Имрӯз дар Маркази илмӣ – таҳқиқотии “Мавлоношиносӣ”-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав вохӯрии донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик бо мавлоношиносон доир гардид.

Нахуст, Раҷабалӣ Худоёрзода, директори Маркази илмӣ – таҳқиқотии “Мавлоношиносӣ” баромад намуда меҳмононро шинос намуда барномаи ҷорабиниро пешниҳоди иштирокдорон гардонид.
Абдулҳай Комилӣ, доктори Институти илмӣ-таҳқиқотии таърихи илмҳои табиатшиносӣ ва техникии донишгоҳ дар мавзӯи “Шаҷаранома”-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ” суханронӣ кард.
Дар ин баробар Озодахон Раҳматова, омӯзгори кафедари забон ва адабиёти тоҷики колеҷи омӯзгории донишгоҳ дар мавзӯи “Мавқеи панду андарз дар рубоёти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ маърӯза намуд.
Сипас, қироати шеърҳо аз эҷодиёти Мавлоно дар иҷрои аъзоёни маҳфили “Мавлонохонӣ”-и назди маркази илмӣ-таҳқиқотӣ иҷро гардид.