Аз ҳамин соли таҳсил дар ДДБ ба номи Н. Хусрав ба ҳайси омӯзгор – ҳамкор фаъолият карда истодаам. Шароитҳо дар ин ҷо дар қиёс ба солҳои донишҷӯии мо (солҳои 1997-2002, дар ҳамин муассиса) хеле беҳтар шудааст.

Ҳар як аудитория проектор ва тахтаи электронӣ дорад, ки бо истифода аз онҳо дарсҳоро метавон ҷолибтар кард. Аммо тавре маълум аст, назария бидуни амалия ҳаргиз манфиати дилхоҳ бор нахоҳад овард. Бо назардошти ҳамин нукта камина баъд аз нисфирӯзии 15-уми октябри соли 2021 ҳамроҳи шогирдон дар доираи таълими фанни методикаи корҳои тарбиявӣ ва коррексионӣ барои шиносоӣ бо шароит ва тарзи таълиму тарбияи хонандагони дорои нуқсҳои биноӣ, шунавоӣ ва нутқ аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5-и шаҳри Бохтар дидан кардем.
Воқеан, дар анҷоми ин амри хайр ба мо сарвари муассиса Мирзоҳомид Юнусов мусоидат кард, ки мо аз ӯ бисёр сипосгузорем.
Се синфхонае, ки дар мактаби мазкур барои ин гурӯҳи кӯдакон ихтисос дода шудааст, бо дастгирии давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ бо аёниятҳои имрӯзии таълим ва фанновариҳои махсус сохташудаи муосир, амсоли компютер барои нобиноён, планшет, планшети хурд ва ҳоказо ҷиҳозонида шудаанд. Ҳамзамон, барои ҳолатҳои эҳтимолӣ аробачаҳои маъюбӣ ва баҳри барқарорсозии имкониятҳои бештари ҷисм василаҳои машқу тамрин муҳайёст.
Донишҷӯён сараввал аз таҷрибаи педагогии Флюра Ҷӯраева, ки 24 сол боз кӯдакони ғайримуқаррариро бо усулҳои зиёд таҷрибакардааш тадрис медиҳад ва ҳоло се синф дорад: аз 1 то 9, баҳра гирифтанд.
“Дарси ман, – мегӯяд ин омӯзгор, – тибқи усули се дар як сурат мегирад. Яъне ҳарчанд ин кӯдакон кару гунг ҳастанд, аммо мо маҷбурем, ки талаффуз кунем, маҷбурем, ки сухан гӯем. Ба ҷуз ин ки мо ҳар як ҳарфро бо ёрии лабу рӯй ва садоҳои махсус баён мекунем, боз ҳар як суханамонро ба забони имову ишора ва бо ёрии ангуштон изҳор мекунем. Ман аз инкишофи нутқ, талаффуз низ дарс медиҳам, ки дар ҷараёни он ба ҳар як ҳарф, ба ҳар як садо, ба ҳар як ишораи лабу рӯй ва ангуштон, ба ҳаракатҳои забон, ба лаппиши овоз таваҷҷуҳ мекунам. Баъзе аз кӯдакон ин ҳамаро зуд аз худ мекунанд, бархеи дигар – дертар”.
Сипас, ҷараёни дарси омӯзгор Муниса Гуловаро мушоҳида карда, ҳамрадиф бо ӯ ҳамсуҳбат шудем.
“Ҳар як омӯзгор тарзу усули дарсгузарӣ дорад, – зикр мекунад Муниса Гулова, ки дар ин лаҳза яке аз шогирдонашро хондани ҳарфҳои брайлиро омӯзонида истодааст. – Вақте ки мо ба онҳо дарс мегузарем, бо таҳаммул машқҳоро мефаҳмонем. Онҳо ҳам китоби Алифбо доранд, ки фақат ҳарфҳояшон дигар аст. Ҳамон ҳарфҳоро мефаҳмонем. Масалан, як нуқтае, ки дар боло мемонем, ҳарфи “А” мешавад. Агар дар поёнаш як нуқтаи дигар илова кунем, “Б” мешавад”.
Камина дар аввали матн назарияро ба амалия беҳуда қиёс накарда будам. Ба як ибора: “Шунидан кай бувад монанди дидан?”. Ин аст, ки ба иқрори донишҷӯён, онҳо барои бори аввал вориди ин гуна синфхонаҳои махсус шуда, аз мушоҳидаи он ҳама шароити некӯи таҳсил ва методологияи шоёни таҳсини муаллимаҳо Флюра Ҷӯраева ва Муниса Гулова бисёр ба ваҷд омаданд. Ҳатто чанд нафари онҳо зикр карданд, ки баъд аз хатми донишгоҳ ҳатман омӯзгории чунин гурӯҳи кӯдаконро пеша хоҳанд кард. Воқеан, нарасидани омӯзгорон барои кӯдакони ғайримуқаррарӣ на фақат барои вилояти Хатлон, балки барои тамоми ҷумҳурӣ ҳоло мушкили рақами як аст.
Зокир Ҳасан,
омӯзгор-ҳамкори ДДБ ба номи Носири Хусрав