш аз ҳама саҳми олимону адибон, зиёиён, аз ҷумла рўзноманигорон, ки равшангарони имрўзу фардои миллатанд, зиёд аст. Онҳо барои нигоҳ доштани шевоӣ, зебоӣ, салосату нафосати ин забон, барои бойгардонии он, барои ба пояи баланд бардоштани мақом, тоза нигоҳ доштани он ва ба фаҳми омма наздик кардани каломи ВАО саъю кўшишҳои зиёд мекунанд. Чунончи моддаи 12, 13, 14 ва 15 –и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастури рўимизии ҳар як мутахассиси улуми филологӣ буда, айни замон ҳар як омўзгори соҳибсалиқа кўшиш ба харҷ медиҳад, ки иҷроиши талаботи бандҳои моддаҳои мазкурро дар фаъолияти ҳаррўзаи худ амалӣ сохта, бо ин роҳ дар татбиқи қонун ва сиёсати ҷумҳуриямон дар ин самт мусоидат намояд.
Махсусан, дар дарсҳои забони адабии ҳозираи тоҷик мо омўзгорон метавонем моддаҳо, бандҳо ва талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба донишҷўён шарҳ дода, онҳоро водор намоем, ки
– бо қонуни мазкур аз наздик ошно гарданд ва мундариҷаи онро аз худ намуда, ҳангоми суханронӣ ба меъёри забони адабӣ риоя намоянд;
– аз ҳар гуна луғатномаҳо ва фарҳангҳо истифода бурда, маъноҳои луғавии калимаҳоро шарҳ диҳем ва ба донишҷўён бойигарии таркиби луғавии забонамонро хотиррасон намуда, ба онҳо фаҳмонем, ки ба ҷойи баъзе калимаҳои душворфаҳми арабӣ мо метавонем дар нутқи хаттӣ ва гуфтугўӣ аз вожаҳои шевои тоҷикӣ истифода барем (ба монанди аксар – бисёр, амният-нигаҳбонӣ, ба иллати – ба сабаби, минҷумла-аз ҷумла, мустақар-муқим, воқеъ будан, муҳофизон-нигоҳбонон, посбонон, қайчӣ – дукорда ва ғ.);
– зимни корҳои мустақилона ба донишҷўён супориш диҳем, ки аз маводи ВАО калимаҳои душворфаҳмро ҷудо намуда, маъноҳои луғавӣ ва ба кадом маъно истифода шудани онҳоро дарёфт намоянд ва баҳри ёфтани муродифҳои онҳо дар забони тоҷикӣ кўшиш ба харҷ диҳанд;
– тавассути саволномаҳо ва супоришҳо донистани роҳу воситаҳои калимасозӣ ва қоидаҳои имлои забони тоҷикиро ба донишҷўён талқин намуда, савияи забондонӣ ва нутқи адабии онҳоро такмил диҳем.
Ҷои шакку шубҳа нест, ки дар ҳолати нест шудани забон миллату давлат низ аз байн меравад. Пас, ҳар як миллату давлатро лозим меояд, ки доир ба ҳолати имрўзаву ояндаи забони давлатии худ бетарафу бепарво набошад ва пайваставу пайгирона аз пайи рушду тавсеаи он бошад. Хушбахтона, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус сарвари давлатамон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо дарки ин нукта ба ин масъалаи муҳимтарини миллату давлат таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
Ба ҷои хулоса метавон қайд кард, ки бо мақсади танзиму татбиқ ва амалӣ гардонидани ин иқдоми пешгирифтаи давлату ҳукумати имрўзаи ҷумҳурӣ, пеш аз ҳама ҳар яки мо омўзгоронро зарур аст, ки ба хотири ҳифзу нигоҳдорӣ ва пойдории забони тоҷикӣ ҷидду ҷаҳд намоем ва дар поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, инчунин бо забони давлатӣ ва шеваи тоҷикӣ сухан ронда тавонистани ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ саъю талош варзем.
Муҳаббат Маҳмадалиева, саромўзгори кафедраи адабиёти тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав
Нет описания фото.