Ҳар сол бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми идораву муассисаҳо, ташкилоту корхонаҳои ҷумҳуриамон чорабиниҳои мухталиф баргузор мегарданд, ки мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо поку покиза нигаҳ доштани забони тоҷикӣ ва ба таври зарурӣ донистани он мебошад. Агар мо сад сол ҳам дар бораи забони давлатиамон суханронӣ кунему дар ҳаёти ҳаррӯзаамон он гуфтаҳоро амалӣ насозем, об дар ҳован кӯфтан аст.

Тавре ки аз ҳаёти ҷомеа маълум мегардад, ҳоло ҳам дар миёни мо афроде ёфт мешаванд, ки ба покизагии забон ва дурусту саҳеҳ истифодабарии калимаю таркибҳои забони тоҷикӣ аҳамияти зарурӣ надода, савияи забономӯзии худро баланд намебардоранд ва умуман барои ислоҳи нуқсонҳои забонии худу дигарон кӯшише ба харҷ намедиҳанд. Баъзеҳо дар баён намудани мақсади худ ба мушкилӣ дучор шуда, ночор забони модариро бо забонҳои аҷнабӣ махлут сохта, арзи матлаб мекунанд. Бояд хотиррасон намуд, ки ҳар як шахс забони халқу миллатҳои дигарро дар муқоиса бо забони модарии худ меомӯзад. Вой бар ҳоли он забономӯзе, ки аз забони модарии худ ба таври бояду шояд баҳравар набошад. Дар ин хусус Саидаҳмадхоҷаи Аҷзӣ барҳақ фармудааст:
Агар сесад забон донӣ фузун нест,
Ҳама рӯзе ба кор ояд, забун нест.
Надонӣ гар забони давлати худ,
Пушаймонӣ надорад оқибат суд.
Агар шахс ба ҳаёти сипарикардаи худ як назар андозад, мебинад, ки ӯ дар оила ва боғчаи кӯдакон то 7-солагӣ бо забони модарии худ тарбия гирифта, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии зодгоҳаш 10-11 сол бо забони модарии худ таҳсил карда, 4-5 соли дигар дар омӯзишгоҳу коллеҷ ё донишкадаву донишгоҳҳо бо забони модарӣ таълим гирифта, ҳамчун мутахассис дар муассиса ё корхонае кор мекунад, вале дар маҷлис ва ё ҷамъомаде бо забони адабии меъёрӣ дурусту саҳеҳ, буррову фасеҳ суханронӣ карда наметавонад. Пурсида мешавад, ки ин ҷо айб дар ош аст ё дар мош?
Бо боварӣ метавон гуфт, ки дар ин гуна ҳолатҳо айб дар ҳамон шахсонест, ки ҳангоми тарбия дар оила, аснои таҳсил дар мактаби миёна ва ё мактаби олӣ ба забономӯзии худ аҳамият надода, ба масъалаи суханварӣ тамоман бепарвоӣ зоҳир кардаанд. Забономӯзӣ ҳам масъулият дорад, зеро дар моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» омадааст: «Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст забони давлатиро донад».
Ба таври зарурӣ надонистани забони модарӣ ин аз надоштани ҳисси миллии шахс дарак медиҳад. Ҳар як шахсро лозим аст, ки пеш аз ҳама бояд худшиносу худогоҳ бошад, забон, фарҳанг, адабиёт, таърих, урфу одат, анъанаву маросим ва умуман тамоми арзишҳои миллии худро эҳтирому пос дорад, вагарна носипосӣ ба арзишҳои миллӣ шахсро бегонапарасту беҳис ва манқурт мегардонад.
Калимаи «манқурт» дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» чунин шарҳ дода шудааст: «Беэъ¬ти¬но¬и¬ку¬нан¬да, беҳурматинишондиҳанда (нисбат ба расму одати худ); инкоркунанда(-и таъ¬рихи худ); он ки мағзаш хушк шуда бошад».
Ҳисси миллии фарзандони миллат агар баланд бошад, мутахассисони хуб ба воя мерасанд ва Ватан тараққӣ карда, ободу зебо ва гул-гулшукуфон мегардад. Дар бораи ҳисси миллӣ касб намудани миллати мо устод Абулқосим Лоҳутӣ ҳанӯз дар асри гузашта барҳақ фармуда буд:
Тараққиҳои ҳар миллат самар аз ҳиссашон бошад,
Талоше, ғайрате, ҳиссе, шумо ҳам миллатед охир.
Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким низ ба мардуми тоҷик рӯ оварда, барои ҳифзи миллату забон, шод гардонидани рӯҳи рафтагон ва дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия намудани насли имрӯзаву оянда ба мо чунин ҳушдоре додааст:
Аз миллату аз забони худ ёд кунед,
Арвоҳи гузаштагони худ шод кунед.
То ҳарф занад ба тоҷикӣ тифли шумо,
Дунёи варо тоҷикӣ бунёд кунед.
Бояд зикр кард, ки қадами нахустини худшиносиву худогоҳии миллӣ ин наку донистани забони модарист. Агар ҳисси миллии шахс баланд бошад, ӯ ба қадри миллат, забон, фарҳанг, адабиёт, таърих ва умуман ба тамоми арзишҳои миллии худ мерасад ва дар пешрафту шукуфоии Ватану миллати хеш содиқонаву холисона саҳмгузорӣ менамояд. Дар ин мақола мо кӯшиш намудем, ки баъзе нуқсону камбудиҳои забонии ҳамдиёронро, ки дар гуфтору навиштаҳояшон ба мушоҳида мерасанд, мавриди интиқод қарор диҳем, то ки аз ин гуфтаҳо хулоса бароварда, дар оянда баҳри бартарафсозии онҳо талош варзанд.
Акнун ба мисолҳо рӯ меорем, ки имрӯзҳо дар гуфтору навиштаҳои ҳамзамонони мо баъзе нодурустгӯию нодурустфаҳмиҳое мавҷуданд, ки боиси харобии забони модарии мо гаштаанд. Аввалан, ноҷо истифода кардани баъзе вожаю калимаҳост, ки мо қариб ҳар рӯз онҳоро мешунавему мехонему менависем. Чунончи, калимаҳои «одӣ», «сода», «ҳила», «зинат», «тинат», «қимат», «киса»-ро аксарияти мардум бо ташдиди ҳарфҳои «д», «л», «н», «м» ва «с» дар шаклҳои «оддӣ», «содда», «ҳилла», «зиннат», «тиннат», «қиммат» ва «кисса» талаффуз мекунанду менависанд, ки ғалати маҳз аст.
Вожаҳои «одӣ» ва «сода» дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» бо як ҳарфи «д» оварда шудаанд. Дар «Фарҳанг»-и мазкур калимаи «одӣ» ба маънои «одатшуда, одатӣ, расмишуда, муқаррарӣ» ва вожаи «сода» ба 4 маъно: «1. пок, тоза. 2. холис, пок, соф (оид ба тилло, нуқра ва ғ.). 3. соф, пок (аз олоиши бадӣ ва макру фиреб). 4. нодон, гӯл» омадааст. Бинобар ин моро зарур аст, ки он вожаҳоро бе ташдид, яъне бо як ҳарфи «д» нависем, зеро як хато метавонад садҳо касонро бо роҳи хато равона созад.
Калимаи «гила» дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ба маънои шиква, шикоят ва вожаи «ҳила» ба ду маъно омадааст: «1. макр, фиреб; дасиса. 2. чора, тадбир». Калимаи «зинат» ба маънои «он чӣ ба воситаи он чизеро оро диҳанд; ороиш, зевар», вожаи «тинат» ба маънои «ниҳод, табиат, сиришт», калимаи «қимат» ба маънои «баҳо, нарх, арзиш» ва вожаи «киса» ба маъноҳои «1. халтача барои нигоҳ доштани пул, ҳамён; 2. халтачаи махсус аз порчаи дағал барои равондани чирки бадан; маҷозан дашном додан, ҳақорат кардан, сахт маломат кардан» омадааст.
Калимаи таркибии «байналмилалӣ» бидуни ташдид навишта мешавад, вале баъзеҳо онро дар шакли нодурусти «байналмиллалӣ» мехонанду менависанд. Ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки сохти калимаю вожаҳои забони меъёриро тағйиру дигаргун созад. Дар ҳама ҳолат ёрирасони мо ин луғату қомусҳо ба ҳисоб мераванд. Махсусан, «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (дар ду ҷилд. Москва, 1969) яке аз беҳтарин раҳнамо ва мададрасон барои ҳамаи мост. Мо бояд ҳар рӯзу ҳар соату ҳар дақиқа аз ин китоби муътабар истифода барем. Моро воҷиб аст, ки барои аниқ кардани шакли саҳеҳи ҳар як калимаи шубҳанок рӯ ба «Фарҳанги…» мазкур оварем. Ҳеҷ ҷойи айбу шарм кардан нест, ки мо барои аниқ донистани шакл ва маънои калимаҳои даркориамон лаҳза ба лаҳза аз «Фарҳанг…» истифода намоем, вале ғалатхонию ғалатнависии калимаҳо бароямон айби бузург аст.
То ҳанӯз баъзеҳо ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бепарвоӣ зоҳир карда, калимаҳои «Моҳ», «Офтоб», «Замин» ва ғайра номҳои хоси сайёраҳоро бо ҳарфи хурд менависанд, ки аз нуқтаи назари забонӣ хато мебошад. Дар банди 23-уми «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» омадааст, ки «ҷирмҳои кайҳонӣ бо ҳарфи калон навишта мешаванд: Офтоб, Моҳ, Замин, Зуҳра, Зуҳал ва ғайра».
Мутаассифона, номи сайёраҳоро бо ҳарфи хурд навиштан на танҳо дар матбуоти даврӣ, балки дар навиштаҳои баъзе адибону олимони ҷумҳуриамон низ ба назар мерасанд. То ҳол баъзе адибону рӯзноманигорон, олимону зиёиён, омӯзгорону хонандагон ба ин нукта аҳамият надода, номи хоси сайёраҳоро бо ҳарфи хурд менависанд.
Нуқсони дигаре, ки дар тарзи гуфтори имрӯзиён ба назар мерасад, ин ташдиди баъзе калимаҳоро ҳазф кардан мебошад. Масалан, аксари хонандагони макотиби оливу миёна ҳангоми суханронию шеърхонӣ калимаҳои «миллат», «аммо», «ҳатто», «хуррам», «муқаддас», «Саттор», «ғаддор», «Ғаффор», «шиддат», «муваффақият», «Зебуннисо», «таманно»-ро бидуни ташдиди ҳарфҳои «л», «м», «т», «р», «д», «ф», «н» дар шаклҳои нодурусти «милат», «амо», «ҳато», «хурам», «муқадас», «Сатор», «ғадор», «Ғафор», «шидат», «мувафаққият», «Зебунисо» «тамано» талаффуз мекунанду менависанд, ки боиси харобии забон гардидааст. Ин гуна ноҷӯриҳо на танҳо дар миёни баъзе хонандагону донишҷӯён, балки дар талаффузу навишти баъзе омӯзгорон ва ҳатто дар нутқи бархе наттоқони телевизиону радиоҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ низ ба мушоҳида мерасанд. Гарчанде вожаҳои дар боло овардашуда ҳамагӣ калимаҳои арабӣ бошанд ҳам, бо мурури замон ба фонди луғавии забони тоҷикӣ дохил гардидаанд ва пурра моли халқи тоҷик ба ҳисоб мераванд.
Ҳамчунин, баъзе аз ҳамзамонони мо калимаҳои «тадқиқот»-ро дар шакли «татқиқот» ва баръакси он вожаи «татбиқ»-ро дар шакли «тадбиқ» менависанд, ки ин гуна хондану навиштан низ ғалати маҳз ҳисобида мешавад.
Кор ба ҷое расидааст, ки ҳатто ному насаби бузургону имрӯзиёнро низ дар шакли ғалат мехонему менависем. Масалан, номи Абдурраҳмони Ҷомиро Адбураҳмони Ҷомӣ, Хоқонии Шарвониро Ҳоқонии Шервонӣ, Абусалики Гургониро Абусулайки Гургонӣ, Ваҳшии Бофқиро Ваҳшии Бофақӣ, Зебуннисоро Зебуниссо, Камолиддин Баноиро Камолиддин Биноӣ ва ғайра менависанду талаффуз мекунанд. Ҳамин гуна ғалатгӯию ғалатнависиҳо аз тарафи олимони соҳа борҳо мавриди интиқод қарор гирифта бошанд ҳам, то ҳанӯз идома доранд.
Марҳум Абдулманнони Насриддин дар китоби «Матншиносии осори адабӣ» доир ба ин масъала дар боби «Саҳву иштиҳот дар китобҳои кириллӣ» чунин қайд кардаанд: «Дар осори илмию адабии интишорёфта ба алифбои кириллӣ саҳву иштибоҳи зиёде дар зикри номҳо ба чашм мерасад. Чунончи номи ношири маъруфи Ҳинд Нувал Кишурро исми макон гумон кардаанд ва онро дар шаклҳои «Нӯлкишвар», «Нуввалкишвар», «Нувалкишӯр», «Невал Кишур» ва амсоли инҳо навиштаанд. Дар осори муосирони мо Муҳаммадтақии Донишпажӯҳ дар шакли Донишпужваҳ, Қушайрӣ дар шакли Қишрӣ, Узун Ҳасан дар шакли Авзун Ҳасан, Сайидои Карухӣ дар шакли Каравухӣ, Муҳаммади Мишкот дар шакли Машкут, Абузари Ғифорӣ дар шакли Абузари Ғаффорӣ навишта шудаанд».
Тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, баъзе калимаҳои арабӣ, ки солҳои пеш бо ҳарфи «ӯ»-и дароз навишта мешуданд, акнун тибқи муқаррароти «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» (2021) бо ҳарфи «у»-и кӯтоҳ навишта мешаванд. Мутаассифона, ҳоло ҳам аксари мардум чун одати пешина калимаҳои «буҳрон», «зуҳд», «куҳна», «луъбат», «муҳлат», «муҳтарам», «муҳр», «нуҳ», «суҳбат», «таваҷҷуҳ», «шуҳрат», «шуъба», «шуъла» ва ғайраро бо ҳарфи «ӯ»-и дароз менависанд, ки ин ғалат ба ҳисоб меравад. Ҳамин ғалатнависии мардумро ба назар гирифта, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот ба пешниҳоди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз банди 5-уми «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011, № 458) бармеояд, феҳристи вожаҳоро дар хусуси тарзи дурусти навишти ҳарфи «у» пеш аз ҳарфҳои «ҳ» ва «ъ» ва бо назардошти меъёри имлои ҳарфи «ӯ»-ро интишор намуд, ки 67 вожаро дар бар мегирад. Тибқи ин дархост бояд дар ҳама ҳолат калимаҳои дар феҳрист овардашуда минбаъд бо ҳарфи «у»-и кӯтоҳ навишта шаванд.
Интишор гардидани ин феҳрист дар миёни олимони соҳа ва дигар зиёиён вокунишҳоеро ба миён овард, ки аз феҳристи мазкур баъзе калимаҳо берун мондаанд ва баъзе калимаҳои дар он овардашуда бояд бо ҳарфи «ӯ»-и дароз навишта шаванд. Масалан устоди филиали ДДМ ба номи М.В. Ломаносов дар ш. Душанбе Абдурауф Холиқов дар мақолаи бо номи «Имло ва мушкилоти таълим» чунин ибрози назар намудааст: «Феҳристи мазкур омӯзиши имлои садоноки «ӯ»-ро боз ҳам мушкилтар намуд, зеро дар он баъзе нофаҳмӣ ва норавшанӣ барои хонандагону омӯзгорон ба назар мерасад… Пас аз нашри феҳрист хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорон ба ҳолати ногуворе афтоданд, зеро феҳрист носаҳеҳ ва баҳснок мебошад». Ӯ пас аз ошноӣ бо «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» чунин таъкид намудааст: «Қоидаҳои имло бинизомдарорандаи навишт ба шумор мераванд. Аз ин рӯ, қоидаҳои имло бояд кӯтоҳ, саҳеҳ, фаҳмо ва аз ҷиҳати илмӣ асосноку устувор буда, шубҳа ва дудилагии хонандаро бартараф карда тавонад». Ҳамчунин ӯ таклиф ба миён мегузорад, ки «феҳристи пешниҳодшуда ва қоидаҳои навишти «у» ва «ӯ» аз тарафи аҳли илм баррасӣ, пурраву равшан ва чун замима ба қоидаҳои имло нашр гардад».
Воқеан ҳам мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аз байни калимаҳои дар феҳристи мазкур овардашуда калимаҳои «муъзин», «муаззин» «муъзӣ», «музӣ», «муъмин» ва «мунис», ки ҳарфи «вов»-и онҳо пеш аз аломати ҳамза (на пеш аз ҳарфи «ъ» (айн)) омадааст ва таърихан дар таркиби худ ҳарфи «вов» доранд, бояд бо ҳарфи «ӯ»-и дароз навишта шаванд.
Баъзан дар гуфтору навиштаҳои бархе аз омӯзгорону адибон низ мешунавему мехонем, ки ба ҷойи калимаю ибораҳои «ақвот» «авқот», «кӯшиш» «кушиш», «тағйир» «таъғир», «мусарраъ» «мурассаъ», «нусха» «нухса», «вазъ» «ваъз», «таъм» «тамъ», «халъи силоҳ» «ҳалли силоҳ», «парешонхотир шудан» «хавотир шудан», «мизоҷ» «миҷоз», «нукта» «нуқта», «нумӯ» «нумӯъ», «коғаз» «қоғаз», «Таҳмина» «Тахмина», «маҳкам» «махкам», «маъраз» «мараз», «чинор» «чанор», «суол» «савол», «рустанӣ» «растанӣ», «навруста» «навраста», «навъ» «наъв» мегӯянду менависанд ва ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ба нозукиҳои забони адабиамон на танҳо баъзе хонандагону донишҷӯён, балки баъзе омӯзгорону адибон ҳам эътибор намедодаанд. Инро набояд фаромӯш кард, ки ҳар як чизи навишташударо мантиқ мебояд ва агар чизи навишташуда аз мантиқ орӣ бошад, онро хонандаи закӣ қабул намекунад ва ба муаллифи он эрод хоҳад гирифт.
Ҳар чизе, ки мо мегӯем ва ё менависем, он хоҳ дар воситаҳои ахбори омма бошад ва ё дар мақолаҳои илмию методӣ ҳатман он бояд мантиқ дошта бошад, вагарна он гуфтаҳою он навиштаҳо ҳадафрасу таъсирбахш нахоҳанд буд.
Имрӯзҳо аксарияти шаҳрвандони ҷумҳуриамон ҳангоми суханронӣ аз минбарҳои баланд калимаҳои лозиму нолозимро донистаю надониста ба забон меоранд ва эшон хаёл мекунанд, ки ба маънои аслии онҳо хуб сарфаҳм рафтаанд. Масалан, онҳо ба кори касе муваффақият хостанӣ шаванд, чунин мегӯянд: «Ба Шумо бурдборӣ хоҳонам!» Вале дар асл калимаи «бурдборӣ» маънои муваффақиятро надорад.
Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» вожаи «бурдборӣ» чунин шарҳ дода шудааст: «сабру таҳаммул, тоқат». Пас маълум мешавад, ки бурдборӣ ба касе гуфта мешавад, ки ба сараш ягон мусибат, шикаст, бори гарон, ташвиши зиёд афтода бошад, на ба оне, ки дар корҳо комёб шуда бошад.
Инчунин дар баъзе навиштаю гуфторҳо калимаи «инобат» ва таркиби «ба инобат гирифтан» низ ғайримақсаднок истифода мешаванд. Яъне гӯянда мехоҳад иброз намояд, ки мо он ҳама тадбиру чораҷӯиҳоро ба назар гирифтаем. Дар асл вожаи «инобат» дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» чунин тафсир шудааст: «Иноба // инобат тавба кардан, бозгаштан аз чизе, даст кашидан аз гуноҳ; тавба, зорӣ; пушаймонӣ». Ҳамин гуна ғалатгӯию ғалатнависиҳо дар миёни мардуми мо бисёр ба назар мерасанд, ки пеши роҳи онҳоро гирифтан қарзи инсонии ҳар як зиёии кишвар ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин ағлаби мардум ҳангоми ҷамъбандии калимаҳои арабӣ ба иштибоҳ роҳ дода, ба он гуна калимаҳои дар шакли ҷамъомада, боз пасвандҳои ҷамъбандии тоҷикӣ газошта, шакли калимаҳоро вайрон месозанд. Чунончи, аксаран мешунавему мехонем, ки баъзеҳо ба ҷойи калимаҳои «абёт» «абётҳо», «рубоиёт» «рубоётҳо», «талабот» «талаботҳо», «сабзавот» «сабзавотҳо», «мақомот» «мақомотҳо», «шароит» «шароитҳо», «васоит» «васоитҳо», «навиштаҳо» «навиштаҷотҳо», «ахбор» «ахборотҳо», «маҳсулот» «маҳсулотҳо», «маълумот» «маълумотҳо», «тадқиқот» «тадқиқотҳо», «мавод» «маводҳо» мегӯянду менависанд, ки саҳеҳ нест.
Ҳамагон дар бораи тозагию покиза нигоҳ доштани забони тоҷикӣ сухан меронем, вале то ҳанӯз баъзеҳо дар аснои суханронӣ ва навиштаҳои худ аз истифодабарии калимаҳои аҷнабӣ даст накашидаанд. Ин амал на танҳо дар миёни халқи одӣ, балки дар навиштаҳои зиёиён низ ба назар мерасад, ки ин ба тозагию покизагии забони мо зиён меорад. Махсусан, бо забони махлут сухан кардан дар миёни ҷавонон бисёр ба назар мерасад. Онҳо дар рафти суханронии худ ба ҷойи калимаву ибораҳои ноби гӯшнавози тоҷикии «мусофиркаш», «истгоҳ», «гардиш», «интизорӣ», «аз ду сар», «нусха», «гузаргоҳ», «чароғаки роҳнамо», «арғунчак», «дорухат», «рӯзнома», «маҷалла», «имтиҳон», «санҷиш», «чипта», «шиноснома», «паёмак», «варақа», «имло», «сархат», «нуқта», «танзимгар», «ронанда», «боғчаи кӯдакон» (кӯдакистон), «боғ», «ҳифз кардан», «ҷудо кардан» ва ғайра мутаносибан калимаю ибораҳои аҷнабии «маршурутка», «астановка», «поворот», «ждат», «всеравно», «копия», «пешеход», «светофор», «карусел», «ретсепт, «газета», «журнал», «экзамен», «зачёт», «билет», «паспорт», «эсемес», «чек», «диктант», «абзатс», «точка», «диспечер», «шофёр», «садик» (яслӣ), «парк», «сохранит», «виделит» ва ғайраро истифода мебаранд, ки хеле нороҳаткунандаву гӯшхарош ва нисбат ба забони модариамон таҳқиромез мебошанд.
Мо набояд ба харобкорию ғалатгӯию ғалатнависии ҳамдиёрони худ бетараф бошем. Агар ҳар яки мо баҳри тозагии забон, барои беҳбудии он садо баланд кунему дар ислоҳи нуқсонҳои ҷойдошта талош варзем, оҳиста-оҳиста носаҳеҳиҳо аз байн рафта, забони аз ниёгонамон ба мо меросмонда боз ҳамон мақоми азалӣ ва волоияти худро соҳиб мегардад.
Вақти он расидааст, ки Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо сохторҳои худро таъсис диҳад, то шахсони мутасаддӣ баҳри тозагию покизагии забони модариамон назоратро пурзӯр намоянд.
Боварӣ дорем, ки хонандагону донишҷӯён, омӯзгорону адибон, умуман тамоми шаҳрвандони ҷумҳуриамон барои покизагии забон ва баҳри беҳтару хубтар донистани он талошу кӯшиш меварзанд.
Дар охири ин мақола шоҳбайти шоири зиндаёд Лоиқ Шералиро ҳамчун ҳусни мақтаъ оварда, ҳамагонро барои неку хуб донистани забони модарӣ даъват менамоям:
Бок не, гар доварӣ гум кардааст,
Ё умеди сарварӣ гум кардааст.
Заҳр бодо шири модар бар касе,
К-ӯ забони модарӣ гум кардааст.
Раҷабалӣ Худоёрзода,
директори Маркази илмӣ-таҳқиқотии «Мавлоношиносӣ»-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
Возможно, это изображение (текст «забон хастии миллат ACT!»)