Вохӯрии Фариддун Ҳусейнзода, муовини раиси филиали ИҶТ дар вилояти Хатлон ва Эмомалӣ Набизода, раиси созмони кор бо ҷавонони донишгоҳ бо донишҷӯёни факултетҳои фиологияи тоҷик ва химия – биология баргузор гардид.

Дар асоси нақша – чорабиниҳои муштараки созмони кор бо ҷавонони ДББ ба номи Носири Хусрав ва филиали Иттфоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар факултетҳои донишгоҳ силсила чорабиниҳои сиёсӣ, суҳбату муоқотҳоро ба роҳ мондааст.
Ҳадаф аз ин суҳбат-вохӯриҳо вобаста ба даҳ самти афзалтиятноки татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани рӯҳияи худогоҳию хештаншиносӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва фаъолона ширкат варзидан дар чорабиниҳои ҷашнӣ, ба муносибати 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби дастовардҳои Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ, инчунин пешгирии омилҳои номатлуб дар байни ҷавонон баргӯзор карда мешавад.