Дарси намунавии Усмон Маҷидзода, омӯзгори факултети педагогика ва варзиш дар мавзӯъи “Таърихи пайдоиши гимнастика” дар гурӯҳи 307 ихтисоси тарбияи ҷисмонӣ баргузор гардид.

Дарс дар сатҳи баланди омодагии педегогӣ доир шуд. Донишҷӯён аз худ мустақилияти комил нишон дода, доир ба таърихи пайдоиши гимнастика, машқҳои гуногуни гимнастики барои мустаҳкам ва обу тоб додани бадан ба таври васеъ ибрози андеша намуданд.
Дар дарси намунавӣ омӯзгорони факултети педагогика ва варзиш иштирок ва дар поёни дарс андешаронӣ намуданд.
Сорбони Саидамир