Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар фаъолияти беш аз чилсолаи худ ҳазорҳо нафар мутахассисонро омода намуда, барои фаъолият дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ сафарбар намудааст.

Воқеан, дониш василаест, ки барои камолоти зиндагӣ инсонро раҳнамо ва ҳидоятгар аст. Солҳои охир мафкураи насли ҷавони мо рушд намудаистода имрӯзҳо дар ҷомеа ба пуррагӣ мавқеи намоёни худро пайдо намудаанд. Ин ҳам аз заминаи устувори таҳсил дар зинаҳои таҳсилоти олӣ маҳсуб меёбад.
Мутобиқ ба иттилои сардори шуъбаи кадрҳо Шукурзод Ҷ.А., солҳои охир ДДБ ба номи Носири Хусрав барои баланд бардоштани сатҳу сифати дониш кори таълиму тарбияро самаранок истифода намуда, баҳри омодасозии мутахассисони соҳавӣ ҷидду ҷаҳд намуда истодааст. Дар соли таҳсили 2020-2021 донишгоҳро бо шумораи умумӣ 4846 нафар дар ихтисосҳои гуногун хатм намуда, 23 нафар ба гирифтани дипломи аъло мушарраф шуданд.
Ёдовар мегардем, ки соли таҳсили 2019- 2020 8 нафар донишҷӯ донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуда буд, имсол бошад, теъдоди хамткунандагони фаъол ду маротиба бештар гаштааст.
Ҳамзамон дар донишгоҳ шумораи докторантон ва унвонҷӯён низ афзуда истода, онҳо барои такмили дониш ва пайравӣ аз устодон ҳамарӯза талош менамоянд.
ОЗОДАИ Р., «Фурӯғ»
Нет описания фото.