Дар кафедраи андоз ва андозбанди маҳфили илмӣ “Низоми андоз” дар мавзӯи “Тарзи ҳисоб ва пардохт намудани андози аксизи ба бучет” барпо гардид, ки дар он З. Асроров, мудири кафедра, омӯзгорон ва аъзоёни маъҳил иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар маҳфили мазкур Зуҳуриддин Турсунов, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси андоз ва андозбандӣ дар мавзӯи “ТАРЗИ ҲИСОБ ВА ПАРДОХТ НАМУДАНИ АНДОЗИ АКСИЗҲО БА БУҶЕТ” баромад намуда зикр кард, ки Аксиз аз калимаи фаронсавӣ Accise ва аз лотини accido гирифта шуда, маънояш “бурида” мегирам мебошад. Андози ғайримустақим буда ҳангоми истеҳсолоти молҳои зераксизӣ ва ворид кардани молҳои зераксизӣ (воридот) аз сарҳад ситонида мешавад.
Дар идомаи суханронӣ дар маҳфил қайд кард, ки дар мавриди молҳои зераксизие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби ашёи хом истеҳсол мешаванд, супорандаи аксизҳо молистеҳсолкунандае мебошад, ки ӯҳдадор аст ба фармоишгар молҳои зераксизии аз ашёи хоми он истеҳсолкардаашро (маҳсулоти тайёрро) бо нархи фурӯше, ки мутобиқи Кодекси андоз аксизро дар бар мегирад.
Гуфта шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси талаботи моддаи 210 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯи молҳои зераксизии ватанӣ ва воридотиро, ки бояд тамғаҳои аксизӣ гузошта шаванд, муқаррар менамояд. Фурӯши чунин молҳои зераксизӣ бе тамғаҳои аксизӣ манъ аст. Мақомоти андоз ҳуқуқ доранд чунин молҳои зераксизиро, ки бе тамғаҳои аксизӣ ба фурӯш бароварда шудаанд, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мусодира намоянд.
Дар охир миёни дониҷӯён мубоҳисаи илмӣ сурат гирифта бо мисолҳои саҳеҳ посухи дурӯст гирифтанд.

БАХТОВАР ФАЙЗУЛЛОЕВ,

роҳбари маҳфил