Мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат ҷонибдорӣ намуда, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои муайяншуда саъю талош менамоянд. Сол то сол вазъи некуаҳволии зиндагии сокинон беҳтар шуда, дар ҳудуди кишварамон корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъати баландро касб кардааст.

Ҳамаи мо хуб огоҳ ҳастем, ки дар сафарҳои кории Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ ба тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар даҳҳо иншооти таиноташон гуногун сохтаву мавриди истифода қарор гирифтанд, ки ин ҳама баҳри зиндагии шоистаи шаҳрвандони мамлакат равона шудааст. Бо вуҷуди ин ҳама пешравиҳо ва пойдории сулҳу суботи сартосарӣ, ҳанӯз нафароне низ ёфт мешаванд, ки ин ободиву пешрафти кишварамонро дида наметавонанд. Онҳо мехоҳанд бо роҳу василаҳои гуногун ба рушду пешрафти кишварамон таъсири манфӣ расонанд.
Дар заминаи “Сиёсати дарҳои кушод” имрӯз ҳамкориҳои бисёрҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо беш аз 190 давлату кишварҳои ҷаҳон дар сатҳи зарӯрӣ қарор дорад. Мизбони баргузории конфронсу нишастҳои Созмони ҳамкории Шанхай будани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавқеи арзишманд доштани кишварамон дар арсаи байналмилалӣ дарак медиҳад. Дар доираи ҳамкориҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлати Подшоҳии Белгия сафари корӣ намуданд. Дар ин сафар ҷиҳати тақвияту таҳкими робитаҳо созишномаву қарордодҳои гуногунсамт миёни ҳар ду кишвар низ баста шуданд.
Мутассифона як гурӯҳ афроди сиёҳтинат, ҷавонони ноогоҳро барои эътироз бар зидди сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Брюссел ҷалб намуданд, ки ин ҳолат шаҳрвандони худшиносу худогоҳ ва ватандӯсту сулҳҷӯро ба риққат овард. Чаро имрӯз ин гурӯҳ то ин ҳад курдиланд, ки ин ҳама пешравӣ ва нуфузи давлатамонро дар арсаи байналмилалӣ дида наметавонанд. Бояд онҳо донанд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба фаъолияти сиёсиву роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд додаанд. Ин гуна эътирозҳо ҳеҷ гоҳе нуфузи сарвари давлат ва кишварамонро паст намекунад.
Аз ҳар вақта дида, халқи мамлакат ин найрангу бозиҳои гурӯҳҳои манфиатҷӯро дарк намуда, дар ин самт барои дуруст маърифат кардани чунин амалу рафтори онҳо вокунишҳо нишон дода истодаанд.
Возможно, это изображение (текст)