Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. (Модаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Мафҳуми Ватан ва ватандӯстӣ барои ҳар як миллату қавмҳо хеле азиз буда, мазмуни хеле амиқ доранд. Ватан сарнавишту қисмати ҳар як инсон аст. Вақте мо калимаи Ватанро ба забон меорем, Модар пеши назар меояд зеро агар модар моро ба дунёи ҳасти оварда бошад. Ватан ба сарамон дасти навозишкорона гузошта, барои идомаи зиндагӣ оғуш кушодааст. Ватан ифтихор, шаъну шараф ва сарвати бебаҳост.
Ватан дар баробари модар муқаддасоти воло буда, дар сарнавишти инсон нақши ҳалкунанда дорад. Вақте мо дар бораи ватандӯстӣ сухан мегӯем, пеш аз ҳама муҳофизати Ватан пеши назар меояд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маврид қайд намудааст: «Барои насли наврас яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳаминҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омухта, муқадастарин арзиши ҳаёт – дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд!».
Ин гувоҳи он аст, ки шароити хуби хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ теъдоди зиёди ҷавононро бо хоҳиши худ ба ҳимояи марзу буми Ватан ҷалб месозад. Ҳамзамон, дар шаҳру ноҳияи кишвар корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва омодагии ҳарбии ҷавонон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Гузашта аз ин, омилҳои вусъатбахши худшиносӣ ва меҳанпарастии ҷавонон дар ростои сиёсати кунунии Давлату Ҳукумат кор дода истодаанд. Бовар дорем, ки ҳисси баланди масъулиятшиносӣ нисбат ба ҳифзу ҳимояи марзу буми Ватанро ҷавонон аз вазифаҳои муҳими худ дониста, баъд аз гирифтани даъватнома барои хизмат сари вақт ҳозир мешаванд.
Воқеан хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ боиси ифтихору сарбаландист.
Аз ин рӯ, имрӯз донишҷӯи соли 4-уми факултети математика-информатика Ҳакимов Давлатбек Маҳмадюнусович, бо аризаи ба қабулгоҳи ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав ҳозир шуд. Дар аризаи худ, ки ба дасти мо расид навиштааст “Дар баробари аризаи навиштаи худам аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки маро аз сафи донишҷӯён бинобар сабаби бо хоҳиши худам ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар шуданам ба руйхати донишҷӯёни (академӣ) гузаронед”.
Барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт, дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд.

Дар акс донишҷӯи соли 4-уми факултети математика-информатика Ҳакимов Давлатбек Маҳмадюнусович мебошад.

Возможно, это изображение (1 человек и в помещении)