Дар кафедраи фаъолияти гумрук бо ҷалби донишҷӯёни соли сеюм дарси кушоди мудири кафедраи фаъолияти гумрук, н.и.и.дотсент Шамсуллозода Холназар гузаронида шуд. Дарс бо усулҳои фаъоли таълим – тахтаи электронӣ, муаррифӣ, намоиш гузаронида шуд. Раванди дарс презентатсия ҷолиб аз ҷониби омӯзгор омода шуда бо тариқи мултимедия пешниҳод шуд.

Ба донишҷӯён моҳияти маврӯъ фаҳмонида шуда, роҳҳои бартарафкунии он шарҳ дода шуд. Ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот аз ҷониби Ҷаббор Ибрагимов, корманди идоракунии сифати таҳсилот маслиҳатҳои муфид пешниҳод гардид.
Хотиррасон менамоем, ки бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсилот иштироки кормандони идоракунии сифати таҳсилоти донишгоҳ дар дарсҳои кушод мунтазам ба роҳ монда шуда, дар ин самт тадбирҳои судманд амалӣ мешавад. Инчунин, дар қисмати охири дарс саволу пурсишҳо сурат гирифт.