Солҳои 2020-2040 дар кишвар «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф «эълон карда шудааст. Ҷиҳати тадбиқи ин барнома дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти лозимӣ аз рӯи самт ва тахассус фаъолият менамоянд.

Дар факултети физикаи донишгоҳ ду кафедра дар назди худ озмоишгоҳҳои таълимӣ доранд, ки барои дарсҳои амалии озмоишӣ мавриди истифода қарор мегиранд. Аз ҷумла, дар назди кафедраи методикаи таълими физика мудираш дотсент Гулаев И., 2 – озмоишгоҳ амал мекунад, ки яке озмоишгоҳи методикаи таълими физика ва намоишдиҳии асбобҳои физикӣ буда, дигаре озмоишгоҳи методикаи таълими астрономия мебошад.
Тибқи маълумот дар нимсолаи якуми соли таҳсили 2021-2022 дар озмоишгоҳи методикаи таълими физика ва намоишдиҳии асбобҳои физикӣ 13 – кори озмоишӣ ва намоишдиҳӣ мавҷуд аст, ки аз онҳо 10 кор пурра ва 3 кор қисман иҷро мешаванд.
Корҳои озмоишӣ дар ин озмоишгоҳ аз фанҳои физикаи амалӣ, методикаи таълими физика, методика ва техникаи намоиши таҷрибаҳо, фанни интихобӣ ва асосҳои физикаи мактабӣ аз ҷониби омӯзгорон гузаронида мешаванд. Дар он мавзӯъҳои гуногун аз ҷумла, таъсири мутақобилаи ҷисмҳо, ҳодисаҳои рӯшноӣ, асосҳои назарияи молекулӣ-кинетикӣ, асосҳои динамика, фишори моеъ ва газҳо, ҷараёни электрикии доимӣ ва ғайра тавассути асбобҳои айёнӣ баррасӣ мегарданд.
Дар озмоишгоҳи методикаи таълими астрономия бошад, нақшаи баргузории корҳои озмоишӣ мавҷуд буда, омӯзгорон бо донишҷӯён аз рӯи мавзӯъҳои мушоҳидаи осмони ситоразор беасбоби астрономӣ, кураи осмон ва системаи координатаҳои астрономӣ, харитаи чархзанандаи осмони ситоразор, ҳаракати дидашавандаи ситораҳо ва арзҳои гуногуни географӣ, офтоб ва ҳаракати солонаи он аз рӯи эклиптика, ҳисобкунии вақт, секунҷаи сферикии праллактикӣ, тулӯъ ва ғуруби ҷирмҳо, ҳаракати сайёраҳо, қонунҳои Кеплер, табиати физикии Моҳ, мушоҳидаи Офтоб ва ғайра дарс мегузаранд. Маълум гардид, ки таҷҳизотҳои корҳои озмоишӣ ва намоишии зикргардида аз тарафи омӯзгорони кафедра мунтазам дар машғулиятҳо истифода бурда мешаванд.
Баргузории дарси омӯзгори кафедраи методикаи таълими физика Шамсулло Асадуллоевро дар озмоишгоҳи методикаи таълими физика ва намоишдиҳии асбобҳои физикӣ бо курсҳои дуюми ихтисоси физика фаъолияти илмӣ –педагогӣ мушоҳида намудем. Омӯзгор кори озмоиширо дар мавзӯи «Васл кардани занҷири электрикӣ ва чен кардани қувваи ҷараён дар қитъаҳои гуногуни он» бо донишҷӯён тариқи амалӣ баргузор намуд. Донишҷӯён бо риояи қоидаҳои бехатарии техникӣ гирди ҳам омада, аз машғулияти омӯзгор бо шавқи беандоза дидан намуданд.
Ҳамин тариқ метавон гуфт, ки корҳои омӯзишӣ ва намоиш додани таҷҳизотҳо вобаста ба мавзӯи дарс сатҳи дониш, маҳорат ва малакаи амалии донишҷӯёнро баланд бардошта, шавқу завқи онҳоро нисбат ба фанҳои дақиқ бештар мегардонад.
«Фурӯғ»
Возможно, это изображение (текст «P=21+2w солхои 2020-2040 <бистсолаи омузиш ва рушди фанхои табиатшиносй, дакик ва риёзй дар сохаи илму маориф"> эмомалй рахмон»)